Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар муҳокимаи муттаҳам ба қатли Ҳувайдо волидонашро ноумед кардааст. ВИДЕО


Таҷовуз ва қатли Ҳувайдо хашми мардуми зиёдеро дар Русия барангехт.

Фоҷеае, ки рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав рух дод, дар ин ду сол зиндагии оилаи Ҳувайдо Тиллозодаро ба як фоҷеа табдил додааст.

Волидони муштоқи дар курсии айбдоршаванда дидани муттаҳами қатли бераҳмонаи духтари панҷсолаашон, аз бархӯрди низоми додгоҳӣ ба қазия ноумед шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қазияи Ҳувайдо Тиллозода як намунаи дигари интихобӣ будани низоми додгустарӣ ва заъфпазиртарин қишри ҷомеа будани муҳоҷирон дар муқобили мошини додгоҳии Русияро таъкид мекунанд.

Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд. Ташхис нишон додааст, ки духтарчаро нахуст таҷовуз карда, баъдан куштаанд.

Таъхир дар муҳокимаи муттаҳам ба қатли Ҳувайдо волидонашро ноумед кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

Гумонбари аслии ҷинояти мудҳиш ҳамсояи 30-солаи оилаи муҳоҷирони тоҷик Александр Сёмин аст, ки баъди чанд моҳи боздошт дар шифохонаи бемориҳои рӯҳии шаҳри Смоленск бистарӣ шуд. Аз он замон то кунун, дар поёни ҳар шаш моҳи баъди муолиҷа кумиссиюни тиббӣ мӯҳлати табобати ӯро тамдид карда мегӯянд, ки то замони муолиҷаи пурра ин шахс барои посух додан ба саволҳои тафтишот омода нест. Сёмин бо қарори додгоҳи вилояти Маскав барои муолиҷаи вижа ҷой дода шудааст.

Шаш миллион рубл барои даст кашидан аз парванда

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода, ки мисли ду сол пеш дар ҳамон манзили иҷора дар шаҳри Серпухов зиндагӣ мекунад, пинҳон намекунад, ки “хеле хаста ва ноумед” шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамсояҳо, ки аз замони фоҷеа ғамшарики хонаводаи ӯ шудаанд, дар ҳайратанд, ки то ҳол тафтишот натавонистааст, Сёминро ба ҷавобгарӣ бикашад.

Дар муқобил, мегӯяд ӯ, наздикони гумонбар ва ҳомиёнаш ҳастанд, ки “бо ҳар роҳу васила” мехоҳанд, ӯро аз ҷавобгарӣ озод кунанд. Шунидааст, ки Сёмин хешутабори “бонуфуз” дорад ва дар талоши инанд, ки ба ҳар васила ӯро аз додгоҳу ҷавобгарии ҷиноӣ бираҳонанд. Ӯ рӯзи 21-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҷинояткор фарзанди маро куштааст. Як рӯз холааш бо як марди дигар омад, ба ман 6 миллион рубл пешниҳод карданд. Гуфтам, мо фарзандамонро барои пул намефурӯшем.”

Баъди марги духтараш Абдусалом Саидов ва ҳамсараш ду фарзанди 3 ва 4-солаашонро бузург мекунанд, ки якеаш гирифтори фалаҷи атфол аст. “Ҳамин ки парванда тамом шуду Сёмин ҷазо гирифт, ба Тоҷикистон бармегардам, намеистам ин ҷо”, гуфт ин собиқ корманди соҳаи сохтмон, ки илова бар ташвишҳои тафтишот дар шароити пандемия бекор ва қарздор мондааст.

“Пешрафти муайян” барои ҷазо додани муттаҳам

Шавкат Умаров, ки бо ёрии сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои дифоъ аз ҳуқуқи вакили хонаводаи Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода таъин шудааст, мегӯяд, умедвории онҳо барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани Сёмин торафт меафзояд ва ба бовари ӯ, муттаҳам дар ҷиноят “комилан сиҳҳат аст”. Ба гуфтаи ӯ, дар парвандаи Сёмин ду ноболиғи дигар ҳам ба ҳайси ҷабрдида ҷалб шудаанд, вале исми Ҳувайдо Тиллозода ба унвони шахсе ёд мешавад, ки бо ӯ ҷиноятҳои сангин содир шудааст.

Сёминро камаш бо чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Русия гумонбар медонанд, гуфт вакил. Ӯ иттиҳомотро чунин баршумурд: “Мушаххасан, “кирдорҳои шаҳвонӣ нисбати шахсе, ки 16-сола нашудааст; кирдорҳои шаҳвонӣ нисбати шахсе, ки 14-сола нашудааст; таҷовуз ба номус бо истифода аз зӯр дар ҳолати нотавонии қурбонӣ бо бераҳмии зиёд, ки 14-сола нашудааст; куштори хурдсол бо бераҳмии махсус. Ин ҷиноятҳо аз июни соли 2015 то 22 июли соли 2018 дар ҳудуди шаҳри Серпухови вилояти Маскав содир шудаанд.”

Шавкат Умаров гуфт, тамоми талоши ҷониби гумонбар ба раҳо шудани Сёмин аз ҷавобгарии ҷиноӣ равона шудааст: “Вале аз дасти онҳо – Сёмину дигарҳо чизе намеояд. Аллакай дар ин парванда пешравиҳо вуҷуд дорад. Ҳоло барвақт аст, ки ман ҳамаро бигӯям, дертар ҳамаашро мегӯем. Вале ба зудӣ вазъ хуб мешавад. Ҳоло мо чӣ дорем, тамоми маводи фошкунандаи Сёмин омода аст. Додгоҳ ҳам даст доштани Сёмин дар ин ҷиноятҳоро фош кардааст. Масъала танҳо ин аст, ки Сёмин ва ҳомиёнаш мехоҳанд, ки аз ҷазои одилона фирор кунанд.”

Умаров пешбинӣ кард, ки агар дар моҳи август ҳам кумиссиюни санҷиши вазъи сиҳатии гумонбар бигӯяд, ки ӯ шифо наёфтааст, ҳадди аксар шаш моҳи дигар барои муолиҷаи ӯ дода мешавад. Ӯ гуфт: “Вале мо ба вазири беҳдошти Русия муроҷиат ва талаб хоҳем кард, ки барои санҷиши вазъи воқеии сиҳҳатии Сёмин кумиссиюни бетараф таъин шавад.”

Таъхир дар шурӯи додгоҳи муттаҳами ҷинояти мудҳишро бархе афроди огоҳ нишонаи интихобӣ будани низоми додгустарӣ дар Русия меноманд. Таърихи ҷиноятҳои солҳои ахир нишон медиҳад, ки дар чандин ҳодисаи пурсарусадо, ки бо марги хушунатомези атфоли муҳоҷирон, аз ҷумла тоҷикистониён анҷомидааст, додгоҳ ва мақомоти тафтишотӣ бемайлӣ нишон додаанд.

Як парвандаи дигар марбут ба марги фоҷеабори яккаписари деринтизори хонаводаи Рустам Назаров – Умаралии панҷмоҳа аст, ки соли 2015 аз ҷониби пулис аз модар ҷудо карда шуд ва баъди чанд соат гӯё на дар идораи полис, балки бемористони Санкт-Петербург даргузашт.

Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург соли 2017 рад шудани парвандаи ҷиноӣ аз рӯи марги кӯдаки Умаралӣ Назаровро "қонунӣ" эълон кард ва суолҳоеро дар заминаи қонунмандии кори сохторҳои ҳифзи қонун ва низоми додгустарӣ халқ кард.

Муҳоҷирони осебпазир дар баробари адолати додгоҳӣ

Қазияи Ҳувайдо Тиллозода, Умаралӣ Назаров ва дигар муҳоҷирон, ба қавли бархе коршиносон, мавқеи беҳуқуқиву заъфпазир будани шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои муҳоҷирфирист ба Русия дар муқобили мошини додгустарии ин кишварро намоиш медиҳад.

Светлана Ганнушкина, раиси Кумитаи «Мусоидати шаҳрвандӣ» дар Маскав мегӯяд, «аз он ки қонун дар нисбати муҳоҷирон кор намекунад, ҳайрон набояд шуд, чунки, мутаассифона, дар Русия низоми додгустарӣ пурра хароб шудааст. Вақте ба шумо додрас мегӯяд, ки “бо конститутсияатон дар дилам задед”, “фармон ҳаст, вале ба мо фармон наомадааст”, ба он маъност, ки низоми мустақили додгустарӣ ва ҳукумати додгоҳии мустақил вуҷуд надорад”.

Ҳомии маъруфи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯяд, фасоду ришват ва дур шудан аз қонун мавқеи қишри осебпазири ҷомеаро, ки муҳоҷирон ҳам ба он дохил мешаванд, боз ҳам заифтар мекунад. Ӯ афзуд, ин мушкилотро бараъло ҳангоми баррасии қазияҳои чечентаборҳо, парвандаҳои марбут ба терроризму ифротгароӣ ва ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир зиёд дидан мумкин аст.

Дамеля Айтхожина, корманди созмони Human Rights Watch дар Маскав мегӯяд, солиёни дароз аст, ки ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия масъалаи интихобӣ будани низоми додгустарӣ нисбат ба муҳоҷиронро матраҳ мекунанд. Вале ин мушкил, ба гуфтаи ӯ, танҳо бо муҳоҷирон маҳдуд намешавад ва дар ҳолатҳои зиёд, масалан, аз ҷониби фарзандони афроди бонуфузу мақомдорон содир шудани қонуншиканиҳо ҳам мушкили ба ҷавобгарӣ кашидани муҷримон мушоҳида мешавад.

Айтхожина рӯзи 21 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Дар маҷмӯъ дар Федератсияи Русия мушкилоти марбут ба муҳокимаҳои одилонаи додгоҳӣ вуҷуд дорад. Вале вақте дар бораи муҳоҷирон сӯҳбат мешавад, воқеан ҳам ҷиноятҳои мисли нажодпарастӣ, табъиз, инсонбадбинӣ ҷой дорад”. Айтхожина мегӯяд, мурофиаҳои додгоҳии муҳоҷироне, ки дар қонуншиканиҳои маъмурӣ гунаҳгор шудаанд ва мумкин аст, ихроҷ шаванд, бисёр вақт бо нақзи ҳуқуқи онҳо ва бидуни дастрасӣ ба тарҷумон сурат мегирад.

Дар вақтҳои охир, ба гуфтаи ӯ, шикоятҳо аз табъиз дар заминаи муҷозот барои надоштани ниқоби тиббии давраи пандемия ҳам зиёд мешавад. Дар Русия соли 2018 беш аз 112 ҳазор ҷинояти сангин ба қайд гирифта шудааст, ки яке аз онҳо куштори бераҳмонаи Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола буд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG