Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омилони шиканҷаи Комил Хоҷаназаров аз 12 то 13 сол зиндонӣ шуданд


Додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд рӯзи 19-уми июн ду корманди мақомоти интизомии минтақаро бо ҷурми шиканҷаи Комил Хоҷаназаров, узви собиқи ҲНИТ дар ноҳияи Ашт, ба зиндон андохт. Бино ба ҳукми додгоҳ, Латифҷон Юлдошев – масъули собиқи Шуъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати корҳои дохилии Суғд ба 13 сол ва Муҳаммад Наимов – корманди пешини шуъбаи амният дар ноҳияи Ашт ба 12 соли ҳабс маҳкум шудааст.

Комил Хоҷаназаров соли 2017 баъд аз боздошту раҳоӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ худкушӣ кард ва дар наворе онҳоро дар азобу шиканҷа айбдор намуд.

"Шамсиддинов таҳти ҷустуҷӯ аст"

Муҳокимаи ин ду нафар паси дарҳои баста сурат гирифт ва ҷузъиёташ ба мо дастрас нест. Қаблан баъзе аз манобеъ гуфтанд, ки алайҳи Латифҷон Юлдошев ва Муҳаммад Наимов бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “шиканҷа”, “ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан” ва “аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё суд маҷбур сохтан ба додани нишондод” - айб эълон шуда буд.

Бахтиёр Насруллоев
Бахтиёр Насруллоев

Вале вакилони дифоъ зимни суханронии ниҳоии худ гуфтаанд, ки Латифҷон Юлдошев ва Муҳаммад Наимов дар боздошти ғайриқонунӣ ва азобу шиканҷаи Комил Хоҷаназаров даст надоранд ва додгоҳ онҳоро аз толор озод кунад.

Бахтиёр Насруллоев, вакили дифои Латифҷон Юлдошев, рӯзи 19-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳукми додгоҳро ғайримунсифона донист ва гуфт, "бозбинии парвандаро талаб хоҳанд кард". Ӯ афзуд, нафари таҳти ҳимояташ дар боздошт ва шиканҷаи Комил Хоҷаназаров даст надорад. "Юлдошев он замон барои адои кори хидматии дигаре дар ноҳияи Ашт қарор дошт ва Хоҷаназаров дар навори видеоии қабл аз худкушиаш низ аслан аз Юлдошев ном набурдааст", - афзуд ӯ.

​Таҳқиқи худкушии Хоҷаназаровро Додситонии ҳарбии Суғд баҳори имсол анҷом дода, ба додгоҳ фиристода буд. Бар асоси он, Шӯҳрат Шамсиддинов, корманди раёсати ВКД дар Суғд низ дар шиканҷа ва боздошти ғайриқонунии Комил Хоҷаназаров гумонбар дониста мешавад. Аммо мақомот гуфтанд, ӯ қабл аз боз шудани парванда фирор карда, ҳоло таҳти ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор гирифтааст.

Ин сокини ноҳияи Ашт дар навори пеш аз худкушиаш гуфтааст, маъмурони милиса ҳар дафъа ба бозпурсӣ даъват карда, таҳти фишору шиканҷа қарор медоданд

Худкушии Комил Хоҷаназаров

Латифҷон Юлдошев ва Муҳаммад Наимов моҳи марти ҳамин сол боздошт шуда, замони тафтиши парванда дар СИЗО-и рақами дуи Хуҷанд нигаҳдорӣ шуданд.

Ҳодисаи худкушии Комил Хоҷаназарови 31-сола, сокини шаҳраки Шайдон, маркази ноҳияи Ашт ва узви собиқи ҲНИТ баъд аз он ошкор гардид, ки навори пеш аз худкушии ӯ бо садояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Ӯро мақомоти милиса тобистони соли 2017 ҳамроҳи 15 узви собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ боздошт ва пас аз чанде озод карданд.

Комил Хоҷаназаров дар навори пеш аз худкушиаш нақл кард, ки замони дар боздошт будан шиканҷа шуд ва маъмурони милиса танҳо баъди гирифтани маблағ раҳояш карданд. Инчунин, ба нақли ӯ, маъмурони милиса баёноти ӯро, ки соли 2014, яъне дар замони фаъолияти қонунии ҲНИТ ба сафи ин ҳизб даъват шуда буд, бо зӯру шиканҷа ба соли 2016, яъне пас аз як соли баста будани ин ҳизб иваз кардаанд.

Баъзе барканорӣ дар пайи ин ҳодиса

Ин сокини ноҳияи Ашт дар навори пеш аз худкушиаш гуфтааст, бо ин ҳам азобаш поён наёфт ва маъмурони милиса ҳар дафъа ба бозпурсӣ даъват карда, таҳти фишору шиканҷа қарор медоданд. "Маҷбур мекарданд, ки бар зидди ҳамҳизбони собиқ баёноти дурӯғ диҳам", - гуфтааст ӯ.

Шаҳраки Шайдон, маркази ноҳияи Ашт
Шаҳраки Шайдон, маркази ноҳияи Ашт

Пас аз сайри ин навор аввали соли равон дар интернет мақомот ҷасади Комил Хоҷаназаровро аз қабр берун ва аз нав ташхис карданд ва баъди ошкор шудани изу аломатҳои шиканҷа, парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардид. Дар пайи ин ҳодиса Парвин Комилов, сардори шуъбаи амният дар ноҳияи Ашт аз кор сабукдӯш гардид. Ҳоло вазифаи ӯро муваққатан як корманди раёсати Кумитаи амнияти вилояти Суғд иҷро мекунад.

Даъвои ҲНИТ ва радди мақомот

Баррасии парвандаи боздошти ғайриқонунӣ ва "шиканҷа"-и як узви собиқи ҲНИТ дар ноҳияи Ашт дар ҳоле ниҳоӣ ва омилонаш ба зиндон маҳкум шуданд, ки ҳафтаи гузашта ин ҳизби дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯъ бо пахши як баёния аз боздошту таъқиби аъзои собиқаш ва хонаводаҳои онҳо дар дохили кишвар нигаронӣ кард.

Дар баёнияи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, ки рӯзи 11-уми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид, аз ҷумла омадааст, аз нимаи дувуми соли 2017 ба ин тараф ҳудуди 100 нафар аз аъзои собиқи ин ҳизб ва хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон мавриди боздошт ва таъқиб қарор гирифтаанд.

Аммо мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон ин изҳороти ҲНИТ-ро "беасос" хонданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG