Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумат иҷозат дод: Касе хост, дар хонааш шароб тайёр кунад


Тоҷикистон шаробкашӣ ва майпазиро барои шаҳрвандон иҷоза дод. Аммо шаҳрвандон ҳақ надоранд, онро ба фурӯш гузоранд, балки бояд танҳо барои худ масраф кунанд.

Тамоми адабиёти классикии мо дар мадҳи майу шароб аст. Агар ба зиндагиномаи Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар классиконамон назар кунем, онҳо дар базму меҳмониҳо май менӯшиданд.

Тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот” рӯзи 2-юми октябр дар ҳузури вакилони порлумон муаррифӣ шуд. Тибқи ин лоиҳа, ҳамагуна фурӯшгоҳҳо дар Тоҷикистон танҳо баробари ба даст овардани муҷаввизи вижа ҳақ доранд, ки ба фурӯши машрубот машғул шаванд.

  • Банди дигари лоиҳаи ин қонун фурӯши ҳама гуна машруботро дар дохил ва наздики муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳо манъ мекунад.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии ин тарҳ дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи 2-юми октбяр гуфт, “моддаи 2, прим. 1 доираи амали қонуни мазкурро барои шахсоне, ки машруботро на барои фурӯш истеҳсол кардаанд ваё шахсони ҳуқуқие, ки спирти этилиро дар ҷараёни тайёр кардани маҳсулоти ғайримашруботӣ истифода мебаранд, татбиқ намегардад”.

Рустами Шоҳмурод
Рустами Шоҳмурод

Ба ибораи дигар, минбаъд таҳияи ҳама гуна машрубот барои истифодаи худӣ ба шаҳрвандон иҷоза дода мешавад. Вакилони порлумон тарҳи тайиру иловаҳои мазкурро ҷонибдорӣ карданд. Зимнан дар Тоҷикистон шаробкашӣ барои бархе аз афрод шуғли дӯстдошта аст ва аксар аз анвои гуногуни ангур барои худ ва пайвандон май ва ё шароб мепазанд.

Бодаҳо холист, холӣ... Вазъи хароби корхонаҳои шаробкашӣ

Дар робита бо қабул шудани тағйироти тоза ба қонуни машруботи Тоҷикистон суҳбате доштем бо Олим Камолов, рассоми шинохати тоҷик, ки майпазӣ яке аз шуғлҳои дӯстдоштааш аст. Аз ӯ пурсидем, ки маъмулан аз чӣ май омода мекунад?

Олим Камолов: “Шахсан аз ангури сиёҳи назди хонаамон май ваё дақиқтараш винои хушк тайёр мекунам. Ангурро гирифта, маҷақ мекунаму дар зарфи сирноки калон 6 рӯз нигоҳ медорам. Дар ин муддат чанд бор мекобам, то рангаш барояд. Баъдан афшураи онро полида, дар зарфи шишагӣ мегирам. Даҳони зарфи шишагиро бо дастпӯши резинии тиббӣ мепӯшонам ва як гӯшаашро каме сӯрох карда, зери офтоб мемонам. Пас аз онки гази афшура пурра холӣ шуд, зарфро гирифта дар анбор мемонам. Баъди ним сол онро мешавад нӯшид. Ман ҳангоми меҳмондорӣ ва омадани дӯстон ба хонаам ба меҳмонон ин майи омодакардаамро пешкаш мекунам. Касе майл кунад, менӯшад. Ман тақрибан 15 сол мешавад, ки май омода мекунам.”

Олим Камолов
Олим Камолов

Радиои Озодӣ: Агар ба солҳои пеш қиёс кунем, шумораи меҳмонони майнӯш ҳоло зиёд аст, ё кам?

Олим Камолов: “Ҳозир менӯшидагиҳо кам шудаанд. Намозхонҳо бисёранд, маю дигар машруботро менӯшидагиҳо каманд. Намозхон, ки шудед аз май мемонед. Одат дорам, вақте ба хона меҳмон меояд, як ҷуръа аз майи худам пешкаш кунам. Мехостагиҳо менӯшанд. Меҳмононе, ки аз хориҷа меоянд, менӯшанд. Майҳои пӯхтаи маро хеле меписанданд. Агар меҳмонӣ ҳам равам, майи омодакардаи дӯстонамро мечашам. Чунки таъми май вобаста ба навъи ангур хеле фарқ мекунад. Масалан, майи ангури тоифӣ сафед асту таъмаш ширин. Аз ангури сурх баръакс таъмаш каме тумчӣ дорад.”

Радиои Озодӣ: Шумо тағйироти охире, ки ба қонун илова шуд, чӣ гуна пазируфтед?

Дар аксар фурӯшгоҳҳои мо, дар супермаркетҳо тамоми анвои машрубот ҳаст. Нархаш низ дастрас. Одаме, ки мехоҳад, мехарад ва менӯшад. Аммо дар ҷомеаи мо майзадагӣ нест. Бинобар ин, бо иҷоза шудани майпазӣ чизе тағйир намеёбад

Олим Камолов: “Ин чизи бисёр хуб аст. Мо боғҳои зиёди ангур дорем. Қариб ҳар тоҷик дар назди хонааш ангур дорад ва қисми зиёди он исроф мешавад. Чун иҷозат шуд, мардум метавонад майпазӣ кунад. Одамони завқманд боз ҳар хел таҷриба мекунанд. Навъҳои нави майро метавонанд кашф кунад. Тоҷикон таърихан аз ангур май омода мекарданд. Май, шароб, мусаллас таҳия мекарданд. Тамоми адабиёти классикии мо дар мадҳи майу шароб аст. Агар ба зиндагиномаи Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар классиконамон назар кунем, онҳо дар базму меҳмониҳо май менӯшиданд. Ашрофзодагон худашон май омода мекарданд. Аммо бо авҷ гирифтани таъсири дин ин анъана ва таҷрибаҳои зебои мо торафт аз байн рафтанд. Масалан, ҳоло кам касоне ҳастанд, мусаллас омода карда метавонанд. Худи ман ҳоло ретсепти таҳияи мусалласро омӯхтаниям.”

Радиои Озодӣ: Ба назаратон оё иҷоза додани шаробкашӣ барои афроди алоҳида боис ба сӯистифода аз ин қонун ва майзадагии одамон намешавад?

Олим Камолов: “Фикр намекунам. Чунки, бубинед, дар аксар фурӯшгоҳҳои мо, дар супермаркетҳо тамоми анвои машрубот ҳаст. Чандин навъи арақ, коняк, вино ҳаст. Нархаш низ дастрас аст. Одами мехостагӣ мехараду менӯшад. Аммо майзадагӣ нест. Бинобар ин, майпазӣ низ, ки иҷозат дода шуд, чизе тағйир намеёбад. Баръакс, одамони шавқманд худашон май мепазанд, ки зимнан аз арақ дида, ба маротиб фоидаовар аст барои саломатии инсон. Одам бо нӯшидани он маст намешавад, дараҷааш (градус) ҳам баланд нест.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG