Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макони нигаҳдории Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ ва бародараш маълум шудааст


Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ (Абдулло Қувватбеков) рӯзи 18-уми июн боздошт шудааст
Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ (Абдулло Қувватбеков) рӯзи 18-уми июн боздошт шудааст

Макони нигаҳдории Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ (Абдулло Қувватбеков) ва бародараш Иззатулло Қувватбеков, ки рӯзи 18-уми июн боздошт шуда буданд, барои пайвандонаш маълум шудааст.

Мақомоти тафтишотӣ ба пайвандонаш гуфтаанд, ки онҳо дар бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва нисбаташон тафтишотӣ пешакӣ оғоз шудааст. Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сомонӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд ва шарҳ надоданд, ки онҳо бо чӣ ҷурм боздошт шудаанд.

Пештар наздикони Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ гуфта буданд, ки субҳи 18-уми июн гурӯҳи ҳашт нафараи кормандони мақомоти интизомӣ манзили зисти Мавлавӣ Абдуллоҳи Язғуломиро ҷустуҷӯ карданд ва ӯро бо бародараш боздошт карданд. Аз манзили ӯ чанд китоби мазҳабӣ ва 80 ҳазор доллар пайдо шудааст, ки мақомот онҳоро низ мусодира кардаанд. Ин маблағе будааст, ки ба гуфтаи наздиконаш ӯ барои хариди ҳавлӣ барои фарзандаш ҷамъ карда будаааст.

Наздиконаш рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ду нафар муфаттиш рӯзи 20-уми июн бо либоси мулкӣ барои гирифтани баёнот ба манзили зисташон омаданд.

Қувватбек Қувватбеков, бародари Мавлавӣ Абдулло дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, муфатишон ба ӯ ва дигар пайвандонаш суолҳои зиёд доданду забонхат гирифтанд. “Аз ман пурсиданд, ки ӯ чӣ таълимот медод, ба куҷо дуъохонӣ мерафт, киҳо ба назди ӯ меомаданд, ба чӣ корҳо машғул буд ва суолҳои дигар доданд. Ман гуфтам, ки дар хона ба таълими фарзандон машғул буд ва гоҳ-гоҳ даъваташ мекарданд ва дуо мехонд.”,-- мегӯяд бародари ӯ.

Ӯ афзуд, ин ду нафар муфаттишоне буданд, ки рузи 18-уми июн омада хонаро кофтанд ва китобҳои диниро якҷо бо 80 ҳазор доллар бурданд.

Пайвандонашон гуфтанд, ки аз замони боздошт то кунун онҳоро надидаанд.

Мақомот ҳанӯз шарҳ надодаанд, ки ин ду бародарро барои чӣ боздошт кардаанд.

Боздошти Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки наворҳои зиёди ӯ бо мавъизаҳои пуршӯри динӣ ва даъватҳои ваҳдати динию миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд. Манбаъҳои дигар мегӯянд, ин рӯҳонӣ бештар бо табобати беморони рӯҳӣ ва дуохонӣ машғул будааст.

XS
SM
MD
LG