Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ узбакистониҳоро ба "оғӯш"-и тундравҳо мебарад?


Яке аз масоҷиди шаҳри Тошканд. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз масоҷиди шаҳри Тошканд. Акс аз бойгонӣ.

Миллионҳо шаҳрвандони Узбакистон солҳои охир зери фишори бекориву назорати шадид аз рафтор ва андешаашон ба муҳоҷират рӯ овардаанд. Садҳо нафари онҳо дар Ховари Миёна ба сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайвастанд, дигарон дар кишварҳои дигар рӯ ба фаъолиятҳои тундравона оварданд.

Як насли фаромӯшшуда

Сайфулло Саипов, гумонбари аслии анҷоми ҳамлаи рӯзи 31-уми октябр дар шаҳри Ню-Йорк, ки дар он 8 нафар ҷони худро аз даст дод, эҳтимолан дар Ғарб ифротӣ шудааст. Пулиси Амрико гуфт, ки ин марди 29-сола дастури тарзи анҷоми ҳамларо аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” гирифтааст. Саипов шаҳрвандони чоруми Узбакистон шуд, ки дар як соли охир аз хориҷа истода, амали террористӣ анҷом додааст.

Александр Князев.
Александр Князев.

Александр Князев, таҳлилгари сиёсии муқими Қазоқистон дар сӯҳбат бо хабаргузории Reuters гуфт, ки анҷоми чунин амалҳо омодагӣ мехоҳад ва ҳамлаи анҷомшуда шабеҳи онест, ки дар чанд соли охир мушоҳида мешавад.

Онҳое, ки аз таҳаввулоти Узбакистон аз наздик мушоҳида мекунанд, мегӯянд, Саипов аз намояндагони “як насли фаромӯшшуда” аст, ки як ҷумҳурии собиқи Шӯравиро ба хотири зиндагии беҳтар тарк кард, вале на аз дониши дурусти динӣ бархӯрдор буд ва на аз тарзи рафтору зиндагӣ дар Ғарб хабар дошт. Таҳлилгарон мегӯянд, ин мушкилот ва ҳам масъалаи ҳамоиш наёфтанаш бо фарҳангу ҷомеаи бегона, ӯро ба оғӯши гурӯҳҳои тундрав андохт.

"Ӯ дар Амрико ба мазҳаб таваҷҷуҳ кард"

Мирраҳмат Мӯъминов, як ронандаи мошини борбар ва фаъоли ҷомеаи узбакистониҳо дар шаҳри Стови аёлати Оҳайо дар сӯҳбати телефонӣ бо оҷонии Reuters гуфт, ки “Саипов дар як они воҳид мазҳабӣ шуд”. Вай гуфт, ки дар гузашта Саипов дар Тошканд зиндагӣ мекард. "Вай дар ИМА ба мазҳаб таваҷҷӯҳ кард."

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар давоми солҳои баъди пошхӯрии Шӯравӣ чандин ҳодисаҳо рух дод, ки дар он ифротгароҳо даст доранд.

Ба гуфтаи Мӯъминов, баъди зиндагӣ дар муҳити баставу маҳдуди Узбакистон, ӯ аз “озодиҳои мазҳабӣ дар Амрико сер шуда натавонист”. Як ҳамсояи волидони Саипов дар канораҳои Тошканд гуфт, ки Ҳабибулло Саипов, падари Сайфулло, одами мазҳабӣ ё масҷидав набуд ва аз роҳи тиҷорат дар бозори маҳаллӣ даромад ба даст меовард.

Шавкат Мирзиёев.
Шавкат Мирзиёев.

Бо ин, ки дар Узбакистон аксари сокинон пайрави дини Ислом ҳастанд, ҳукумат аз фаъолиятҳои мазҳабии мардум шадидан назорат мекунад, чун аз таҳдиди ифротгароӣ ҳарос дорад. Ин кишварро дар давоми 25 соли баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Ислом Каримов - собиқ раҳбари ҳизби коммунист бо мушти оҳанин раҳбарӣ мекард. Ҳукумат тадбирҳои шадиди ҷорикардаи режими Ислом Каримовро аз дидгоҳи нигарониҳои амниятӣ тавчеҳ мекард.

Шавкат Мирзиёев ислоҳот мехоҳад

Шавкат Мирзиёев, ки соли гузашта баъди даргузашти Каримов сари қудрат омад, аломат дод, ки дар масъалаи мазҳабу дин нармтар бархӯрд мекунад ва ислоҳоти иқтисодӣ ҳам ба роҳ мемонад. Моҳи сентябр Мирзиёев гуфт, ки 16 ҳазор нафарро аз феҳрасти сиёҳи тундравҳои эҳтимолӣ берун карда, барои ҳамоиши ин гурӯҳ бо ҷомеа ва саводнок кардани онҳо, шурӯъ мекунад.

Вале зоҳиран тадбирҳои коҳиши хатари тундгароӣ, ки аз ҷониби мақомоти имрӯзаи Узбакистон андешида мешавад, дигар наметавонад аз амалҳои Саипов ва дигарҳо пешгирӣ кунад. Бисёр шаҳрвандони Узбакистон танҳо баъди он ба Русияву Ғарб рӯ оварданд, ки бекор шуданд ва омода буданд бо даромади камтар дар ин кишварҳо кор кунанд. Ҳамин вазъ метавонист онҳоро ба ақидаҳои тундравона ҷазб кунад.

Минтақаи тағйирёбанда

Пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони for Human Rights Watch Стив Свердлов, ки ҳоло дар Тошканд қарор дорад, гуфт, тахминан 5 миллион мардуми Узбакистон ба Русия ва бисёри дигарҳо, мисли Саипов, ба Ғарб барои зиндагии беҳтар рафтаанд.

Пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони for Human Rights Watch Стив Свердлов.
Пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони for Human Rights Watch Стив Свердлов.

Вай гуфт, ҷалбшавии ин қишри мардум ба гурӯҳҳову ақидаҳои тундравона, дар берун аз Узбакистон рух медиҳад. Вай гуфт, ки дар ин кишвари поймолкунандаи ҳуқуқи инсон афроди дигарандешро шадидан саркӯб мекунанд. “Ин афрод маъмулан он нафаронеанд, ки дур аз ватан ҳастанд ва дар ҳолати канда шудан аз ҷомеаи худу шабакаҳои иҷтимоиашон, бадбахт мешаванд”.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар давоми солҳои баъди пошхӯрии Шӯравӣ, чандин ҳодисае шудааст, ки дар он ифротгароҳо даст доранд. Соли 2004 як бобмгузори маргталаб сафоратҳои ИМА ва Исроил дар Тошкандро ҳадаф қарор дод. Соли 2010 дар Ӯши Қирғизистон, ки бахше аз қаламрави водии Фарғона – як минтақаи мазҳабӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон аст, низои қавмӣ рух дод.

Як манбаи амниятӣ дар Қирғизистон гуфт, ки марде бо айни чунин ному фамилияи мисли Саипов, соли 2004 дар Ӯш зиндагӣ мекард. Сафорати ИМА дар Узбакистон гуфт, ки Саипов соли 2010 дар пайи бурдани лотереяи корти сабз ба Амрико кӯчид. Мирзиёев гуфт, ки ҳукумати ӯ тамоми талошашро барои кӯмак дар таҳқиқи ин ҳамлаи "бисёр ваҳшатнок", равона мекунад.

Ҳамлаи 4-уме, ки соли ҷорӣ аз ҷониби узбактаборон содир шудааст

Пеш аз ин ҳодиса дар нуқоти дигари ҷаҳон ҳам ҳамлаҳои пурхушунате аз ҷониби шаҳрвандони Узбакистон анҷом шудааст. Шаби соли нави 2017 дар як маркази шабонаи тафреҳӣ дар Истамбули Туркия марде 39 нафарро ба қатл расонд.

Сайфулло Соипов.
Сайфулло Соипов.

Моҳи апрел як узбактабори зодаи Қирғизистон худро дар метрои шаҳри Санкт-Петербурги Русия мунфаҷир кард ва 14 нафар кушта шуданд. Ҳамон моҳ як марди узбак дар маркази Стокҳолм бо мошини борбари худ ба сӯи издиҳоми мардум ҳаракат кард. Дар натиҷа чаҳор нафар кушта шуданд. Узбактаборҳо дар миёни аъзои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ ҳам зиёд ҳастанд. Шумори онҳо беш аз 1500 нафар гуфта мешавад, ки назар ба намояндагони кишварҳои дигари ҳамсоя бештар будааст.

Пол Стронски, муҳаққиқи калони пажӯҳишгоҳи Карнегӣ дар Вашингтон ва як узви собиқи тими Обама гуфт, дар сурати афзоиши шумори шаҳрвандони ҷӯёи кор аз Узбакистон, мизони тундгароӣ ҳам бештар мешавад. Стронски гуфт, ба хотири ин ки дар дохили Узбакистон шароит маҳдуд аст ва тундгароҳо саркӯб мешаванд, фаъолияти онҳо дар дохили кишвар аланӣ нест. “Ин масъаларо дар дохили минтақа идора кардан мумкин аст, вале дар берун аз қаламрави минтақа ба як мушкили азим табдил мешавад”.

XS
SM
MD
LG