Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуд


Абдуллобек Қувватбеков, маъруф ба Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ
Абдуллобек Қувватбеков, маъруф ба Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ

Додгоҳи шаҳри Хоруғ Абдуллобек Қувватбеков, маъруф ба Мавлавӣ Абдуллои Язғуломиро барои “Даъват ба ифротгароӣ тариқи Интернет” ба муҳлати панҷ сол ва ду шогирдашро ба чорунимсолӣ равонаи зиндон кард.

Наздикони Қуваватбеков ҳукмро ноодилона хонданд.

Як манбаъ аз додгоҳи Хоруғ рӯзи 17-уми сентябр ба шарти зикр накардани номаш гуфт, ду тан аз шогирдони ӯ низ ба чорунимсолии зиндон маҳкум шуданд. Ба гуфтаи ӯ, Имомиддин Алиев ва Назриддин Шукуров ҳамдеҳагони Абуллобек Қувватбеков буданд.

Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ бо дархости мақомоти вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нимаи моҳи июн дар шаҳри Душанбе боздошт шуда буд.

Қувватбек Қувватбеков, бародари Абдуллобек рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар додгоҳ ӯ ҳукмро ноодилон хонд.

“Дар сухани охираш гуфт, ки фақат барои давлату кишвараш хизмат кард ва вақте президент гуфт, ки ҷавонони донишҷу аз Эрон оварда шаванд, даҳҳо нафар бо ташвиқи ӯ баргаштанд. Дар маъракаи даъвати ҷавонон ба артиш ҷавонони деҳаро даъват мекард, ки ба хизмат раванд. Ӯ гуфт, ки наход барои ду навор хизматҳои дигари ӯро ба назар нагиранд ва зиндаонаш кунанд.”,- гуфт Қувватбек Қувватбеков.

Бародараш гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят хоҳанд бурд.

Абдуллобек Қувватбеков (Мавлавӣ Абдуллобеки Язғуломӣ) рӯзи 18-уми июни имсол ҳамроҳ бо бародараш Иззатулло Қувватбеков дар Душанбе дастгир шуд. Бародарашро пас аз як ҳафта раҳо карда, худи ӯро ба маркази вилояти Бадахшон бурданд.

Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ зодаи ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ буда, дар ин ноҳия аз эътибори хос бархӯрдор аст. Наворҳои зиёде аз маъвизаҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, вале маълум нест, кадом еаз онҳоро мақомот "даъват ба ифротгароӣ" унвон кардааст.

XS
SM
MD
LG