Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари рӯҳонии тоҷикро раҳо карданд, худашро не


Абдуллобек Қувватбеков, рӯҳонии тоҷик
Абдуллобек Қувватбеков, рӯҳонии тоҷик

Изатулло Қувватбеков, бародари Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ, ки ду ҳафта пеш бо бародараш боздошт шуда буд, озод шудааст.

Изатулло Қувватбеков ва бародараш Абдуллобек Қувватбеков рӯзи 18-уми июн дар шаҳри Душанбе боздошт шуда буданд.

Пас аз раҳоии яке аз бародарон, мақомот муҳлати ҳабси Абдуллои Язғуломиро барои ду моҳи дигар дароз карданд ва ӯро ба боздоштгоҳи муваққатии рақами аввал (СИЗО) интиқол додаанд. Бино ба иттилои як манбаи наздик ба тафтишот, дар нисбат ба Абдулллобек Қувватбеков бо иттиҳоми “Даъвати ифротгароӣ тариқи Интернет” парванда боз шудааст.

Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ муҷозот бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ин ҳамсуҳбати мо шарҳ надод, ки сабаби раҳоии бародари рӯҳонӣ ва тамдиди муҳлати боздошти Абдуллои Язғуломӣ дар чист, вале афзуд, ки “наздиконаш метавонанд бо ӯ мулоқот кунанд.”

Қувватбек Қувватбеков, бародари Мавлавӣ Абдулло ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои ӯ хӯрок мебаранд, вале аз рӯзи боздошташ ба ин тараф ӯро надидаанд ва мулоқот ҳам накардаанд.

Ҳафтаи гузашта дар ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ, зодгоҳи Абдуллобек Қувватбеков чанд сокин барои раҳоии ӯ гирдиҳамоӣ кардаанд. Як тан аз сокинони ноҳияи Ванҷ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки эътирозгарон аз тарафи кормандони милиса пароканда шуданд ва се нафар аз онҳо боздошт шудаанд, вале пас аз се рӯз раҳо шуданд.

Дар навори видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, онҳо аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, Мавлавиро раҳо кунанд.

Пештар наздикони Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ гуфта буданд, ки субҳи 18-уми июн гурӯҳи ҳашт нафараи кормандони мақомоти интизомӣ манзили зисти Мавлавӣ Абдуллоҳи Язғуломиро ҷустуҷӯ карданд ва ӯро бо бародараш боздошт карданд. Аз манзили ӯ чанд китоби мазҳабӣ ва 80 ҳазор доллар пайдо шудааст, ки мақомот онҳоро низ мусодира кардаанд. Ба гуфтаи наздиконаш, ин маблағе буд, ки ӯ ба хотири хариди ҳавлӣ барои фарзандаш ҷамъ карда буд.

Боздошти Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки наворҳои зиёди ӯ бо мавъизаҳои динӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд. Дар бархе аз наворҳо ӯ бо лаҳни сахт суҳбат мекунад. Маълум нест, ки кадоме аз навори суҳбати ӯ боиси боздошташ гаштааст. Мақомот низ ҷузъиёти парвандаи ӯро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG