Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз додрас хостаанд, падари Ҳувайдоро ба мурофиа роҳ надиҳад


Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода. Насабҳои гуногуни паадру духтар аз он аст, ки ба сабаби набудани шаҳодатномаи ақди никоҳи расмӣ Ҳувайдоро ба насаби модараш сабт кардаанд.

Пайвандон ва вакили мудофеи шаҳрванди Русия Александр Сёмин, нафари гумонбар ба қатли Ҳувайдо Тиллозодаи панҷсола аз Тоҷикистон, аз додгоҳ хостаанд, ки падари духтарро ба мурофиа роҳ надиҳад.

Онҳо даъво доранд, ки Абдусалом Саидов, сокини шаҳри Кӯлоб, гӯиё падари биологии Ҳувайдо нест ва ҳаққи даъво аз номи ӯро надорад.

Худи Абдусалом Саидов мегӯяд, падари биологии Ҳувайдо аст ва дар ин бора санад дорад. Ба қавли ӯ, "ҷониби ҷавобгар мехоҳад, бо даъвоҳои худ ҷараёни муҳокимаро тӯл диҳад ва шароити озод кардани Сёминро фароҳам кунад".

Александр Сёмин бар асоси моддаҳои таҷовуз ба номуси ноболиғ ва куштор муттаҳам аст.

"Дар мурофиа пурсидам, ки чаро чунин даъво баъди беш аз як соли ҳодиса садо дод? Аз оғоз ман ҳамчун падари Ҳувайдо даъвогар ҳастам. Чаро он вақт эътироз накарданд, то дар пеши чашмашон санҷиши ДНК кунем. Ҷасад ҳам дар инҷо буд. Гуфтам, биёед, дубора ташхис мекунем ва агар падарии ман собит шавад, наздикони Сёмин низ барои туҳмат ҷавобгар мешаванд", -- гуфт ӯ рӯзи 24-уми август ба Радиои Озодӣ..

Муҳокимаи нахустини парвандаи қатли Ҳувайдо Тиллозода аз Тоҷикистон рӯзи 23-юми август дар Додгоҳи вилояти Маскав паси дарҳои баста баргузор шуд. Аз тарафи даъвогар танҳо падари Ҳувайдо ва вакили мудофеаш Дагир Хасавов иштирок доранд. Дигарон ба мурофиа роҳ наёфтаанд.

Ин талаби пайвандон ва вакили мудофеи ҷавобгар будааст, ки мурофиа пинҳонӣ гузарад.

Мақомоти додгоҳ мегӯянд, мурофиаи оянда рӯзи 26-уми август идома хоҳад кард, вале тафсилоти дигар надоданд.

Наздикони Александр Сёмин то ҳоло расман нагуфтаанд, ки бардошташон аз ҷараёни мурофиаи аввал чист. Вале онҳо дар гузашта ва дар доҳгоҳ низ ба бегуноҳии ӯ пойфишорӣ карда ва озодиашро талаб намудаанд.

Александр Сёмин
Александр Сёмин

Абдусалом Саидов мегӯяд, ҳоло маълум нест, додгоҳ дар мавриди иштирок кардан ё накардани ӯ дар мурофиаҳои баъдӣ чӣ тасмим мегирад. Вале сахт нигарон аст, ки ҷониби ҷавобгар ҳуқуқи ӯро нодида мегирад ва барои аз “бозӣ” рондани ӯ тамоми корро мекунад.

“Дирӯз ҳатто даъво карданд, ки чаро ман аз хидмати тарҷумон истифода мекунам. Мегӯянд, ман дар Русия ҳастам ва бояд ин забонро донам ва ба суолҳояшон худам ҷавоб диҳанд. Ман ҷавоб додам, ки масъалаи ҳуқуқӣ аст ва ман аз хидмати тарҷумон истифода мекунам", -- гуфт ӯ.

Ба қавли Саидов, додрас ҳам гуфтааст, истифода аз хидмати тарҷумон ҳаққи ӯст ва ин ба баёнот ё шаҳодаташ дар додгоҳ халал намерасонад.

Муҳокимаи гумонбар дар қатли Ҳувайдо Тиллозода баъди беш аз як соли ҳодиса шуруъ шуд. То ин дам пайвандонаш Сёминро бемории рӯҳӣ мегуфтанд ва ӯ чанд муддат зери назорати пизишкон буд ва аз ташхис мегузашт.

Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.

Акси Ҳувайдо Тиллозода
Акси Ҳувайдо Тиллозода

Қазияи қатли Ҳувайдо Тиллозода аз пурсарусадотарин қазияҳо дар соли гузашта буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод ва ҷониби Тоҷикистон низ бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи ин қазияро хост.

Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия гуфта буд, ки дар мавриди ҷазо гирифтани қотили кӯдаки 5-солаи тоҷик дар Серпухово шакке нест.

Шарҳҳоро бинед (15)

XS
SM
MD
LG