Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навбатпоии тӯлонӣ барои харидории Қуръон – дар Узбекистон


Дар шаҳри Тошканд ҳангоми фурӯши нахустин китоби Қуръон, ки дар Узбекистон нашр шудааст, навбатпоии тӯлонӣ ба вуҷуд омад. Гузоришгари бахши узбекии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар таърихи истиқлоли ин кишвар нахустин бор аст, ки мардум барои харидани китоб чунин навбат мепоянд.

Раиси ҷумҳур мехоҳад, ки ифротгароӣ ва терроризм камтар шавад. Ба назари ман, мардум аз ин иқдом ҳимоят мекунанд.

Сироҷиддини Ислом, шореҳи бахши узбекии Радиои Озодӣ, рӯзи 29-уми март гуфт, “даҳ ҳазор нусхаи Қуръонро ба фурӯш гузоштанд, ки бахши аъзами онро фурӯхтанд. Бино ба хабару видоеҳое, ки мо аз Тошканд гирифтем, навбат хеле тӯлонӣ буд. Дар баъзе ҷой тӯли навбат то ба километрҳо мерасид”.

Сокинони Узбекистон то ба ин дам аз китобҳои Қуръоне истифода мекарданд, ки дар кишварҳои арабии Халиҷи Форс нашр гаштаанд. Китоби Қуръонро дар Узбекистон нашриёти “Ҳилол” ба табъ расондааст, ки муассисаш марҳум шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф аст.

  • Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф дар поёни солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90-ум раҳбарии Идораи мусалмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистонро бар ӯҳда дошт. Вай як рӯҳонии муътадил ва тарафдори ислоҳоти демократӣ эътироф мешуд ва равияҳои тундрави исломӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои ифротиеро чун Ҳаракати исломии Узбакистон маҳкум мекард.
Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф
Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф

Раҳбарияти нашриёт ба хотири онки китоб ба дасти даллолон нарасад, эълон кард, ки ба ҳар як муштарӣ як дона хоҳад фурӯхт. Арзиши китоб 31 ҳазор сӯми узбекӣ, моудили тақрибан 4 доллар аст. Ба огаҳии нашриёти “Ҳилол”, Идораи мусулмонони Узбекистон дар умум ба нашри 50 ҳазор нусхаи китоби Қуръон иҷозат додааст.

Дар гузашта дар Узбекистон харидуфурӯши баъзе китобҳои динӣ, аз ҷумла Қуръон озод буд. Аммо нашри он дар худи Узбекистон таваҷҷуҳи сокинонро ба худ кашидааст.

Сироҷиддини Ислом, шореҳи бахши узбекии Радиои Озодӣ мегӯяд, “ин китоб бори аввал бо иҷозаи Кумитаи дин дар ҳудуди Узбекистон нашр мешавад ва чунин навбатро дар Узбекистон касе надида буд. Баъди марги Ислом Каримов дари озодиҳои динӣ ҳам боз шудааст. Шавкат Мирзиёев мехоҳад, бо равияи анъанавии динӣ ҷомеаро муттаҳид кунад. Мехоҳад, ки ифротгароӣ ва терроризм камтар шавад. Ба назари ман, мардум аз ин иқдом ҳимоят мекунанд.”

Узбекистон қаблан эълон кард, ки барнома дорад, дар канори шоҳроҳҳои бузург ва кӯчаҳои ин кишвари дорои 30 миллион аҳолӣ, силсилаи масҷидҳои хурдро ҳам бунёд кунад. Азиз Абдухолиқов, мақоми баландпояи соҳаи сайёҳӣ моҳи январи имсол инчунин гуфта буд, бо ҳадафи ҷалби сайёҳони бештар аз давлатҳои мусалмонӣ, дар оянда утоқҳои 10 дарсади меҳмонхонаҳо бо китоби Қуръон таъмин мешаванд. Абдухолиқов ҳамчунин гуфт, ки дар 30 дар сади ҳуҷраҳои меҳмонхонаҳо қибла барои намозгузорон мушаххас хоҳад буд.

Дар замони раҳбарии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов, ки зимоми давлатро дар ин кишвари мусалмоннишин аз соли 1989 то замони маргаш дар моҳи сентябри 2016 дар даст дошт, мусалмонон аз камтарин ҳуқуқи мазҳабӣ бархӯрдор буданд.

XS
SM
MD
LG