Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Парвандаи Умаралӣ баста шуд

Умаралӣ Назаров, 29 октябр, соли 2015

Кумитаи тафтишотӣ дар Санкт-Петербург парвандаи ҷиноӣ аз рӯи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров хотима дод. Ин тифлро соли гузашта мақомоти Хадамоти муҳоҷирати Русия ва пулис иҷборан аз модараш ҷудо карданд ва ӯ баъди чанде ба таври мармуз аз дунё даргузашт.

Бинобар фарзияи тафтишот "таъсири берунӣ" наметавонист сабаби марги кӯдак шавад. Дар ин ниҳод ҳамчунин гуфтанд, ки мақомоти Хадамоти муҳоҷират ва пулис дар ин қазия аз салоҳияти худ сӯиистифода накарданд ва кӯдак аз кӯмаки тиббӣ камбудӣ надошт.

Хонаводаи Умаралӣ Назаров дар ҷараёни рейди Хадамоти муҳоҷират рӯзи 13 октябр боздошт шуд. Кӯдакро аз модар дар идораи пулис ҷудо карданд. Ӯ як муддати кӯтоҳ бо кормандони пулис буд ва баъдан ба бемористон интиқол ёфт ва хабари маргаш рӯзи дигараш пахш шуд. Модари Умаралӣ Назаров ба Тоҷикистон депорт шуд.

Ахиран дар Санкт-Петербург ба ёдбуди ин кӯдак намоиши эътирозӣ баргузор гардид.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар Ҷайҳун қатли чанд аъзои як хонаводаро таҳқиқ мекунанд

Бохтар, маркази вилояти Хатлон

Дар Тоҷикистон таҳқиқи қатли бераҳмонаи як хонаводае идома дорад, ки мардуми ноҳияи Ҷайҳун дар вилояти Хатлонро ваҳшатзада кард.

Ба таҳқиқи ҳодиса Раёсати корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷалб шудааст.

Мақомот то кунун сабабҳои қатли панҷ узви хонаводаи Маҳмадовҳо аз деҳаи Тарғоқро шарҳ надодаанд. Дар миёни панҷ қурбоние, ки номашон ба Радиои Озодӣ маълум шуд, Саодати 13-сола ва Саломати 14-сола низ ҳастанд. Панҷ узви оиларо субҳи 12-уми июн афроди номаълум, бо табар ё дос зада куштаанд. Як узви хонавода бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон аст.

Дар Тоҷикистон чунин ҳодисаҳо аҳёнан рух медиҳад.

Ширкати зери итоати Бег Сабурро аз пардохти қариб як миллион доллар озод карданд

Ширкати "Тоҷиктелеком" зери назари Бег Сабур кор мекунад

"Тоҷиктелеком"-ширкате, ки воридоти интернетро дар инҳисор ё монополияи худ дорад, аз пардохти қариб як миллион доллар андозу ҷарима озод шуд. Хабаргузории "Азия Плюс" менависад, дар ин бора қарори ҳукумат содир шудааст.

Пештар Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз гуфта буд, ширкати "Тоҷиктелеком" яке аз қарздорҳои калон аз андоз мебошад. Ба гуфтаи Давлатзода, ин ширкат дар назди будҷаи кишвар 86 миллион сомонӣ ё 7,6 миллион доллар қарздор аст.

Бар асоси қарори нави ҳукумат, "Тоҷиктелеком" аз пардохти 5,5 миллион сомонӣ қарзи андоз ва 5,5 миллион сомонӣ фоиз ва ҷаримаҳо озод шудааст.

"Тоҷиктелеком"-ширкати зертобеи Хадамоти алоқа ягона воридкунандаи интернет ба Тоҷикистон аст. Вале сарфи назар аз ин ширкат солҳои ахир вазъи молие хубе надорад ва андозу дигар ширкатҳо қарздор шудааст.

Қаблан идораи барқи Душанбе ва ширкати Тселл ба хотири напардохтани қарз, аз болои "Тоҷиктелеком" ба додгоҳ шикоят бурда буданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон рафтааст, то аз минтақаҳои зарардида аз селу боронгарӣ дидан кунад

Минтақаи навбунёд барои осебдидагон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Хатлон рафтааст, то аз минтақаҳое, ки баҳори имсол аз селхезӣ ва лағзиши замин осеб дида буданд, дидан кунад. Дар пайи боронгариҳои моҳи май 9 нафар дар кишвар ҷон бохтанд, ки 8 нафари онҳо сокинони ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Кӯшониён, Вахш ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон буданд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон субҳи 15-уми июн аз деҳаи Навободи деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбишев) дидан кард. Шаби 8 ба 9-уми май дар ин деҳа лағзиши замин шуруъ шуд ва беш аз 100 гектар замини кишоварзии сокинон ва 20 манзили онҳо фурӯ бурд.

Пас аз ин ҳодиса, мақомот барои 20 хонаводаи зарардида аз лағзиши замин қитъаҳои замин ҷудо кардаанд. Ба гуфтаи КҲФ, 167 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд ва Ситоди ҷумҳуриявии рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ тасмим гирифт, барои ҳар як оилаи зарардида дар маҳалли амни ҳамин деҳа 10-сотихӣ замин ҷудо карда, манзили навро дар муддати як моҳ бунёд кунад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки оқои Раҳмон рӯзи 15-уми июн "калиди нахустин хонаҳои омодагардидаро ба соҳибонаш супоридааст". Сокинони зарардида то кунун дар хаймаҳои муваққатӣ ба сар мебаранд. Мақомот мегӯянд, ки онҳо то соҳиби хонаву дар шудан, аз сӯи ҳукумат бо рахти хоб, сару либос ва маводи хӯрокворӣ таъмин мешаванд. Вале бархе аз сокинони зарардида пештар гуфтанд, барояшон маҳсулоти сохтмонӣ надоданд, то манзилҳояшонро барқарор кунанд.

Дар ин муддат ҳамчунин созмонҳои байналмилалии имдодӣ ва шахсони хайрхоҳи маҳаллӣ низ ба осебдидагони ин ҳодиса ёрирҳо ироа кардаанд. Мақомоти тоҷик қаблан гуфтанд, ки аз ҷумла барои зарардидаҳо кумакҳои USAID ва ЮНИСЕФ дастрас карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки қарор аст имруз, 15-уми июн оқои Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб сафар кунад ва аз минтақаҳои осебдида дидан намояд. Пеш аз сафар ба Кӯлоб, Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Вахш ҳам дидан кард. Селу обхезии моҳи гузашта ба ин ноҳия низ осеби зиёд расондааст.

Селу боронгариҳои рӯзи 11-уми май аз ҳама беш ба шаҳри Кӯлоб харобӣ овард ва тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ, садҳо хона зарар дид. Бархе аз сокинони офатзада дар рӯзҳои гузашта шикоят доштанд, ки бо гузашти ду ҳафта ҳеч кӯмаки сохтмонӣ нагирифтанд, то манзилҳояшонро дубора бозсозӣ кунанд.

Намояндагони мақомот ҳамвора мегӯянд, ки барои рафъи оқибатҳои сели харобиовар ба мардум ҳам кумаки ғизоӣ ва ҳам маҳсулоти сохтмонӣ мерасонанд. Бино ба арзёбиҳои мақомоти Кӯлоб, тақрибан 600 хонавода бар асари сел осеб дида ва ба кумак муҳтоҷ шудаанд.

Мақомот мегӯянд, офати табиии рӯзи 11-уми май дар умум ба 15 шаҳру ноҳияи кишвар зарар расонда, дар чаҳор шаҳру ноҳия боис ба марги 9 нафар шуд. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, фалокати табиӣ асосан ба минтақаҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ осеб расонд.

Тибқи иттилои масъулини КҲФ Тоҷикистон, соли 2020 дар пайи офатҳои табиӣ дар кишвар 41 бинои маскунии сокинони пурра ва 102 бинои дигар қисман тахриб шуда буданд. Ин ҳодисаҳо ба 18,5 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ хисорот ворид карда, шаш пули иртиботӣ комилан тахриб шуда буданд.

Тоҷикистон, яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Аз аз соли 1992 то соли 2020, обхезиву селу заминларза ва лағжиши хок ба 7 миллион нафар осеб ва ба иқтисоди кишвар тақрибан 2 миллиард доллар зарар расондааст.

ЮНИСЕФ ба Қирғизистон дар дастрас кардани ваксинаи зидди COVID-19 кӯмак мекунад

Ваксиназанӣ дар Қирғизистон.

150 ҳазор вояи ваксинаи зидди COVID-19 мумкин аст, то 20 июн аз Чин ба Қирғизистон оварда шавад. Дар ин бора вазири тандурустии Қирғизистон Олимқодир Бейшаналиев хабар дод. Вай гуфт, дар дастрас кардани ваксинаҳо ЮНИСЕФ кӯмак мерасонад.

Чанде пеш хабар дода шуд, ки Қирғизистон дар дастрас кардани бастаи дувуми ваксинаҳои Sinopharm ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудааст. Он кишвар барои дастрас кардани ваксинаҳо ёрии башарӣ дархост кардааст.

Моҳи марти соли ҷорӣ Чин дар ҳаҷми 150 ҳазор воя ваксинаи Sinopharm ба Қирғизистон кӯмак расонид. Рӯзи 11 май хабар дода шуд, ки Чин бастаи дувуми ваксинаҳоро ба Қирғизистон ҷудо кардааст.

Қирғизистон ҳамзамон ваксини русии "Спутник V" истифода мекунад. Ваксиназанӣ дар он кишвар 29 марти соли ҷорӣ шуруъ шуд. То ин замон наздики 90 ҳазор кас ваксина гирифтааст.

Дар Туркманистон гимназияҳо пулакӣ шуданд

Мактабхонҳои туркман. Акс аз бойгонӣ.

Расонаи туркмании Turkmen.news бо истинод ба қонуни маорифе, ки 9 июн дар Туркманистон нашр шуд, навиштааст, таҳсил дар мактабҳои махсус ва гимназияҳои он кишвар пулакӣ шуданд.

Дар банди 39-и қонуни нав манбаи сармоягузорӣ ду навъ - пули буҷа ва пули таҳсил зикр карда шудааст. Аввалӣ ба "муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои миёнаи умумии таълимӣ" дахл дошта, дувумӣ ба "муассисаҳое рабт дорад, ки дар онҳо барномаи омӯзиши амиқи фанҳо ба роҳ монда шуда, барои хонандагон хидматрасониҳои иловагии омӯзишӣ пешниҳод карда мешавад".

Банди 30-и қонуни пешини Туркманистон дар бораи маориф низ сармоягузории низоми омӯзишро ба танзим медаровард, вале дар он манбаи сармоягузории таҳсил ҷудо карда нашуда буд.

Пештар дар шаҳри Ишқободи Туркманистон нахустин мактаби пулакӣ муассисаҳои умумии рақами 21-ро карда буданд. Онро дар ибтидои соли хониши 2020-2021 дубора боз карданд. Нархи як моҳи таҳсил дар он 250 манат (71,5 доллар)-ро ташкил медод.

Дар Алмато сохтмонҳои марбут ба домоди Назарбоев қатъ шуданд

Алмато, Қазоқистон.

Раёсати банақшагирӣ ва шаҳрсозии ҳукумати шаҳри Алматои Қазоқистон иҷозаи меъмориву нақшакашии тарҳи сохтмони бинои боҳашаматеро дар кӯчаи Достики он шаҳр бекор кард.

Молики замин ва ширкати сохтмонӣ ба Тимур Қулибоев, домоди президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рабт дорад.

Шаҳрдори Алмато гуфтааст, ки ширкати сохтмонӣ шартнома дар бораи роҳи вурудӣ ва хуруҷӣ ба майдони сохтмониро иҷро накардааст. Ба ин далел, шаҳрдорӣ иҷозаи сохтмонро бекор кардааст.

Ширкати Enterprise Development Group сохтмонро чанде пеш шуруъ кард. Майдони бештар аз ҳашт ҳазор метри мураббаъ ҳанӯз дар соли 2003 хусусӣ гардонида шуда буд.

Евгений Зеленский, ҳуқуқшиноси ширкат рӯзи 7 июн дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои онҳо дуруст аст ва сохтмонро идома хоҳанд дод.

Байден моддаи 5-и созишномаи НАТО-ро "ӯҳдадории муқаддас" номид

Ширкатдорони ҷаласаи НАТО дар Брюссел. 14-уми июн

Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки НАТО барои манфиатҳои ИМА «фавқулодда муҳим» аст ва талабот оид ба дифои ҳамдигарӣ “ӯҳдадории муқаддас” мебошад. Байден, ки рӯзи 14-уми июн барои ширкат дар ҷаласаи НАТО ба Брюссел рафт, гуфт, мехоҳад, ки Аврупо бидонад, ки ИМА дар тарафи он истодааст. “Моддаи 5 – як ӯҳдадории муқаддас аст”, гуфт Байден. Манзури ӯ ҳимояти дастаҷамъии кишварҳо аст, ки дар созишнома оид ба таъсиси НАТО зикр шудааст. “Мехоҳам, ки тамоми Аврупо бидонад, ки ИМА ба ин созиш пойбанд аст”, гуфт ӯ.

Ҳузури Байден дар ҷаласаи НАТО як бахше аз сафари аврупоии ӯ аст, ки баъди чор соли пуршебу фарози раёсатҷумҳурии Доналд Трамп ҳадафаш барқарории муносибатҳо ва ҳам тазмини шарикони фароатлантикии Вашингтон мебошад.

Як мулоқоти хусусии Байден бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳам дар назар аст. Дар се соли охир, ки раҳбарони кишварҳои узв бо сабаби пандемияи коронавирус бо ҳам гуфтугӯи рӯбарӯ накардаанд ва дар ин муддат як бастаи масоили доғе ҷамъ шудааст, ки барои баррасии ҳама ҷонибҳо нигаронида шудааст. Дар миёни ин масъалаҳо ҳам Афғонистон ва хуруҷи нирӯҳо, ҳам Русия ва Чин ва ҳам хароҷоти дифоӣ ёд мешавад.

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО зимни сӯҳбаташ бо журналистон рӯзи 14-уми июн гуфт, ки ҳеҷ Ҷанги сарде бо Чин вуҷуд надорад. Ӯ гуфт:

NC061403

“Мо ба аҳди Ҷанги нави сард бо Чин ворид намешавем ва Чин на рақиб ва на душмани мо аст. Вале ба ҳайси як эътилоф мо бояд ба таҳдидҳое, ки Чин ба амнияти мо эҷод мекунад, дар ҳамбастагӣ посух бидиҳем”.

Столтенберг гуфт, мавзӯъҳои мисли назорати силоҳ ва тағйироти иқлим аз масоили мавриди ҳамкорӣ бо Чин буда метавонад. Вале, ба гуфтааш, дар ин охирҳо ҳама шоҳиди тақвияти низомии ахири Чин ва сармоягузории ин кишвар ба тавонмандиҳои низомӣ, аз ҷумла ҳастаиаш мешаванд. “Инчунин Чин арзишҳои моро намепазирад, - гуфт раҳбари НАТО, ки – ин саркӯби эътирозҳои демократӣ... ва аққалиятҳо” мебошад.

Дар Мянмар муҳокимаи Аун Сансуҷӣ шурӯъ шуд

Ғасби қудрат аз ҷониби низомиҳо ва зиндонӣ шудани раҳбарияти мадании Мянмар садҳо ҳазор сокинонро ба хиёбонҳо баровард. Мянмар аз моҳи феврал ба ин сӯ дар умқи беназмиҳо қарор дорад

Раҳбари барканоршудаи Мянмар Аун Сансуҷӣ рӯзи 14-уми июн дар аввалин мурофиаи додгоҳӣ ҳозир шуд. Мурофиа баъди панҷ моҳи кудатои низомӣ дар ин кишвари Осиёи Ҷанубӣ барпо мешавад, ки замоне низоми демократиро таҷриба кардааст. Мурофиаи Сансуҷӣ дар пойтахт, шаҳри Нейпйидо барпо мешавад ва иттиҳоми ӯ ин аст, ки дар давраи пандемияи коронавирус муқаррароти меҳдудкунандаро нақз карда, дастгоҳҳои мухобиротиро ба берун содир кардааст. Ин замоне буд, ки ҳизби ӯ Лигаи миллӣ барои демократия дар интихобот пирӯз шуд.

Сансуҷиро инчунин дар гуноҳҳои дигар ҳам гумонбар медонанд, аз ҷумла, ба қавли мақомоти низомии кишвар, ӯ тиллову пули нақдро ҳамчун пора қабул кардааст. Ҳамроҳ бо ӯ дар курсии айбдорӣ президент ва собиқ шаҳрдори барканоршуда ҳам нишастаанд.

Баъди он ки моҳи феврали имсол ҳунтаи низомӣ ҳукумати қонуниро барканор кард, Мянмар дар як бебандубории сиёсӣ қарор дорад.

SIPRI гуфт, тамоюли коҳиши силоҳҳои ҳастаӣ ба охир мерасад

Як созмони бонуфузи муҳаққиқи силоҳ ҳушдор дод, ки зоҳиран тамоюли коҳиш дар силоҳи ҳастаӣ, ки аз охири Ҷанги сард шурӯъ шуд, хотима ёфт ва Русия ва ҳам ИМА дар сиёсати дифоии худ ба аҳамияти силоҳҳои ҳастаӣ таъкид мекунанд. Рӯзи 14-уми июн Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалии сулҳи Стокҳолм (SIPRI ) гуфт, нӯҳ давлати дорои силоҳҳои ҳастаӣ – ИМА, Русия, Бритониёи Кабир, Фаронса, Чин, Ҳинд, Покистон, Исроил ва Кореяи Шимолӣ дар аввали соли 2021 дар маҷмӯъ 13080 силоҳи ҳастаӣ доштанд, ки дар қиёс бо соли 2020 коҳиши андак аст. Дар ин омор силоҳҳои қадима ҳам ҳастанд ва бидуни онҳо, ба қавли муҳаққиқон, шумори силоҳ аз 9,380 ба 9,620 афзоиш ёфтааст.

Ҳанс Кристенсен, мутахассиси калони SIPRI мегӯяд, ҳоло тамоюли умумии афзоиши кулоҳакҳои ҳастаӣ дар ҷаҳон мушоҳида мешавад. Дар маҷмӯъ, беш аз 90 дарсади силоҳҳои ҳастаии ҷаҳон дар ихтиёри Русия ва ИМА мебошад.

Додгоҳи Минск дархости озодии София Сапегаро рад кард

25 маи соли 2021. София Сапега дар як видеои мақомоти беларусӣ, ки дар он гӯё гуноҳро ба гардан мегирад, ҳозир шуд

Додгоҳе дар Минск дархости шаҳрванди Русияро, ки ҳамроҳ бо дӯстписараш Раман Пратасевич аз дохили ҳавопаймои ба таври маҷбурӣ дар Минск фурудовардашуда ҳабс шуд, рад намуд. Рӯзи 14-уми июн додгоҳи ноҳияи Партизанский ҳукм кард, ки ҳабси София Сапега мутобиқ ба қонунҳои Беларус дуруст буд ва ӯ бояд дар боздоштгоҳи муваққатӣ бимонад. Александр Филанович, вакили дифои Сапега рӯзи 13-уми июн гуфт, ки шаҳрванди Русия дар нақзи Кодекси ҷиноии Беларус гумонбар мешавад. Ӯ бо баҳонаи ин ки додгоҳ барояш нашри ҷузъиёти парвандаро манъ кардааст, нагуфт, ки зерҳимояаш мушаххасан дар чӣ айбдор мешавад.

Маркази ҳуқуқи башари “Весна” гуфт, ки Сапегаро дар ташкил ва омодагӣ ба фаъолиятҳое айбдор мекунанд, ки боиси нақзи тартиботи ҷамъиятӣ шудааст.

Сапега ва Пратасевичро рӯзи 23-юми май аз дохили ҳавопаймои ширкати Ryanair берун оварда гуфтанд, ки иттилое дарёфт намуданд, ки гӯё дар дохили ҳавопаймои хатсайти Атен-Вилнюс бомба ҷойгузорӣ шудааст. Ин фарзия ҳеҷ гоҳ тасдиқ нашуд, вале ғарбу Аврупо Беларусро дар “роҳзании сатҳи давлатӣ” гунаҳгор карданд. Дар посух мақомоти беларусӣ бо таҳримҳои ҳадафмандона муҷозот шуданд. Ба илова, Аврупо парвоз ба Беларусро қатъ карда ба ҳавопаймоҳои беларусӣ нишастан дар фурудгоҳҳои ин қаламравро манъ намуд.

Мақомоти беларусӣ видеоҳои ҷудогонае нашр карданд, ки дар он зоҳиран эътирофҳои маҷбурии Сапега ва Пратасевич дар робита бо пӯшиши эътирозҳои зидди Лукашенко тавассути шабакаи мухолифон дар Телеграм пурсида мешавад.

Шарҳи зиддунақизи мақомоти Чеченистон дар бораи рабоиши Тарамова

Аҳмад Дудаев, вазири ҳукумати Чеченистон

Мақомот дар Чеченистон, як ҷумҳурие дар Қафқози Шимолӣ иддао карданд, ки ба хотири пешгирии "аз ҷониби фаъолони ҳуқуқ рабуда шудани” як зан, ӯро аз дохили паноҳгоҳи қурбониёни хушунати хонаводагӣ берун оварданд. Ҳалимат Тарамова, духтари як муттафиқи деринаи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодировро полис рӯзи 10-уми июн бо зӯр аз дохили як паноҳгоҳе дар Махачқалъа, пойтахти Доғистон берун бурданд. Баъди ин Тарамова ба Чеченистон бурда шуд ва ҳоло, ба қавли фаъолони ҳуқуқ, ӯ метавонад як қурбонии “куштори номусӣ” шавад. Дар як видеое, ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби фаъолон нашр шуд, Тарамова гуфт, ки хонаашро дар Чеченистон бо сабаби “латукӯбу таҳдидҳои зиёд” тарк кард. Дар ҳамин навор Тарамова дар муроҷиат ба мақомоти Чеченистон гуфтааст, ки ӯро ба феҳристи афроди нопадидшуда ворид накунанд.

Дар як изҳороти шабакаи ҳомии аққалиятҳои ҷинсӣ гуфта шуд, ки Тарамова ба хотири тамоюлҳои ҷинсиаш мавриди таъқиб қарор гирифтааст. Ба қавли фаъолон, Тарамова дар дохили паноҳгоҳ ҳамроҳ бо дӯстдухтараш Анна Манилова нигаҳдорӣ мешуд.

Вале дар изҳороти рӯзи 13-уми июни вазири Чеченистон дар умури сиёсати дохилӣ, равобити байналмилалӣ ва иттилоот дар бораи ин қазия иттилои зиддунақиз нашр шуд. Дудаев иддао кард, ки “дар натиҷаи амалиёти ҳамоҳангшудаи полиси Чеченистону Доғистон “аз талоши рабудани” Тарамова пешгирӣ карданд. Дудаев гуфт, ки ҳеҷ қонуншикание аз ҷониби ходимони ҳифзи қонун ваё хонаводаи Ҳалимат Тарамова рӯй надодааст. Ӯ иддао кард, ки Тарамова гӯё мушкилоти саломатӣ дорад ва доимо зери назари табибон буд.

Дудаев бо ин ки ҳомиёни ҳуқуқ ва Ғарбро гунаҳгор кард, иддао кард, ки дар Чеченистон “ҳамҷинсгароӣ вуҷуд надорад”.

Рамазон Қодиров беш аз даҳ сол мешавад, ки раҳбарии Чеченистонро ба ӯҳда дорад ва пайваста дар одамрабоӣ, шиканҷа ва ҳам кушторҳои худсарона айбдор мешавад.

Столтенберг гуфт, бо Чин "ҳеҷ Ҷанги сарде вуҷуд надорад"

Брюссел, ҷаласаи сарони НАТО

Президенти ИМА Ҷо Байден дар Брюссел дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви НАТО ширкат мекунад. Баъди чор соли раёсатҷумҳурии пуршебу фарози Доналд Трамп сафари Байден ҳамчун аломати барқарор шудани равобити Вашингтон бо ҳамкорони фароантикиаш арзёбӣ мешавад. Байден ва ҳамаи сӣ раҳбари кишварҳои узви ин паймони низомӣ дар ҷаласа ширкат мекунанд.

Як мулоқоти хусусии Байден бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳам дар назар аст.

Дар се соли охир, ки раҳбарони кишварҳои узв бо сабаби пандемияи коронавирус бо ҳам гуфтугӯи рӯбарӯ накардаанд, як бастаи масоили доғе ҷамъ шудааст, ки барои баррасии ҳама ҷонибҳо нигаронида шудааст. Дар миёни ин масъалаҳо ҳам Афғонистон ва хуруҷи нирӯҳо, ҳам Русия ва Чин ва ҳам хароҷоти дифоӣ ёд мешавад.

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО зимни сӯҳбаташ бо журналистон рӯзи 14-уми июн гуфт, ки ҳеҷ Ҷанги сарде бо Чин вуҷуд надорад. Ӯ гуфт:

“Мо ба аҳди Ҷанги нави сард бо Чин ворид намешавем ва Чин на рақиб ва на душмани мо аст. Вале ба ҳайси як эътилоф мо бояд ба таҳдидҳое, ки Чин ба амнияти мо эҷод мекунад, дар ҳамбастагӣ посух бидиҳем”.

Столтенберг гуфт, мавзӯъҳои мисли назорати силоҳ ва тағйироти иқлим аз масоили мавриди ҳамкорӣ бо Чин буда метавонад. Вале, ба гуфтааш, дар ин охирҳо ҳама шоҳиди тақвияти низомии ахири Чин ва сармоягузории ин кишвар ба тавонмандиҳои низомӣ, аз ҷумла ҳастаиаш мешаванд. “Инчунин Чин арзишҳои моро намепазирад, - гуфт раҳбари НАТО, ки – ин саркӯби эътирозҳои демократӣ... ва аққалиятҳо” мебошад.

Дар Исроил ҳукумати нав ба кор шурӯъ кард

Нахуствазири нави Исроил Нафталӣ Беннетт

Баъди он ки рӯзи якшанбе парлумон аъзои ҳукумати нави эътилофии Исроилро тасдиқ кард, рӯзи 14-уми июн аъзои нави ҳукумат ба кор шурӯъ кард. Бо ҳамин, давраи нахуствазирии 12-солаи Бенямин Нетаняҳу дар Исроил ба охир расид. Рӯзи 13-уми июн аъзои Кнессет дар натиҷаи як овоздиҳии бисёр танготанг, бо бартарии 60 бар 59 овоз, ҳукумати навро тасдиқ карданд.

Нахуствазири нави Исроил Нафталӣ Беннетт раҳбари ҳизби миллатгарои “Ямина” 49 сол дорад ва шоми 13-уми июн ба мақоми нахуствазирӣ тасдиқ шуд. Субҳи душанбе таъини вазирони ҳукуматӣ оғоз гардид.

Баъди тасдиқи аъзои ҳукумати нави Исроил, президент Ҷо Байден гуфт, ки давлати яҳудӣ муттафиқи аслии ИМА аст ва ҳамеша як пуштибони амниятии Исроил боқӣ мемонад. Байден гуфт, ки бо ҳукумати Беннетт ҳамаҷониба ҳамкорӣ хоҳад кард. Беннетт 13-умин нахуствазири Исроил шуд.

Домоди Мирзиёев бо $6 ҳазори андозсупорандагон лавозимоти рӯимизӣ харидааст

Аввал аз тарафи рост Ойбек Турсунов, домоди президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Хабари аз сӯи вазорати мудофиаи Узбекистон харидани ду худкори тилоӣ, ки ҳар кадоме наздики 3 ҳазор доллар арзиш доранд, корбарони узбекистонии шабакаҳои иҷтимоиро ба баҳс кашид.

Вазорати мудофиаи Узбекистон дар шарҳи хабар навишт, худкор (ручка)-ҳо бо маблағи буҷаи вазорат харида мешаванд.

Ойбек Турсунов, мақомдори дастгоҳи президент ва ҳамзамон домоди президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев низ бо маблағи буҷаи он кишвар дар ивази 6221 доллари ИМА ду дона худкори навъи Montblanc харидааст.

Ин худкорҳо 15 октябри соли 2018 харида шудаанд.

Худкорҳои харидаи домоди Мирзиёев гаронарзиштар аз худкорҳое ҳастанд, ки вазорати мудофиаи Узбекистон рӯзи 9 июни соли ҷорӣ харидааст.

Халилзод эҳтимоли таъсиси пойгоҳи ИМА дар Қазоқистонро шарҳ дод

Залмай Халилзод, намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон

Залмай Халилзод, намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон дар як нишасти маҷозии рӯзи 13 июн ҳадафи сафарашро ба Қазоқистон шарҳ дод.

Халилзод дар Қазоқистон бо мақомоти баландпояи расмӣ мулоқот ва "раванди сулҳ дар Афғонистон, хуруҷи неруҳои амрикоӣ, инчунин рушди ояндаи робитаҳои минтақа, тиҷорату ҳамкориро баррасӣ мекунад".

Рӯзи 15 апрели соли ҷорӣ нашрияи New York Times навишт, ки мақомоти расмии ИМА бо мақомоти Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон тамос гирифта, дар мавриди ҷойгирсозии пойгоҳи низомии амрикоӣ дар минтақа гуфтугӯ кардаанд.

Намоянди вижаи Амрико гуфт, ҳанӯз дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомӣ дар минтақа ба хулосае нарасидаанд.

Халилзод дар мавриди ояндаи Афғонистон гуфт, "артиши амрикоӣ хориҷ мешавад, аммо Амрико мемонад". Вай илова кард, ки беҳтарин роҳи ҳалли низоъ дар Афғонистон роҳи ҳалли сиёсист, на низомӣ.

Залмай Халилзод 21 сентябри соли 2018 намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон таъйин шуд.

Матбуот: Дар Қазоқистон 8 тоҷику узбек аз асорат озод карда шуданд

Аксе аз бойгонӣ аз як хоҷагии деҳқонӣ дар вилояти Туркистони Қазоқистон.

Як нашрияи Қазоқистон гуфт, ки ходимони ҳифзи қонун ахиран ҳашт шаҳрванди Узбекистон ва Тоҷикистонро дар як вилояти Қазоқистон “аз ғуломӣ озод карданд”. Пойгоҳи хабарии “Деловой Казахстан” ахиран навишт, ки ин нахустин амалиёти муваффақи раҳоии хориҷиён аз асорат мебошад. Соли гузашта дар Қазоқистон 16 нафарро аз чанги ғуломӣ халос карда буданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар Қазоқистон бештар аз ҳама маҳз тоҷикон ва узбекҳо ба ғуломӣ меафтанд. Аксаран ғуломони муосирро дар хоҷагиҳои хусусӣ ва сохтмонҳо кор мефармоянд. Дар беҳтарин ҳолат ба онҳо хӯрок ва ҷои хоб дода мешавад. Раҳбари созмони ҷамъиятии “Майрим” ба хабарнигорон гуфтааст, ки онҳо умедворанд, президени Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев қонун дар бораи чораҳои минбаъда дар бахши ҳуқуқи инсонро ба имзо мерасонад. Интизор меравад, ки қонуни мазкур ба шаҳрвандони хориҷӣ барои дарёфти кӯмак ва ҳимояти ҳуқуқ мусоидат хоҳад кард.

Эҳтимоли сабуктар шудани қоидаи сабтиноми муҳоҷирон дар Русия

Маркази "Сахарово"

Пас аз 15-уми июн мӯҳлати имтиёз барои муҳоҷирон дароз намешавад. Вале фармоне нашр мегардад, ки барасмиятдарории муҳоҷиронро соддатар мекунад. Дар ин бора Вадим Коженов, раҳбари Федератсияи муҳоҷирон дар Русия дар сӯҳбат бо радиои “Говорит Москва” баён доштааст. Раиси федератсияи муҳоҷирон аз он нигаронӣ кард, ки агар ин қарор то 15-уми июн имзо нашавад, кормандони мақомоти интизомӣ имкон пайдо мекунанд, ки дар давоми чанд рӯз шаҳрвандони хориҷиро ҷарима баставу онҳоро ихроҷ намоянд. Аммо пас аз нашри фармони нав муҳоҷирон барои бекор кардани қарори ҷаримаву ихроҷ ба суд муроҷиат хоҳанд кард. Қарор аст мӯҳлати таъйиннамудаи Вазорати корҳои дохилии Русия барои қонунӣ кардани ҳузури хориҷиён рӯзи 15-уми июн ба поён мерасад. Бо назардошти он ки парвози доимӣ миёни Душанбеву Маскав аз 1-уми апрел шурӯъ шуд, муҳоҷирони тоҷик то 30-юми июн ҳаққи дуруст кардани сандаҳояшонро доранд. Ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик баъди 30-юми июн дар назар аст. ​

Суқути ҳукумати Натаняҳу дар Исроил. Эътилофи нав сари қудрат омад

Бенямин Нетаняҳу, нахусвазири пешини Исроил.

Дар Исроил ҳайати ҳукумати нав таъйин шуд. Ин маънои поёни сарвазирии 12-солаи Бинямин Натаняҳуро дорад. Сарвазири ҳамакнун пешини Исроил ин кишварро панҷ давра - бештар аз ҳар сарвазири дигар роҳбарӣ кард.

Ҳукумати навро вазири пешини мудофиаи Исроил, сиёсатмадори ростгаро Нафталӣ Беннет роҳбарӣ мекунад. Дар ҳайати ҳукумати эътилофӣ ҳизби марказгаро бо роҳбарии Яир Лапид шомил шудааст. Ҷонибҳо созиш ҳосил карданд, ки ду сол Беннет сарвазир мемонад ва баъдтар Лапид сари қудрат меояд.

Беннет дар остонаи интихоб шудан ба мақоми сарвазирӣ дар порлумони он кишвар суханронӣ ва аз хизматҳои Натаняҳу ба ҳайси роҳбари Исроил сипосгузорӣ кард.

Халилзод: ИМА нирӯҳояшро аз Афғонистон берун мекунад, вале ин кишварро танҳо намегузорад

5 май, Душанбе. Залмай Халилзод барои мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Тоҷикистон буд

Фиристодаи хоси ИМА дар умури Афғонистон Залмай Халилзод мегӯяд, нерӯҳои мусаллаҳи ИМА имсол аз хоки Афғонистон берун мешаванд, вале Амрико ин кишварро тарк намекунад. Рӯзи 13-уми июн дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон Халилзод дар бораи раванди оштӣ дар Афғонистон тафсилот дод. Тибқи барнома то 11-уми сентябр нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ қаламрави Афғонистонро тарк мекунанд. Афзоиши хушунат ва бунбаст дар музокироти сулҳи ҳукумат ва гурӯҳи шӯришии Толибони суолҳои зиёдеро дар мавриди сарнавишти ояндаи Афғонистон халқ кардааст. Президенти Ҷо Байден мегӯяд, барномаи кумаки башарӣ ба Афғонистон идома мекунад. Чанде пеш Департаменти давлатии ИМА эълон кард, ки ба Афғонистон ба маблағи 266 миллион доллар ёрӣ фиристодаанд. Департаменти давлатӣ хотирнишон кардааст, ки сар аз соли 2002-ум то кунун ИМА ба Афғонистон ба маблағи тахминан 3 миллиарду 900 миллион доллар ёрӣ расонааст.

Наздикон: Ноутбук ва $3400-и Иззат Амон нопадид шуд

Иззат Амон, собиқ раиси ҷамъияти тоҷикон дар Маскав охири моҳи марти соли ҷорӣ нопадид ва баъдан дар як боздоштгоҳи Душанбе пайдо шуд

Пайвандони Иззат Амон кӯшиш доранд ашё ва пулҳои ӯро, ки зимни бурданаш ба Тоҷикистон дар шӯъбаи пулиси вилояти Маскав мусодира кардаанд, баргардонанд. Ба гуфтаи наздикон, телефону ноутбук ва 3 ҳазору 400 доллари Иззат Амон нопадид шудаанд. Ҳамсари ӯ барои бозгардонидан ба шӯъбаи пулиси Железнодорожниии вилояти Маскав муроҷиат кардааст, вале бенатиҷа. Гузашта аз ин, то ба ҳол, мақомоти интизомии Русия ба ҳеҷ як дархости вакилони Иззат Амон посух надодаанд. Аз ин пештар Шӯъбаи корҳи дохилӣ дар ноҳияи Печатникии Маскав барои кушодани парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба рабудани ин ҳуқуқшинос ҷавоби рад дода буд.

Иззат Амон аз охири моҳи май дар боздоштгоҳи муввақатии Вазорати адлияи Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад ва ба гуфтаи наздиконаш, то ҳол бо ӯ дар боздоштгоҳ дидор накардаанд. Зимнан охири ҳафтаи гузашта пулиси Маскав ду нафар аз тарафдорони Иззат Амонро барои пӯшидани либос бо акси ӯ боздошт ва баъди чанд соат раҳо намуд. Вале парвандаашон бо иттиҳоми "вайрон намудани тартиботи баргузории митинг" ба додгоҳ ирсол шудааст.

Иззат Амон 25-уми марти соли ҷорӣ дар Маскав нопадид шуд ва ду рӯз баъдан дар як боздоштгоҳи шаҳри Душанбе пайдо шуд. Мунаққидон мегӯянд, фаъоли ҷамъияти тоҷиконро рабуда ба Тоҷикистон истирдод карданд.

Ҳамдеҳаҳо бозпурсӣ мешаванд. Ҷузъиёти куштори мудҳиш дар Ҷайҳун

Аксе аз бойгонӣ. Як деҳаи ноҳияи Ҷайҳун.

Бо гузашти ду рӯз аз куштори бераҳмонаи як оила дар ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир), то ҳанӯз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса шарҳе надодааст. Аҳлиддин Маҳмадов , падари 39-солаи хонавода бо се фарзандаш дар ҳодисаи шаби 12-уми июн кушта шуданд, Латофат Азизова - ҳамсари ӯ дар ҳолати кома қарор дорад. Писари 11-солаи ин оила низ дар бемористон аст.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар ВКД исми аъзои хонаводаи Маҳмадовҳоро ирсол кард. Инҳо:

Маҳмадов Аҳлиддин Рустамович, соли таваллуд 1982

Азизова Латофат Азизовна, соли тавалуд 1985

Маҳмадова Гулрухсор

Маҳмадова Саломатхон Аҳлидиновна, соли таваллуд 2007

Маҳмадова Саодат, соли таваллудаш 2008

Ҳодиса рӯзи 12 июн дар деҳаи Тарғоқ рух дода ҳанӯз сабаби куштори мудҳиш маълум нест. Ба иттилои тасдиқношуда, афроди номаълум аъзои оиларо бо табар ба қатл расондаанд. Мақомоти ноҳияи Ҷайҳун ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тафтишот идома дорад, сокинони деҳа ба бозпурсӣ даъват шудаанд. Пайвандони кушташудаҳо гуфтанд, феълан дар робита ба ин ҳодиса ҳеҷ кас боздошт нашудааст. Ноҳияи Ҷайҳун дар 161-километрии ҷануби Душанбе ва наздик ба сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон ҷойгир аст. Аксар сокинонаш аз роҳи кишоварзӣ рӯзии худро таъмин мекунанд.

Ҷасади сарбози ғарқшуда дар Рӯшон пас аз 10 моҳ ёфт шуд

Рӯдхона дар Бадахшон

Ҷасади Қандилҷон Воҳидов, сокини ноҳияи Ёвон ва сарбози як қисми марзбонӣ дар ноҳияи Рӯшонро баъд аз даҳ моҳи ғарқшавияш пайдо намуда, ба пайвандонаш расондаанд. Қандилҷон Воҳидов ҳамроҳ бо ҳамхидматаш Сироҷиддин Ятимов, 29-уми сентябри соли гузашта зимни талоши наҷоти як хонандаи мактаб аз худкушӣ дар рӯдхонаи Бартанг, ғарқ шуда буданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабари дарёфти ҷасадро тасдиқ намуд,вале ҷузъиёт надод. Аммо шоҳидон ва корбарони Радиои Озодӣ гуфтанд, пас аз шиносоӣ шуданаш ҷасади сарбозро ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Ёвон ба хок супоридаанд. Дар бораи тақдири Сироҷиддин Ятимов, чизе гуфта намешавад. Ин ду сарбоз дар ҳоле ғарқ шуданд, ки то анҷоми мӯҳлати хидматашон ҳамагӣ чанд рӯзи дигар монда буд. Дар ҳамин ҳол дирӯз, ҷасади Ардаршери Амриддини 8-соларо баъди 4 рӯзи ҷустуҷӯ 200 метр поёнтар аз маҳалли ғарқ шуданаш пайдо ва дафн карданд. Писарбача рӯзи 9 уми июн дар канали деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Хуросон ғарқ шуда буд. Барои дарёфти ҷасад сокинони маҳаллӣ даст ба кор шуданд ва танҳо баъд аз кам кардани оби канал онро ёфтанд.

Мӯҳлати таъйиннамудаи Русия барои қонунӣ кардани ҳузури хориҷиён ба поён мерасад

Муҳоҷирони корӣ дар Русия. Акс аз бойгонӣ.

Пас аз 15-уми июн мӯҳлати имтиёз барои муҳоҷирон дароз намешавад. Вале фармоне нашр мегардад, ки барасмиятдарории муҳоҷиронро соддатар мекунад. Дар ин бора Вадим Коженов, раҳбари Федератсияи муҳоҷирон дар Русия дар сӯҳбат бо радиои “Говорит Масква ”баён доштааст.

Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия аз он нигаронӣ кард, ки агар ин қарор то 15-уми июн имзо нашавад, кормандони мақомоти интизомӣ имкон пайдо мекунанд, ки дар давоми чанд рӯз шаҳрвандони хориҷиро ҷарима баставу онҳоро ихроҷ намоянд. Аммо пас аз нашри фармони нав муҳоҷирон барои бекор кардани қарори ҷаримаву ихроҷ ба суд муроҷиат хоҳанд кард.

Рӯзи 15-уми июн мӯҳлати таъйиннамудаи Вазорати корҳои дохилии Русия барои қонуни кардани ҳузури хориҷиён ба поён мерасад. Бо назардошти он, ки парвози доимӣ миёни Душанбеву Маскав аз 1- уми апрел шурӯъ шуд, муҳоҷирони тоҷик то 30-юми июн ҳаққи дуруст кардани сандаҳояшонро доранд. Ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ баъди 30-юми июн дар назар аст.

Сафорати Чин изҳороти Гурӯҳи Ҳафтгонаро танқид кард

Гашти низомии артиши Чин дар минтақаи Шинҷон

Сафорати Чин дар Лондон изҳороти муштараки сарони кишварҳои узви Гурӯҳи Ҳафтгонаро рад карда гуфт, ки ин кори онҳо мудохила ба умури дохилии Чин аст ва интиқоди Пекин аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Шинҷону Ҳонгконгро ҳамчун «дасткориҳои сиёсӣ» танқид кард. Бо сабаби сиёсати Пекин дар Шинҷон - ҳукумати Чин мавриди интиқоди афзояндаи байналмилалӣ аст, ИМА тарзи муносибати ҳукумат ба уйғурҳо, ки аз аққалиятҳои бумии мусалмон мебошанд, бо истилоҳи «наслкушӣ» маҳкум кардааст. Дар изҳороти муштараки Гурӯҳи Ҳафтгона омадааст: «Мо арзишҳои худ, аз ҷумла, аз роҳи даъвати Чин ба эҳтироми ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ, ба вижа дар робита бо Шинҷон ва ҳуқуқу озодиҳо ва мухторияти сатҳи баланди Ҳонгконгро эҳтиром мекунем».

Ширкати Байден дар ҷаласаи сарони кишварҳои НАТО

13-уми июн, Бритониё. Президенти ИМА Ҷо Байден дар ҷаласаи Гурӯҳи Ҳафтгона иштирок кард

Президенти ИМА Ҷо Байден имрӯз дар Брюссел аст. Рӯзи 14-уми июн ин ҷо ҷаласаи сарони кишварҳои узви НАТО барпо мешавад ва сафари Байден баъди чор соли раёсатҷумҳурии пуршебу фарози Доналд Трамп ҳамчун аломати барқарор шудани равобити Вашингтон бо ҳамкорони фароатлантикиаш арзёбӣ мешавад. Дар ҷаласа Байден ва ҳамаи сӣ раҳбари кишварҳои узви ин паймони низомӣ ширкат хоҳанд кард. Як мулоқоти хусусии Байден бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳам дар назар аст. Дар се соли охир ду раҳбар бо сабаби пандемияи коронавирус бо ҳам гуфтугӯи рӯбарӯ накардаанд, аз ин рӯ як бастаи масоили доғе дар равобити дуҷонибаву бисёрҷониба ҷамъ шудааст. Дар миёни ин масъалаҳо ҳам Афғонистон ва хуруҷи нирӯҳо, ҳам Русия ва Чин ва ҳам хароҷоти дифоӣ ёд мешавад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG