Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи рейдҳои БДА зидди донишҷӯёни "мошинсавор"


Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз қонунвайронкунии 300 донишҷӯи “саркаш” хабар дод.

Ба қавли мақомот, ин донишҷуён муқаррароти таҳсил дар мактабҳои оливу касбиро вайрон карда, савори мошин ба дарс омаданд.

Наргисой Тӯйчиева, сардори шӯъбаи тарғиботу ташвиқоти раёсати БДА ВКД -и Тоҷикистон, чаҳоршанбеи 17 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қонуншикании ин теъдод донишҷуён дар пайи амалиёти ходимони полиси роҳ ё БДА дар 11моҳи соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанду Кӯлоб ва нуқоти дигари кишвар сабт шудааст. Ба гуфтаи ӯ, зиёдтар аз ҳама донишҷуёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муқаррароти таҳсил дар донишгоҳро вайрон кардаанд.

Хонуми Тӯйчиева афзуд: “Дар пайи баргузории рейдҳо қонуншикании 80 донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 25 нафар аз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, 4 нафар аз Донишгоҳи омузгорӣ,14 донишҷӯ аз Донишгоҳи техникӣ, 22 нафар аз Донишгоҳи технологӣ, 10 нафар аз Донишгоҳи аграрӣ, 28 донишҷуи Донишгоҳи давлатии тиҷорат, 9 донишҷуи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, 3 нафар аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, 3 донишҷӯи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, 4 донишҷӯи Донишкадаи иқтисодӣ, 24 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонттепа, 14 донишҷуи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров ва 5 донишҷӯи омӯзишгоҳҳои тиббии шаҳри Душанбе, минтақаи Рашт, Ёвон ва 1 донишҷуи омӯзишгоҳи техникии пойтахт барои риоя накардани муқаррароти таҳсил дар муассисаҳои оливу касбӣ ошкор карда шуданд”.

Дар бахши “қонунвайронкуниҳо” хонуми Тӯйчиева афзуд, ин донишҷӯён, бо автомашинаи шахсӣ ба дарс омада, ҳамчунин аз камарбанди бехатарӣ истифода накардаанд.

Ҳамчунин ин ҳамсӯҳбати мо, дуруст риоя накардани идораи нақлиёт ва қоидаҳои ҳаракати роҳ,беҳуҷҷати ронандагӣ,истифодаи мошинҳои сиёҳшиша, нагузаштан аз муоинаи техникӣ ва ҳолатҳои истифодаи телефонҳои мобилиро сабабҳои аслии конуншикании донишҷуён унвон кард.

Аммо аксари онҳое, ки бо мошин ба дарс мераванд, мегӯянд ин худнишондиҳии донишҷӯён нест. Диловар, як донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки борҳо дар амалиёти кормандони БДА ба даст афтодааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бештари нафароне ки бо мошинҳои шахсӣ ба дарс меоянд, аз рӯи зарурат, ин корро анҷом медиҳанд, “масалан ман аз шаҳри Қурғонтеппа ба дарс меоям, дар Душанбе ҷои хоб надорам, барои ҳамин ҳар рӯз бо мошин меояму меравам ва бо ин роҳ кам - кам мусофиркашонӣ ҳам мекунам, то маблағе ба даст биёрам”.

Мақомот мегӯянд, амалиёт алайҳи “донишҷӯёни мошинсавор” агар аз як ҷониб, риояи муқаррароти таҳсил дар мактаби олӣ бошад, аз сӯи дигар барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҷилавгирӣ аз садамаҳо, ки бо айби ҷавонон, ба хусус донишҷӯёни мошинсавор рух медиҳад, роҳандозӣ мешавад. Ин аст, ки ба гуфтаи мақомот, онҳо баробари ошкор кардани қонунвайронкунии донишҷуён, рӯйхати донишҷуёни саркашро ба вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои чораандешӣ ирсол мекунанд.

Маҳмуд Шоев, як масъули раёсати мактабҳои олии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ин ниҳод як гурӯҳи махсусро барои тафтиши донишҷӯёни муассисаҳои оливу касбӣ таъсис дода, дар якҷоягӣ бо кормандони ВКД, ба хусус БДА, мунтазам рейдҳо мегузаронад, то риояи дастурамали тавсиявӣ барои донишҷуёнро назорат кунад. Ҷаноби Шоев афзуд: “бо мошин ва телефонҳои ҳамроҳ ба дарс омадан, риояи дастурамалӣ сару либоси донишҷуён омадагии омӯзгорон ба дарс ва давомоти донишҷуён санҷида мешавад. Дар ҳолати ошкор шудани камбудиҳо ба маъмурияти муассисаҳои оливу касбӣ дастур дода медода мешавад. Ва раёсати донишгоҳҳо метавонанд барои қонунвайронкунии донишҷӯёни саркаш дар асоси низомномаи дохили донишгоҳ нисбати онҳо чораҳои муҷозотӣ татбиқ кунанд”.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди мақомот, теъдоди донишҷӯёни мошинсавор дар нисбати панҷ соли пеш афзудааст, ки онҳо бо мошинҳои шахсӣ ба донишгоҳҳо меоянд, ки тибқи Қонуни масъулияти падару модар, манъ аст. Ин амри қонун чанд сол қабл бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон қабул шуда буд.

XS
SM
MD
LG