Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи таҷовуз ва қатли Ҳувайдо баъди нӯҳ моҳ ба поён расид


Таҳқиқи парвандаи қатли Ҳувайдо Тиллозода, кӯдаки 5-солаи тоҷик, ки дар ноҳияи Серпуховои Русия таҷовуз ва баъдан кушта шуд, анҷом ёфта, барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шудааст. Александр Сёмин, гумонбари асосӣ дар қатли Ҳувайдо, то ду ҳафтаи дигар дар додгоҳ посух хоҳад дод.

Дар оғоз ҷониби муттаҳам талош кардааст, Сёминро бемори равонӣ муаррифӣ карда ва аз ҳамагуна ҷавобгарӣ озод намояд. Ё бо пешниҳоди пул даҳони даъвогаронро бубандад.

Мурофиаи афсари пулис

​Дар қазияи қатли Ҳувайдо Тиллозода танҳо Александр Сёмин ҷавобгар нест. Дар ин қазия пойи ду афсари милисаи ноҳияи Серпухово ҳам кашида шудааст, ки онҳо барои саҳлангорӣ дар иҷрои вазифа муттаҳаманд, вале парвандаашон аз парвандаи Сёмин ҷудост.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо, рӯзи 7-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи яке аз афсарони пулис рӯзи панҷшанбе баргузор шуд. Вале ба хотири ҳозир нашудани вакили мудофеаш, баррасиро то моҳи апрели имсол ба таъхир гузоштаанд.

Қазияи қатли Ҳувайдо Тиллозода аз нӯҳ моҳ ба ин тараф идома дорад. Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва ҷасади ӯро рӯзи дигар дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.

Боздошти Сёмин ва барканориҳо дар идораи пулис

Абдусалом Саидов
Абдусалом Саидов

Баъди ин, Александр Сёмин, ҷавони 27-солаи рус бо иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ва қатли Ҳувайдо дастгир шуд. Ба қавли муфаттишон, дар манзили ин ҷавон, ки дар ҳамсоягӣ бо хонаводаи Ҳувайдо истиқомат дошт, изи пойи кӯдак ва нақши ангуштонашро пайдо кардаанд.

Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод ва баъди он сардори Раёсати корҳои дохилии Серпухово низ аз мақомаш барканор шуд. Валерий Пучков, ки собиқаи 25-солаи корӣ дар ниҳодҳои Вазорати умури дохилии Русияро дорад, моҳи августи соли 2016 сардори Раёсати минтақавии пулиси Серпухово таъйин шуда буд.

Расонаҳои Русия гузориш доданд, ки аҳолии маҳаллае, ки Ҳувайдо онҷо зиндагӣ мекард, дар гузашта ба нозирони минтақавии милиса дар бораи рафтори шубҳабарангез шикоят кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки Александр Сёмин, бо шалвори нимапоён як духтаракеро таъқиб кардааст, вале нозирони милиса ин рафтори ӯро нодида гирифтаанд ва ҳеҷ чорае ҳам нисбат ба ӯ наандешидаанд.

Тоҷикистон аз Русия хоста буд, ки ҷазои сангин диҳад

Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия гуфта буд, ки дар мавриди ҷазо гирифтани қотили кӯдаки 5-солаи тоҷик дар Серпухово шакке нест.​

Александр Сёмин
Александр Сёмин

Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса шадидан нигаронӣ карда, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз мақомоти Русия хост, "тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбат ба ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад."

Ҳоло Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо, умед дорад, ки додгоҳ ба муттаҳами аслӣ ба қатли духтараш ҷазои муносиб хоҳад дод. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, дар оғоз ҷониби муттаҳам талош кардааст, Сёминро бемори равонӣ муаррифӣ карда ва аз ҳамагуна ҷавобгарӣ озод намояд. Ё бо пешниҳоди пул даҳони даъвогаронро бубандад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG