Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имоме дар Тошканд: "Мансабдорону рӯҳониён бояд соҳибкорӣ кунанд"


Як рӯҳонии узбак, ки бо изҳороти баҳсбарангезаш маъруф аст, дар пешниҳоди наве гуфт, мақомдорони давлатӣ бояд соҳиби тиҷорати хусусии худ бошанд. Шермурод Тоғай, имоми масҷиди “Тинҷлик” дар шаҳри Тошканд, гуфт, ки аз ин тариқ мешавад аз порагирии мақомдорон ҷилавгирӣ кард.

Ҳадаф аз тақсими заминҳои вақф ин аст, ки кормандони давлатӣ ва имомон ба мулки давлат таҷовуз накунанд, дасташонро ба пора дароз накунанд

Ӯ рӯзи 12-уми декабр дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт: "Ба шахсони мансабдор барои онки пора нагиранд ва мулки давлатиро надузданд, бояд дӯконҳои махсус ва ҷойҳои тиҷоратӣ тақсим карда шавад. Мардум бояд ба онҳо бо ҳавас нигаранд ва эҳтиром нишон диҳанд."

Ин суханҳои имоми масҷиде дар Тошканд баҳсҳои зиёдро миёни корбарони узбакзабони Фейсбук эҷод кард. Худи ӯ дар сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки "барои ашхоси мансабдор бояд дӯкону маконҳои тиҷоратӣ дода шавад".

Дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, дастрасии мансабдорон ба замин даромади молӣ дар канори кори давлатиашон аст. "Ин роҳи дурусти ҷилавгирӣ аз ришвахорӣ ва дуздии моликияти давлатӣ мешавад", - гуфт Шермурод Тоғай ва, инчунин, ба сарвати рӯҳониён таъкид кард.

"Пеш аз Иттиҳоди Шӯравӣ мо заминҳои вақфӣ доштем. Ба онҳое, ки дар дарбор кор мекарданд, заминҳои махсус тақсим карда мешуд. Махсусан, дар мавзеи Думбрабод, ки дар онҷо ман имоми масҷид ҳастам. Шоҳ барои котибони дарбор замин тақсим карда буд. Як мавзеи дигар Қозирабод аст. Дар онҷо низ ба қозиҳо ба ҳайси вақф замин тақсим шуда буд. Мақсад аз тақсими заминҳои вақф ин аст, ки кормандони давлатӣ ва имомон ба мулки давлат таҷовуз накунанд, дасташонро ба пора дароз накунанд. Албатта, дар ҷое, ки инсон ҳаст, нафс ҳам ҳаст", - гуфт Тоғай.

Ин пешниҳод дар ҳоле садо медиҳад, ки дар Узбакистон ба кормандони сохторҳои давлатӣ ва бахусус мақомдорон пешбурди тиҷорати хусусӣ ва ё доштани манбаи иловагии даромад қатъиян манъ аст. Коршиносон мегӯянд, мақомдори давлатӣ дар сурати доштани манбаи даромади иловагӣ ё тиҷорате метавонад аз вазифаву робитаҳои худ барои пешбурди бизнес ва афзоиши даромади хусусии худ сӯиистифода кунад.

Даъват ба қатли аъзои ДИИШ

Пешниҳоди нави Шермурод Тоғай дар ҳоле садо медиҳад, ки ӯ рӯзи 28-уми ноябр бо як изҳороти баҳсбарангези дигараш тақозо кард, барои аъзои гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ва созмони мамнӯи “Ҳизб-ут-Таҳрир” ҳукми эъдом раво дониста шавад. Ин изҳороти ӯ низ баҳси зиёд эҷод кард.

Дар ҳоле ки бархе суханҳои рӯҳонии узбакро ба баррасӣ гирифтаанд, коршиносон мегӯянд, ин ҳарфҳои ӯ наметавонад баёнгари мавқеи ҳукумат бошад. Дар Узбакистон аз замони президент Ислом Каримов, ки дар муддати 25 соли раҳбариаш бо панҷаи оҳанин назорат аз фаъолиятҳои мазҳабиро хеле шадид карда ҳазорҳо нафарро бо иттиҳоми тундгароӣ ба зиндон андохт, расман дин аз давлат ҷудо дониста мешавад. Вале дар амал масҷиду дигар муассисаҳои динӣ, ки мавқеи расмии ғайридавлатӣ доранд, зери назорати сахти Кумитаи дин ва Ҳукумати Узбакистон мебошанд.

Коршиносон мегӯянд, бо чунин лаҳн ва озодона изҳори назар кардани як рӯҳонӣ ва имоми масҷиде дар Тошканд дар замони Каримов имконнопазир буд.

Мирзиёев: Давлат ҳам гуноҳ дорад, ки ин афрод тундгаро шудаанд

Сироҷиддини Толиб, шореҳи бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев озодии нисбӣ дар фазои динӣ ҳам ҳукмфармо шуд ва рӯҳониёни мисли Тоғай аз ин чиз истифода мебаранд.

Дар як мулоқоташ бо рӯҳониёни кишвар соли ҷорӣ Шавкат Мирзиёев гуфт, аз 17 ҳазор афоде, ки дар рӯйхати сиёҳи давлат буданд ва дар ақидаву фаъолиятҳои машкуки динӣ гумонбар дониста мешуданд, 16 ҳазор нафарашон аз ин рӯйхат берун бароварда шуданд.

Дар қонуни охирини афви кишвар, ки дар остонаи таҷлили Рӯзи конститутсияи Узбакистон 7 декабр, ба қавли Шавкат Мизиёев, қарор буд дар ҳукми шумори бештари зиндониҳо сабукиҳо ҷорӣ мешуд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки аз 57 ҳазор маҳбусе, ки дар зиндонҳои Узбакистон нигаҳдорӣ мешаванд, президент омода буд 10 ҳазор нафарро афв кунад, вале танҳо 2700 нафар афв шуданд. Мақомот гуфтанд, ки сабаб дар он аст, ки аксари ифротиҳо пушаймон нашудаанд.

Дар як суханрониаш Шавкат Мирзиёев дар чунин вазъ ҷамъият ва худи давлатро муттаҳам кард, ки сиёсати нодурустро пеш гирифтанд. Вай гуфт, “давлат ҳам гуноҳ дорад, ки ин афрод тундгаро шудаанд”. Мирзиёев гуфтааст, ки мехоҳад дар ин бахш ҳам ислоҳот ҷорӣ шавад ва мардум ба ақидаву ҳаракатҳои ифротӣ майл пайдо накунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG