Рӯзе пештар наздикони Зубайдуллоҳи Розиқ гуфта буданд, ки ин рӯҳонии 80-сола мубталои бемории дил аст ва як ҳафта боз бемориаш шиддат гирифтааст. Вазири адлия гуфт: “Зубайдуллоҳи Розиқ ҳоло бемор нест. Пештар илтиҳоб ва шамолхурӣ дошт. Дар бемористони Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноӣ бистарӣ шуда, табобат гирифт.”
Ин дар ҳолест, ки як намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ рӯзи 7-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Зубайдуллоҳи Розиқ аз бемории дил ранҷ мекашад ва як ҳафта боз дар шифохонаи зиндони шаҳри Ваҳдат аст. Наздиконаш ҳам гуфтанд, барои табобати ӯ дору мебаранд.
Дар Тоҷикистон айни замон чандин хабарнигору адиб ва зиёиёни дигар дар зиндон нигаҳ дошта мешаванд ва ҳар чанд вақт дар бораи ба бемориҳо гирифтор шудани онҳо гузориш мерасад.
Музаффар Ашӯриён дар пайванд ба вазъи саломати мудири пешини беморхонаи “Ибни Сино” Абдухалил Холиқзода, нависанда Абдуқодири Рустам ва фаъоли ҷомаеи маданӣ Улфатхоним Мамадшоева гуфт, “ҳолате нашудааст, ки аз хадамоти тандурустӣ дур монда бошанд. Сари вақт хидмати тиббӣ расонда мешавад”.
Дар ҳоле ки вазир дар ин маврид тафсилот надод, аз сатҳи хадамоти пизишкӣ дар зиндонҳо ситоиш кард. Қаблан Омбудсмени тоҷик дар гузориши солонааш (2024) гуфта буд, ки бештар аз 450 нафар ба бемориҳои сил ва вируси норасоии масунияти бадан гирифторанд.
Мушкили дигар, ба гузориши Омбудсмен, “фавти маҳкумшудаҳо мебошад”. Тибқи омори расмӣ, дар соли 2023 дар зиндонҳои кишвар 53 нафар ҷон додаанд. Дар соли 2022 марги 61 нафар сабт шуда буд.
Мақомот сабаби асосии марги зиндониёнро “бемориҳои дилу раг ва диабету саратон медонанд”. Дар гузашта шикояту нигарониҳо аз шиканҷа ва маргу мири маҳбусон борҳо садо додааст.
То моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 13 ҳазору 500 нафар ва дар боздоштгоҳҳо зиёда аз 1300 кас сабт шудааст. Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон мавҷуд аст.