Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми СММ ба Тоҷикистон: ҳуқуқи башар бояд риоя шавад, ҳатто ҳангоми мубориза бо терроризм


Эндрю Гилмор. Акс: UN Photo/Manuel Elias

Дар доираи сафари дурӯзаи ёвари Дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқи инсон Эндрю Гилмор ба Душанбе, мулоқоти ӯ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ яке аз ширкатдорони ин нишаст Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони "Перспектива +" хабар дод. Вай гуфт, ки мулоқот дар нимаи аввали рӯзи 14 май дар идораи СММ дар

Дар баробари баррасии масоили марбут ба озодии баён, ҳақи озоди ташкили таҷаммӯъ, фаъолияти бемаҳдудияти расонаҳои интернетӣ, Гилмор ҳамчунин аз мақомоти тоҷик даъват хоҳад кард, ки дар амри мубориза бо терроризм мурооти ҳуқуқи башарро фаромӯш накунанд

Душанбе ҷараён гирифт ва дар кори ин нишасти намояндагони чандин созмони мудофеи ҳуқуқи инсон, назири Эътилофи зидди шиканҷа, "Нотабене", раҳбари анҷумани адвокатҳои Тоҷикистон ва дигарҳо иштирок карданд. Дар ин нишаст сӯҳбат аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва шароити кори созмонҳои масъули ҳалли ин масоил рафтааст. Эндрю Гилмор дар ин мулоқот гуфтааст, ки дар бисёр нуқоти ҷаҳон кори фаъолони ҳуқуқ мушкил мешавад ва СММ омода аст, ки барои ҳимояи онҳо дар иҷрои рисолатҳои касбиашон дасти ёрӣ дароз кунад.

Экстремизми дунявӣ ва динӣ

Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ки дар сӯҳбати худ таваҷҷӯҳи мақоми баландпояи СММ-ро ба масъалаи мубориза бо тундгароӣ ҷалб кард. Вай гуфт, одат шудааст, ки дар ин мавзӯъ бештар аз назари "экстремизми исломӣ ё динӣ" муроҷиат мешавад, "дар ҳоле, ки экстремизми дунявӣ ҳам зиёд аст":

Эндрю Гилмор

Эндрю Гилмор дипломати бритониёӣ буда, аз октябри соли 2016 вазифаи ёвари Дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқи инсонро иҷро мекунад.

Ӯ аз соли 1989 ба ин сӯ дар сохторҳои СММ фаъолият мекунад ва дар қароргоҳҳои ин созмон дар Афғонистону Покистон, Косово, Ховари Миёна ва Африқои Ғарбӣ кор кардааст. Солҳои охир ба ҳайси муовини намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар Ироқ Судони Ҷанубӣ кор кардааст.

Ихтисосаш улуми сиёсӣ ва журналистика мебошад.

"Гуфтам, ки экстремизме, ки дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ҷанбаи иқтисодиву иҷтимоӣ дорад. Чунки дар манотиқе, ки мақоми дин бисёр сахт буд - навоҳии Раштро дар назар дорам, аз он ҷо тамоман кам аст, назар ба он манотиқе, ки дар он ҷо дин сахт мустаҳкам нашуда буд".

Ба андешаи Бобоназарова, мушкилоти мисли қашшоқӣ, бекорӣ ва набуди адолати додгоҳӣ метавонад боиси тундгаро шудани ҷомеа шавад. Ишораи ин фаъоли ҳуқуқи башар ба майли садҳо ҷавони тоҷик ба гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" буд, ки дар қаламравҳои Сурияву Ироқ қарор доранд. Мақомот мегӯянд, ки баъди соли 2014 беш аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон ба ин қаламравҳо рафта, 500 нафари онҳо кушта шудааст.

Паём ба мақомот: дар мубориза бо терроризм ҳуқуқи башар фаромӯш нашавад

Рӯзи 14 май як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки дар доираи сафараш ба Душанбе Гилмор қарор аст бо муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳам дидор кунад. Сухангӯи Дафтари ҳуқуқи башари СММ Фред Кирунги шоми 14 май аз шаҳри Ню-Йорк ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 15 май дидору гуфтугӯҳои Эндрю Гилмор бо мақомоти тоҷик, аз ҷумла масъулини вазоратҳои умури хориҷӣ ва адлия, додситонии кулл дар назар аст.

Як мулоқот дар донишгоҳи давлатии милии Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқи башар баргузор хоҳад шуд. Ӯ гуфт, ки "дар баробари баррасии масоили марбут ба озодии баён, ҳақи озоди ташкили таҷаммӯъ, фаъолияти бемаҳдудияти расонаҳои интернетӣ, Гилмор ҳамчунин аз мақомоти тоҷик даъват хоҳад кард, ки дар амри мубориза бо терроризм мурооти ҳуқуқи башарро фаромӯш накунанд".

​Дар дафтари Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон аз сафари мақоми баландпояи СММ изҳори бехабарӣ карда гуфтанд, ки илова ба ин, раҳбари ин идора Зариф Ализода дар сафари хориҷӣ қарор дорад.

Бачабозӣ - дар Афғонистон ҷиноят арзёбӣ шуд

Эндрю Гилмор баъди боздидаш аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шуд. Ӯ дар Кобул бо мақомоти баландпояи Афғонистон, аз ҷумла президент Ашраф Ғанӣ мулоқот кард. Дар ҷараёни сафари чоррӯзааш ба Кобул, ки 11 май анҷом ёфт, Эндрю Гилмор аз омодагии мақомоти Афғонистон дар амри беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар истиқбол кард ва гуфт, ки ҳамоно ҷомеа дар ростои масоили ҷиддӣ қарор қарор дорад.

Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

Ӯ, аз ҷумла, ҳодисаҳои ҳамла ба афроди мулкӣ, ки ғолибан аз ҷониби тундгароҳо содир мешавад ва табъизи занон дар ҳама сатҳҳоро интиқод кард. Гилмор аз пешрафт дар муқобила бо чанд масоиди ҷиддии ҷомеа, мисли ба Кодекси ҷиноии Афғонистон ворид кардани муҷозот барои шиканҷа, хушунат нисбати занон ва бачабозиро ҳамчун қадами мусбат дар амри мубориза бо ин падидаҳо ситоиш кард.

Тоҷикистон ва масоили ҳуқуқи башар

Сафари масъули ҳуқуқи башари СММ ба Душанбе дар марҳилае сурат мегирад, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар арзёбиҳои солҳои охири СММ ва созмонҳои байналмилалии дигар интиқод мешавад. Масоили мавриди интиқоди ташкилоти мисли Human Rights Watch, Amnesty International ва дигарҳо – шиканҷаву бадрафторӣ нисбати боздоштшудаҳо, масъалаи зиндониҳои сиёсӣ ва набуди дастрасӣ ба додгоҳҳои шаффофу одилона мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон пайваста гуфтааст, ки ҳуқуқи башарро муроот мекунад ва дар зиндонҳои ин кишвар ҳеҷ маҳбуси сиёсӣ нигаҳдорӣ намешавад.

Зариф Ализода
Зариф Ализода

Мулоқоти ахири мақомоти тоҷику масъулони СММ рӯзҳои 4-7 маи соли ҷорӣ дар Женева баргузор шуд. Дар нишасти Кумитаи мубориза бо шиканҷаи СММ мақомоти тоҷик ба суоли намояндаи ин созмон, ки оё мақомот, шикояти аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи шиканҷа шуданашонро таҳқиқ кардаанд, гуфтанд, ки шиканҷае вуҷуд надоштааст.

Дар ҷаласаи рӯзи 7 май Фелис Гаер, муовини раиси кумита гузоришҳо шиканҷа шудани аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро мисол оварда пурсид, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ин шикоятҳо чӣ посух дорад? Вай, аз ҷумла, гуфт: “Мо дар бораи Маҳмадалӣ Ҳаитов, Раҳматуллои Раҷаб, Умаралӣ Ҳусейнов шунидем, ки шиканҷа шудаанд. Мехостам бидонам, ки кадоме аз ниҳодҳо, шикоятҳои онҳо дар бораи шиканҷаро таҳқиқ кардаанд. Додситон буд, ё онҳо бо омбудсмен мулоқот доштанд. То куҷо шикояти онҳоро баррасӣ кардаанд ва таҳқиқ шудаанд?“

Зариф Ализода, ки ҳайати расмии Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекунад, дар посух ба ин суол гуфт, ки онҳо ҳеҷ шикояти расмие дар бораи шиканҷа нагирифтаанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG