Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони як деҳаи Қирғизистон ҳамаи машруботро нобуд карданд


Cокинони рустои Эмгекчили ноҳияи Норини Қирғизистон арақу виски ва дигар анвои шаробро маҳв карданд. Ин мардум мехоҳанд, аз ҳамин роҳ пеши фурӯши нӯшокиҳои спиртиро дар мағозаҳои деҳа ва атроф бигиранд. Мардуми деҳа пули ин машруботро дода ва барои маҳв кардан ба инҷо овардаанд.

Болотбек Ҳоҷибоев, фурӯшандаи ин мағоза гуфт, "сокинон ба мағоза омаданд ва мо якҷоя маблағи машруботро ҳисоб кардем. Дар маҷмӯъ 200 ҳазор сом мешуд. Ман ба онҳо гуфтам, ки 160 ҳазор сомро диҳед ва боқимондаро ман худам ба шумо барои нобуд кардан месупорам. Дар оянда ман кӯшиш мекунам, ки машруботи спиртиро нафурӯшам."

Раҳбари созмони ҷавонони деҳа мегӯяд, баъзе аз мардум мухолифи маҳви машрубот ҳастанд, зеро ин роҳи ҷилавгирӣ аз истеъмоли шароб нест.

Ба бовари сокинони деҳ, нӯшокиҳои спиртӣ сабабгори мусибати балову бадбахтиҳо дар ноҳияву деҳа мешавад. Ба вижа модарони қирғиз тарафдори маҳви арақу май будаанд. Онҳо мегӯянд, бо айби машрубот хонаводаҳо аз ҳам ҷудо мешаванд.

Нисо Хасанохунова, яке аз бошандагони ин деҳа мегӯяд, ки арақнӯшӣ хеле ба даст ва Зарари он натанҳо ба фарзандони ӯ, балки ба дигар оилаҳо низ расидааст. "Ҳамаи мо аз ташаббускорон ва муллоҳои деҳ миннатдорем, ки фурӯши арақро манъ мекунанд."

Ташаббускори ин иқдом раҳбари созмони ҷавонони деҳа мегӯяд, бештари сокинони деҳ аз иқдоми онҳо пуштибонӣ мекунанд ва ҳатто маблағ ҳам ҷамъ меоранд. Ба гуфтаи Ҷонибек Сӯфиев, раҳбари созмони ҷавонони деҳа, онҳо се моҳи пеш корҳои тарғиботиро дар ин замина бо ҳамаи ҷавонон ва бузургсолон шурӯъ намуданд. "Дар Қуръон ҳам омадааст, ки ин ҳаром аст. Мардуми деҳ ба ҳар восита ҳамръаии худро нишон доданд. Баъзе сад сомон, баъзеҳо гӯсфанд доданд. Мо бо якдилӣ ҳадафамонро амалӣ мекунем",-гуфт Ҷонибек Сӯфиев

Раҳбари созмони ҷавонони деҳа мегӯяд, баъзе аз мардум мухолифи маҳви машрубот ҳастанд, зеро ин роҳи ҷилавгирӣ аз истеъмоли шароб нест. "Ман чунин иқдомро хуш надорам. Зеро ба ҳар ҳол соҳибкорон барои моли худ маблағ додаанд. Аз нигоҳи ман бояд пеш аз ҳама мафкураро тағйир дод. Яъне агар шахс худаш майл надошта бошад, ҳатто агар мағоза пур аз май ва арақ аст, ҳаргиз намехарад."

Дар гузашта ҳамингуна дар деҳаи Ҷапалаки вилояти Ош сокинон ҳамаи машруботи спиртиро харида, бо булдозер нобуд сохтанд. Ҳафтаи пеш имомҳои вилояти Ботканд, тамоми мағозаҳоро давр заданд ва даъват карданд, ки аз фурӯши машруботи спиртӣ даст бикашанд. Баъд аз ин муфтии Қирғизистон Мақсад ҳоҷӣ Тоқтомушев изҳор дошт, ки муфтиёт аз роҳи зӯрӣ манъ кардани фурӯши машруботи спиртиро пуштибонӣ намекунад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG