Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ: Радди парвандаи марги Умаралӣ "қонунӣ буд"


Қабри Умаралӣ Назаров

Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург рад шудани парвандаи ҷиноӣ аз рӯи марги кӯдаки 5-моҳаи тоҷик Умаралӣ Назаровро "қонунӣ" эълон кард. Ба ин тартиб, додгоҳ талаби вакилонро барои ба ҷавобгарӣ кашидани кормандони пулис ва Хадамоти муҳоҷириат рад намуд.

Вакилони ин қазия мегӯянд, ки акнун ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо муроҷиат мекунанд.

Кӯдаки 5-моҳа Умаралӣ Назаров рӯзи 13 октябри соли 2015, дар як шароити бисёр мармуз ва дар ҳоле аз дунё гузашт, ки модари ӯ барои нақзи қонуни муҳоҷират боздошт шуд ва мақомот кӯдакро маҷбуран аз модар ҷудо карданд. Назаров баъд аз чанд соат дар бемористони Санкт-Петербург, ба иддаои табибон "аз уфунати вирусӣ" ва "норасоии қалбӣ", вафот кард.

Модари кӯдак - Зарина Юнусова ба ин фарзия бовар надорад.

Баъд аз марги кӯдак якчанд тазоҳурот бо талаби таҳқиқи ҳамаҷонибаи қазия баргузор шуд. Моҳи ноябри соли 2016 додгоҳ қарори депортатсияи модари Назаровро содир кард. Каме пештар аз ин парвандаи марги кӯдак пӯшида шуд ва муфаттишон гунаҳкоронро пайдо накарданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG