Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи рӯҳонӣ Абдуллобеки Язғуломиро ба додгоҳ фиристодаанд


Абдуллобек Қувватбеков (Мавлавӣ Абдуллобеки Язғуломӣ)
Абдуллобек Қувватбеков (Мавлавӣ Абдуллобеки Язғуломӣ)

Додситонии шаҳри Хоруғ парвандаи рӯҳонӣ Абдуллобек Қувватбеков, машҳур бо лақаби Мавлавӣ Абдуллобеки Язғуломиро барои муҳокима ба додгоҳ фиристодааст. Ӯ ба "даъват ба ифротгароӣ тавассути Интернет" гумонбар аст.

Як манбаъ дар Додситонии Хоруғ 8-уми сентябр гуфт, парвандаро дар аввали ҳамин ҳафта ба додгоҳ фиристоданд.

Қувватбеки Қувватбек, бародари Абдуллобек Қувватбеков, мегӯяд, аз додгоҳ ба онҳо гуфтаанд, 13-уми сентябр чаҳор узви оилаашон дар мурофиа иштирок кунад. “Ба мо фаҳмонданд, ки ҳукмашро эълон мекунанд. Намедонем, чӣ хоҳад шуд”, -- гуфт ӯ.

Абдуллобек Қувватбеков (Мавлавӣ Абдуллобеки Язғуломӣ) рӯзи 18-уми июни имсол ҳамроҳ бо бародараш Иззатулло Қувватбеков дар Душанбе дастгир шуд. Бародарашро пас аз як ҳафта раҳо карда, худро ӯро ба маркази вилояти Бадахшон бурданд.

Боздошти Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки наворҳои зиёди ӯ дар бораи ваҳдати динию миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд. Баъзе аз манобеъ гуфтанд, ин рӯҳонӣ бештар бо табобати беморони рӯҳӣ ва дуохонӣ машғул буд.

XS
SM
MD
LG