Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳенри С. Эншер: Марги Гулмурод Ҳалимовро тасдиқ карда наметавонем. ВИДЕО


Муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон рӯзҳои 3 ва 4 феврал дар Душанбе бо мақомот ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дидору мулоқот кард.

Ба иттилои сафорати ИМА дар Душанбе, дипломати баландпоя дар ҷараёни ин сафар бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва ҳам мақомоти сохторҳои қудратии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Ҳенри С. Эншер дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ ба саволҳо дар бораи Гулмурод Ҳалимов, мушкили дарёфти визаи амрикоӣ ва масоили дигар посух дод:

Ҳадафи гурӯҳи "CA 5+1" - мусоидат дар ҳамгироии минтақа

Радиои Озодӣ: Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров моҳи январ гуфт, ки ИМА набояд аз музокирот бо вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, мавсум ба “1” сӯиистифода кунад. Лавров гуфтааст,

Ҳенри С. Эншер муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Департаменти давлатӣ мебошад. Ҳенри С. Эншер дар Бюрои Департаменти давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ фаъолият карда, маъсули сиёсати ИМА ва муносибатҳои дипломатӣ бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мебошад.

ки ин мулоқотҳо манфиатҳои Русияро нодида мегиранд. Маскав минтақаи Осиёи Марказиро ҳамчун минтақаи мавриди нуфузи худ арзёбӣ мекунад. Ба фикри шумо, то куҷо ин изҳорот метавонад ба маҳдуд кардани ҳамкориҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ сабаб шавад?

Ҳенри С. Эншер: Ҳадафи аслии мо дар Осиёи Марказӣ – мусоидат ба истиқлолият, тамомияти арзӣ ва ҳамгироии кишварҳои минтақа мебошад. Ҳадафи мо ин аст, ки бо ҳама дӯст бошем ва дар шукуфоӣ ва иртиботи миёни ин кишварҳо кӯмак кунем. Ба эътиқоди мо, пешрафти минтақае, ки дар он ҳама кишварҳо бо ҳам дар иртиботи хуб ҳастанд, ба манфиати мо мебошад. Шукуфоии кишварҳои ҷаҳон боиси муваффақияти онҳо мешавад. Мо аз машварати вазири хориҷаи Русия сипосгузорем, вале мо хоҳони равобити қавӣ бо ҳукумат ва мардуми ҳар кишвари ҷудогонаи Осиёи Марказӣ ҳастем.

Толибон - таҳдиди воқеӣ дар Афғонистон

Радиои Озодӣ: Бо заъиф шудани мавқеи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ, бархе коршиносони масоили амниятӣ пешгӯӣ мекунанд, ки ҷангиён баъди ин талош мекунанд дар хоки Афғонистон барои худ паноҳгоҳи амне эҷод кунанд. Шумо хабар доред, ки ҳазорҳо сокини Осиёи Марказӣ шурӯъ аз соли 2014 ба сафи ин гурӯҳ пайваст ва бархе манобеъ мегӯянд, ки шуморе аз онҳо тавонистанд аз Ховари Миёна ба манотиқи наздиктар ба марзи Тоҷикистон бирасанд. Оё вокуниши нирӯҳои байналмилалӣ ба талоши убури марзи Тоҷикистон кардани ҷангиён чӣ хоҳад буд?

Ҳенри С. Эншер: Пеш аз ҳама ман фикр намекунам, касе рақами дақиқро медонад. Ман рақамҳои баланде ба мисли “ҳазорҳо” ва рақамҳои хурде ба мисли “садҳо”-ро дидаам. Воқеан ман мутмаин нестам, ки чанд нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба майдонҳои ҷанг рафтаанд. Ман фикр намекунам, касе инро возеҳ бидонад. Мо аз раҳбарон ва дигар афрод аз минтақа шунидаем, ки онҳо аз бозгашти ҷангҷӯён аз майдонҳои ҷанг аз Ироқу Сурия, эҳтимоли мушкил офаридани онҳо ва анҷом додани ҳамла дар минтақа нигарон ҳастанд. Барои ҳамин мо бо ҳукуматҳо дар масъалаи муқобила бо фаъолиятҳои террористӣ ҳамкории наздик дорем. Бо ниҳодҳои амниятӣ, пулис, марзбонҳо ҳамкорӣ мекунем. Бахусус мо дар масъалаи нерӯҳои пулис ва марзбонӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории олӣ дорем.

Мақоми амрикоӣ: Марги Гулмурод Ҳалимовро тасдиқ карда наметавонем
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:09:56 0:00

Радиои Озодӣ: Баъзе аз ин афрод ба гуфтаи матбуоти дохиливу хориҷӣ дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷамъ шудаанд. Дар сурати талоши ин ҷангҷӯён барои вуруд ба хоки Тоҷикистон вокуниши нерӯҳои байналмилал чӣ гуна хоҳад буд?

Ҳенри С. Эншер: Пеш аз ҳама дар воқеъ мо арзёбиҳоямон дар бораи ба истилоҳ ДОИШи – Хуросон дар Афғонистонро тағйир медиҳем. Ба андешаи мо хатари он ҳоло нисбатан хурд аст. Барои мо комилан возеҳ аст, ки хатари азим барои Афғонистон таҳдиди Толибон аст. Толибон гурӯҳест, ки аксари ҳамлаҳоро анҷом медиҳад, онҳо ҳастанд, ки ба афғонҳои дигар зӯроварии зиёд мекунанд ва осеб мерасонанд. Айни замон мо шоҳиди ҳузури гурӯҳи Хуросони ДОИШ дар чанд ноҳияи шарқии Афғонистон шудаем. Ҳоло метавонам бигӯям, ки баъзе аз онҳо ахиран дар вилоятҳои шимолушарқии Афғонистон пайдо шудаанд. Мо аз ҳукумати шумо ва дигарон возеҳ шунидем, ки ин афрод хатар эҷод мекунанд ва ҳукумати Тоҷикистон ва дигарон албатта мехоҳанд, бо мо ҳамкорӣ кунанд. Онҳо мехоҳанд, мо талошҳоямонро бештар кунем, ки ин хатар зиёд нашавад. Мо ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва ҳукумати Афғонистонро ҳамчунон идома медиҳем, то замонат бидиҳем, ки хатари гурӯҳи ДОИШ-и Хуросон кам шавад. Коре, ки дар соли гузашта кардаем. Ман ба шумо як воқеиятро мегӯям, ки барои ман ғамангез аст. Дар воқеъ соли гузашта дар Афғонистон теъдоди сарбозони амрикоӣ, ки дар ҷанг ба зидди ДОИШ кушта шудаанд, дар муқоиса ба онҳое, ки дар ҷанг ба зидди Толибон кушта шудаанд, бештар аст. Ва ин нишон медиҳад, ки мо хатарро ҷиддӣ мегирем.

Чизи дигаре, ки мехостам бигӯям. Бархе кишварҳо, масалан, Русия ошкоро танқид мекунад ва иддао мекунад, ки гӯё мо аз вуҷуди гурӯҳи “Давлати исломӣ” пуштибонӣ мекунем, гӯё мо бо онҳо ҳамкорӣ мекунем ва гӯё ангезаҳои пинҳоние дорем, ки моро ба ҷонибдорӣ аз ин гурӯҳ водор мекунад. Ин як иштибоҳ аст. Касе набояд чунин фикр кунад. Тамоми амалҳои анҷомдодаи мо барои мубориза бо ДОИШ далели ин гуфтаҳост. Ин гапҳо ҳақиқат надорад. Мо ӯҳдадор шудаем, ки бо ин гурӯҳ мубориза барем. Вақте Русия чунин мегӯяд, ин ҳарфҳо ваҳдати байналмилалиро дар амри муқобила бо гурӯҳҳои террористии мисли ДОИШ ба ҳам мезанад.

Гулмурод куҷо шуд?

Радиои Озодӣ: ИМА ду сол пеш барои иттилоъ дар бораи будубоши Гулмурод Ҳалимов, як сарҳанги собиқи тоҷик 3 миллион доллар подош ваъда карда буд. Ҳоло дар бораи будубош ва сарнавишти ӯ чӣ иттилое дар даст доред? Русия соли 2017 иддао кард, ки ӯ дар як амалиёти бомбаборон дар Сурия кушта шуд, вале ИМА ҳеҷ гоҳ инро тасдиқ накард.

Ҳенри С. Эншер: Русҳо бисёр чиз мегӯянд. Мо ҳоло дар мавқее нестем, ки ин хабарро тасдиқ кунем.

Радиои Озодӣ: ИМА шарики калидии Осиёи Марказӣ дар муқобила бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон аст. Дар солҳои охир масоили мисли ҳуқуқи башар, озодии баён, озодии дин ва дигар озодиҳои бунёдӣ дар кишварҳои минтақа маҳдуд шудаанд. То куҷо шумо ин масоилро бо мақомоти баландпояи минтақавӣ баррасӣ мекунед?

Ҳенри С. Эншер: Риояи ҳуқуқи башар як бахши муҳими бунёди муҳити амну босубот аст. Ба эътиқоди мо, миёни масоили амният ва ҳуқуқи башар ҳеҷ ихтилофе вуҷуд надорад. Якеро бидуни дигаре тасаввур кардан мушкил аст. Бад шудани вазъи ҳуқуқи башар ба таври мустақим ба рукуди вазъи амниятӣ сабаб мешавад. Ин чизро мо дар тамоми ҷаҳон мушоҳида кардаем. Бешубҳа, мо дар мулоқот бо ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ тамоми масоили мавриди манфиати худро матраҳ мекунем. Манфиати мо дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, риояи ҳуқуқи башарро ҳам дар бар мегирад.

Бархе тоҷикони хостори визаи ИМА ба ватан барнамегарданд

Радиои Озодӣ: Саволе, ки хеле зиёд аз ҷониби хонандагони вебсайти Радиои Озодӣ садо медиҳад: чаро дарёфти раводиди ИМА дар Тоҷикистон душвор шудааст?

Ҳенри С. Эншер: Мавзӯъро агар аз нигоҳи умумӣ баррасӣ кунем, душвор мешавад. Бояд ба муқаррарот нигоҳ кард. Сабаби ин ки мо бо ҳар як аризадиҳанда ҷудогона сӯҳбат мекунем, ин аст, ки бояд дар бораи шахсияти ӯ ва ҳам андешаҳои ӯ огаҳ шавем. Мувофиқи қонунҳои мо, ҳар аризадиҳанда барои гирифтани визаи Амрико бояд ба таври рӯшан намоиш диҳад, ки дар ин сафар чӣ мекунад ва ҳам бояд шаҳодати онро пешкаш кунад, ки ба Тоҷикистон бармегардад. Мо тамоми паҳлӯҳои сафар ва бозгашти ӯро баррасӣ мекунем. Вақти сӯҳбат бо аризандиҳанда талош мекунем, ки тамоми масъалаҳоро бо назардошти маълумоти пешниҳодкардаи ӯ ва арзёбии умумии воқеият баррасӣ кунем. Шумо медонед, ки онҳо мегӯянд: “бешубҳа, ман бармегардам”. Вале онҳо барнамегарданд. Гоҳо чунин мешавад.

Радиои Озодӣ: ИМА мизони кӯмакҳояш ба созмонҳои ҷамъиятӣ, матбуоти мустақил ва дигар ташаккулҳои демократӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла барои Тоҷикистонро коҳиш дод. Дар натиҷаи ин тасмим кори созмонҳои ҷамъиятӣ, масалан дар Тоҷикистон, осеб намебинад?

Ҳенри С. Эншер: Бале, шумо дуруст гуфтед, ки буҷаи умумии мо барои барномаҳои мухталиф коҳиш ёфт. Ман ҳоло ба шумо сабабҳои ин тасмимро аз назари сиёсати дохилӣ шарҳ намедиҳам. Вале бо ин вуҷуд мо пуштибони пешрафти кори ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳастем, чунки дидгоҳи бунёдии мо ин аст, ки ҷомеаи қавии маданӣ гарави давлати қавӣ мебошад. Кишвари қавиву босубот барои мо хуб аст. Мо ҳамкориро бо созмонҳои ҷамъиятӣ идома медиҳем ва ман чанд намояндаи чунин созмонҳоро шоми дирӯз дида будам. Мо як сӯҳбати хеле муҳим ва ҷолибе доштем.

"Иртиботи ҳавоӣ бо ОМ бояд беҳтар шавад"

Радиои Озодӣ: Охирин мақоми баландпояи амрикоӣ, ки аз Тоҷикистон дидан кардааст, котиби давлатӣ Ҳилларӣ Клинтон буд, ки октябри соли 2011 ба ин кишвар сафар кард. Ин сафар барои ҷомеаи мадании Тоҷикистон хеле муҳим буд. Вале чаро дар маҷмӯъ мақомоти амрикоӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ кам сафар мекунанд?

Ҳенри С. Эншер: Охирин бор ба минтақа соли 2015 котиби давлатии Амрико Ҷон Керрӣ сафар карда буд (манзур, сафар ба Узбакистон ва Самарқанд бо ҳадафи ширкат дар музокироти “СА 5+1” – Радиои Озодӣ). Пеш аз ҳама мегӯям, ки ҳоло худи ман ин ҷо ҳастам (табассум мекунад). Дигар ин ки, бо ҷараёни рушди Осиёи Марказӣ, иртиботи кишварҳои минтақа миёни ҳамдигар тақвият меёбад. Ин ба он маъност, ки дар оянда ҳамкориҳо бештар мешавад. Вале барои мо чандон муҳим нест, ки ҳамкории миёни ҳукуматҳо бештар бошад. Агар шумо ба вазъи ҳамкориҳои ИМА ва дигар кишварҳое, ки бо онҳо робитаҳои қавӣ дорем, нигаред, мебинед, ки мардум бо ҳадафҳои кориву тиҷоратӣ, сайру саёҳат, бо ҳадафҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ сафарҳо анҷом медиҳанд. Ҳамаи ин бахшҳо ҳамкориҳои байни кишварҳоро таъмин мекунанд. Дурнамои мо ин аст, ки мардум имконияти бештари рафтуомадро дошта бошанд. Шахсан ман мехоҳам, ки базудӣ роҳҳои иртиботи ҳавоӣ миёни кишварҳои мо рушд кунанд. Ман намехоҳам, ки барои расидан то Ашқобод аввал ба Дубай парвоз кунаму баъд аз Ашқобод боз ба Дубай баргардам. Илтимос, ин масъаларо ҳал кунед...

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG