Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уйғурҳо метарсанд, ки Туркия онҳоро ба Пекин месупорад. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳомиёни ҳуқуқ ва паноҳҷӯёни уйғур дар Туркия метарсанд, ки баъд аз тасвиби як созишнома дар порлумони ин кишвар дасти мақомоти интизомии Чин то ба онҳо мерасад.

Туркия даҳсолаҳо ба паноҳҷӯёни уйғур ҳамчун шахсони ҳазабону ҳамфарҳанг ҳаққи паноҳандагӣ додааст, аз ҷумла ба онҳое, ки Чин ба терроризм муттаҳам кардааст. Азбаски порлумони Туркия созишномаи истирдод бо Чинро баррасӣ мекунад, ҳомиёни ҳуқуқ нигаронанд, ки паноҳгоҳи амни уйғурҳо зери хатар мемонад.

Шунидам, ки мақомоти Чин хоҳарамро ба урдугоҳ бурда, ду сол пеш ҷавоб додаанд. Соли 2019 дубора бо иттиҳоми ҷудоиталабӣ дастгир карданд, чун дар донишгоҳи Туркия хондааст.

Иброҳим Эркин, ҳуқуқшиноси Анҷумани Байналмилалии Ҳуқуқи Паноҳҷӯён гуфт: "Агар порлумон созишномаро тасвиб кунад, Туркия уҳдадор мешавад, новобаста аз онки ҷинояти касе собит шудааст, ё не ӯро ба Чин бисупорад."

Созишнома ҳам дар замони тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву молии Туркияву Чин ба миён омадааст. Чин таъмингари асосии Туркия бо ваксина ба зидди COVID-19 аст. Таъхир дар интиқоли ваксинаҳоро як василаи фишори Чин барои тасвиби ҳарчӣ зудтари созишномаи истирдод дар порлумони Туркия хондаанд.

"Чаҳор сол шуд, аз хоҳарам хабар надорам"

Мадина Нозимӣ ҳар рӯз бо ҳамзабонони дигараш дар назди консулгарии Чин дар Истанбул ба зидди саркӯби ин ақаллият эътироз мекунанд. Ӯ мегӯяд, "чаҳор сол аст, аз ҳоли хоҳарам ҳеч хабар нагирифтаам. Шунидам, ки мақомоти Чин ӯро ба урдугоҳ бурда, ду сол пеш ҷавоб додаанд. Баъд, соли 2019, ӯро бо иттиҳоми ҷудоиталабӣ дастгир карданд, чун дар донишгоҳи Туркия таҳсил кардааст."

Аз бими қабули созишнома яке аз раҳбарони уйғурҳо барои ҷалби ҳимояти ҷомеаи Туркия ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ овард. Сайид Тумтурк, раҳбари Анҷумани Туркистони Шарқӣ дар табъид, мегӯяд, вокунишҳо мусбат буд.

"Бародарони турки мо ба хонаҳои ҳамсояҳои уйғури худ рафта, гуфтаанд, ин қонун дар Туркия намегузарад ва мо инҷо бо Шумо ҳастем. Агар қабул кунанд, метавонанд, моро ҳамроҳи Шумо ба Чин бисупоранд. Магар аз ин ҳимояти бештар мешавад?" – гуфт ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Эҳтимоли созиши Чину Туркия уйғурҳоро нигарон кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия, ки зоҳиран аз ҳимоят аз ҷомеаи уйғурҳо огаҳ аст, гуфтааст, ки ҳеч яке аз онҳоро ба Чин намедиҳанд. Вале чунин ваъдаҳо тарси уйғӯрҳоро кам накардааст.

То кунун Туркия яке аз қавитарин ҳомиёни уйғурҳо буд, вале аксарияти онҳо ҳоло бим доранд, ки метарсанд, ки дигар ин кишвар манофеи иқтисодиашро болотар аз онҳо мегузорад.

Уйғурҳо гурӯҳи азимтарини туркзабон дар вилояти Шинҷони Чин ҳастанд. Дар ин минтақа ҳамчунин тоҷикҳо ва намояндагони қавми ҳуй ва ё дунганҳо зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG