Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқи қазияи марги Умар Бобоҷонов дар пайи интиқоди СММ


Умар Бобоҷонов.

Баъд аз се соли талошу додхоҳӣ, Додситонии кулли Тоҷикистон падари Умар Бобоҷонов, як сокини шаҳри Ваҳдатро расман ҷабрдида эътироф кард. Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ки ин қазияро дунбол мекунад бо пахши як хабар дар сомонаи расмиаш гуфт, бори чорум таҳқиқи марги ин ҷавон аз сар гирифта шуд.

Ахиран Кумитаи зидди шиканҷаи СММ аз он нигаронӣ кард, ки Додситонии кулли Тоҷикистон солҳои охир дар мавриди шиканҷа 89 шикоят дастрас кард, аммо фақат 4 корманди сохторҳои ҳифзи қонун ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Ин парванда ҳанӯз ду соли пеш ба далели ёфт нашудани гунаҳкори қазия аз тарафи Додситонии шаҳри Ваҳдат баста шуда буд.

Умар Бобоҷонов, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Санкт-Петербурги Русия, ки ба иддаои наздиконаш гӯё аз тарафи маъмурони пулис барои риш доштан латту кӯб шудааст, моҳи сентябри соли 2015 баъд аз як ҳафтаи беҳушӣ дар бемористон даргузашт.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз сар гирифтани таҳқиқи марги Умед Бобоҷоновро умеде барои тантанаи адолат медонанд ва мегӯянд, эҳтимолан ин дафъа мақомот "муйро аз хамир" ҷудо мекунанд.

"Бегуноҳӣ" пас аз чаҳор бор таҳқиқи қазия

Гулчеҳра Холматова, вакили дифои хонаводаи Умар Бобоҷонов, рӯзи 24-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи қазия бо дастури Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи июн аз сар гирифта ва тафтиши пешакӣ ҳам дар ин ниҳод шурӯъ шудааст. Холматова афзуд, "тафтиши қазия аз сӯи додситони Ваҳдат боздошта шуда буд, баъди ин Додситони кулл ин қарорро бекор кард ва тафтиши парвандаро зери назари худ гирифт".

Гулчеҳра Холматова, вакили дифоъ.
Гулчеҳра Холматова, вакили дифоъ.

Бори чорум аз сар гирифтани таҳқиқи қазияи марги Умар Бобоҷонов ва расман ҷабрдида эътироф шудани падари ӯ Маҳмадсаид Бобоҷонов дар ҳолест, ки ахиран Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид аз он нигаронӣ кард, ки маъмурони ҳифзи ҳуқуқ барои шиканҷа ва рафтори дағалона дар Тоҷикистон беҷазо мемонанд.

Аз ҷумла аз қазияи Умар Бобоҷонов ҳам дар ин нишаст ёдоварӣ шуда, барои нотамом мондани ин парванда ҷониби Тоҷикистон танқид шунид. Дар пайи таъкидҳои ин созмон, Додситони кулл ҳам таҳқиқи қазияи марги Умар Бобоҷоновро зери назароти худ гирифт.

Дар пайи марги Умар Бобоҷонов дар се соли қабл Додситонии кулли Тоҷикистон парванда боз карда, таҳқиқи қазияро Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, таҳти назорат гирифта буд. Аз ҷумла, он вақт Рамазон Раҳимзода барои таҳқиқи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ тафтишотӣ таъсис дод, вале баъдан дар бораи натиҷаҳои ин таҳқиқот гузорише нашуд.

Марги Умар -- аз латукӯб ё аз мастӣ?

Танҳо додситонии шаҳри Ваҳдат гуфт, ки ба далели наёфтани гунаҳкорони қазия парвандаро бастааст. Баъд аз ин Маҳмадсаид Бобоҷонов, сокини шаҳри Ваҳдат, барои тафтиши беҳосили марги писари 23-солааш Умар Бобоҷонов аз Додситонии кулли Тоҷикистон 350 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хоста буд.

Умар Бобоҷонов.
Умар Бобоҷонов.

Дар ҳоле, ки хонаводаи Умар Бобоҷонов иддао доранд, ӯ барои риш мавриди латту кӯб қарор гирифта, баъдан дар бемористон даргузашт, дар сӯҳбатҳои ҷудогона бархе аз маъмурони пулиси шаҳри Ваҳдат гуфта буданд, ки гӯё Умар Бобоҷонов шаби 28-уми августи соли 2015 дар ҳолати мастӣ буд ва ба ҷӯйбори бетонӣ сарозер шуда, аз ҳуш рафт.

Ҳоло омори дақиқи чунин қазияҳои нотамом рӯи даст нест, аммо чандин қазияҳое расонаӣ шудааст, ки таҳқиқи қазияҳо ниҳоӣ нашуда гоҳи дигар парвандаҳо бо сабабҳои гуногун баста шуданд.

Намунаҳои дигари шиканҷа аз сӯи кормандони интизомӣ

Як мисоли рӯшан дар ин маврид, марги мармузи Исмонбой Бобоев, сокини Исфара дониста мешавад, ки соли 2010 аз тарафи кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккилона дастгир шуд ва зоҳиран "баъди азобу шиканаҷаи онҳо", ҳалок шуд. Дар ин муддат таҳқиқи марги Исмонбой Бобоевро 7 дафъа бо ҳар баҳона боздошта шуд ва ин таҳқиқ баъди 8 сол аз сар гирифта шуд.

Намунаи дигар марги Дилшодбек Муродов дар боздоштгоҳи рақами 3/1 - Вазорати адлия дар шаҳри Душанбе будааст, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, эҳтимолан бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидааст. Баъди тафтиш мақомоти интизомӣ дар ниҳоят ба хулосае омадаанд, ки "бинобар маълум нашудани шахси муттаҳам ба ҷиноят", парванда қатъ карда шуд.

Тибқи як таҳлили Эътилофи зидди шиканҷа дар шаш соли ахир 200 нафар аз амалкардҳои мақомоти интизомӣ, аз ҷумла шиканҷаву бадрафторӣ ба ҳомиёни ҳуқуқ шикоят кардаанд.

Ахиран Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид аз он нигаронӣ карда, дар хулосаи худ гуфт, ки Додситонии кулли Тоҷикистон солҳои охир дар мавриди шиканҷа 89 шикоят дастрас кард, аммо фақат чаҳор корманди сохторҳои ҳифзи қонун ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Вобаста

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG