Пайвандҳои дастрасӣ

Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар робита ба таҷовуз ва қатли духтари 5-сола. САДО


Ҳувайдо Тиллозода

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки "куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди панҷсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдо Тиллозода, ки рӯзи 22 июли соли 2018 дар шаҳри Серпухово рух дод, боиси нигаронии шадид ва изтироб дар Тоҷикистон гардид."

Дар баёнияи вазорат аз рӯзи 24-уми июл омадааст, ки мақомоти вазорат ба унвони вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт фиристода ва хостанд, ки "тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбати ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад."

Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-уми июл дар назди хонаашон дар шаҳри Серпухово ғайб зад ва ҷасади ӯро субҳи рӯзи 23-уми июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии ҳамон маҳал пайдо кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти интизомии Русия , дар ҷасади кӯдаки 5-сола осори таҷовузи ҷинсӣ мушоҳида мешавад.

Вазорат гуфтааст, ки "Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақомоти марбутаи Россия то анҷоми тафтишот ва судури ҳукми ҷазо дар тамоси доимӣ хоҳанд буд."

Ҷасади Ҳувайдо Тиллозода, духтари панҷсолаи тоҷикро, ки дар Маскав таҷовуз ва кушта шуд, имрӯз ва ё фардо ба Тоҷикистон мебаранд.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо, рӯзи 24-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз ҷасади духтари нокомаш ташхиси тиббӣ шуд ва қарор аст, ба онҳо супурда шавад.

Ӯ, ки зимни сӯҳбат беист мегирист, гуфт: «Имрӯз ҷасадашро медиҳанд, мумкин, рост ба Кӯлоб, ё Душанбе барем.»

Таҷовузи ҷинсӣ ва қатли духтари 5-солаи тоҷик дар Русия
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:31 0:00
Линки мустақим

Боздошти ҳамсояи хонаводаи тоҷик

Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи 23-уми июл гуфт, ки дар робита ба таҷовуз ва қатли кӯдаки тоҷик Александр Сёмин, як ҷавони 27-соларо дастгир кардаанд, ки дар як бино бо хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекард.

Абдусалом Саидов бо чаҳор фарзандаш дар Русия кору иқомат мекард.
Абдусалом Саидов бо чаҳор фарзандаш дар Русия кору иқомат мекард.

Абдусалом Саидов афзуд, ҳодиса дар 5-10 дақиқа рух дод. “Ҳамроҳ бо ҳамсарам дар назди хона будем. Вориди мағоза шудам ва ҳамсарам кӯдаки хурдиро бинам гуфта, аз он ҷо каме дуртар рафтааст. Дар байни 5-10 дақиқа кӯдакро дуздиданд. Соатҳои панҷи бегоҳ буд, ки дуздиданд. Соати 4 саҳар пайдо кардем. Ҷасадаш дар дохили сумка буд. Соати 10 ваъда карданд, ки ҷасадро медиҳанд.”

Падари кӯдак гуфт, аз ин ҳодиса ваҳшатзада аст ва чӣ кор карданашро намедонад. “Кӯдаки панҷсола чӣ гуноҳ дошт, ки ба ӯ чунин карданд? Ҳоло тафтиш мекунанд, намедонам чӣ мешавад. Мо ин ҷо ҳеҷ қадр надорем. Агар имконият бошад, сафорат ба мо кӯмак кунад, ки ҷасадро ба Тоҷикистон барем”-гуфт ӯ.

Абдусалом Саидов афзуд, таҳқиқи парвандаи қатли Ҳувайдо идома дорад ва муфаттишон дар ин бора чанд дафъа бо онҳо сӯҳбат кардаанд. Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи 23-уми июл гуфт, ки дар робита ба таҷовуз ва қатли кӯдаки тоҷик Александр Сёмин, як ҷавони 27-соларо дастгир кардаанд, ки дар як бино бо хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекард.

Ҷавони 27-сола дар биное зиндагӣ мекардааст, ки хонаводаи тоҷик ҳам онҷо будаанд.
Ҷавони 27-сола дар биное зиндагӣ мекардааст, ки хонаводаи тоҷик ҳам онҷо будаанд.

Нашрияи “Московский комсомолетс” навиштааст, ки Александр Семин зоҳиран кӯдакро бо баҳонаи додани бозича фиреб карда ва бо худ бурдааст. Ба навиштаи нашрия, баъди пайдо кардани ҷасади Ҳувайдо, мақомот аввал аз ӯ гумонбар шудаанд.

Ҳамсояҳо қаблан ба мақомоти пулиси Русия шикоят кардаанд, ки ин ҷавон бо “шалвори нимапоён аз ақиби ду духтар дар канори ҷангали наздики маҳалли зисташон давидааст”.

Аммо ба навиштаи рӯзнома, мақомот баъди гуфтӯгу бо Александр Сёмин, парвандаи ҷиноӣ боз накардаанд ва худаш дар як ҷаласаи сокинони бино гуфтааст, ки “гӯё фақат барои қазои ҳоҷат ин корро карда буд.” Мақомот баъди боздошти Александр Сёмин дар хонаи ӯ изи пойи духтар ва ҳам нақши ангуштонашро ёфтаанд.

Сафорат: Дар интиқоли ҷасад кӯмак мекунем

Дар сафорати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои ба ватан баргардонидани ҷасад санадҳои лозимиро таҳия доранд. Аз дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 24-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ҳодисаро аз лаҳзаи нопадид шудани кӯдак пайгирӣ доштанд ва кормандони сафорат ба назди хонаводаи мусибатзада рафтаанд.

“Ду намояндаи сафорат ба маҳали ҳодиса рафтанд ва ба ин хонавода кӯмак мекунанд. Сафорат бо мақомот дар тамос аст ва ҳодисаро пайгирӣ дорад. Кормандони сафорат дар таҳияи санади бозгашт ба ин хонавода кӯмак мерасонанд. Ҳамаи кӯмаке, ки лозим аст, мерасонем”- гуфтанд дар сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, тафтиши аввалияи ба “маняк”, ё худ ҷунуни шаҳват будани боздоштшуда ишора мекунад.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 23-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Кормандони консулгарӣ ва намояндагӣ аз дирӯз бо пайвандони кӯдак дар тамосанд ва имрӯз ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Ҳамаи кӯмакҳои лозимӣ расонида мешавад, аз ҷумла ҳуҷҷатнигорӣ".

Дархости кӯмак барои интиқоли ҷасад

Ҳисоби бонкӣ барои кӯмак ба хонаводаи Ҳувайдо
Ҳисоби бонкӣ барои кӯмак ба хонаводаи Ҳувайдо

Абдусалом Саидов, сокини шаҳри Кӯлоб, бо ҳамсару чаҳор фарзандаш дар Русия кору иқомат мекунад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди ин ҳодиса “дигар намедонад, чӣ кор кунад” ва ҳоло дар интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон ба кӯмак эҳтиёҷ дорад. Дӯстони хонавода барои кӯмак дар интиқоли ҷасад, пул ҷамъ мекунанд ва ин ҳисоби бонкӣ барои ирсоли маблағ ба хонаводаи мӯҳтоҷ пешбинӣ шудааст.​

АЗ ТАМОМИ ОНҲОЕ, КИ МЕХОҲАНД, БА ХОНАВОДАИ ҲУВАЙДО КӮМАК КУНАНД, ЛУТФАН БА ИН РАҚАМ МУРОҶИАТ КУНАНД: +420 724 053 959.
ДАР ҲИСОБИ БОНКИЕ КИ ГУЗОШТАЕМ ҲЕҶ ИШТИБОҲЕ НЕСТ, ЧУН ҲИСОБИ БОНКӢ АСТ, НА РАҚАМИ КОРТИ БОНКӢ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG