Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равоншинос: "Муфаттиш мантиқро донад, ҷинояткор худ ба гуноҳаш иқрор мешавад"


Кормандони баъзе аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон аз давраҳои омӯзишии равоншиносӣ мегузаранд. Ҳадаф аз ташкил ва таълими равоншиносӣ ба муфаттишон ҷилавгирӣ аз шиканҷа, озору азият ва бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон аст.

Созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон истифода аз шиканҷаро дар боздоштгоҳои Тоҷикистон як падидаи роиҷ қаламдод мекунанд.

Бо тавсияи созмонҳои байналмиллӣ Тоҷикистон соли 2012 ба қонуни ҷиноӣ банди "шиканҷа"-ро ворид кард, ки дар сурати исбот шудани ин ҷиноят, ба муҷрим то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Маҳмудшоҳ Кабирӣ, равоншиноси тоҷик, барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва муфаттишон нозукиҳои равоншиносиро меомӯзонад. Ӯ рӯзи 6-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз илми раовншиносӣ бархӯрдор шудани муфаттишон дар ошкору собит сохтмони ҷинояткорон кумак мекунад.

Ӯ гуфт, "чанде аз муфаттишон дар давраҳои омӯзишии мо ширкат кардаанд. Мо дар ин давраҳо хосиятҳои равонии инсонро ба онҳо таълим медиҳем. Чунки бархе аз ҷиноятҳоро одамон дар ҳолати "аффект" содир мекунанд. Яъне, дар ҳолате, ки одамон барои рафтору амали содирмекардаашон дар назди худ ҳисоботдиҳанда нестанд, ақлашон тира шудааст".

Аз ин рӯ, Маҳмудшоҳ Кабирӣ мегӯяд, муфаттишон, ки бо гумонбарон ва афроди ҷиноятсодиркарда сару кор мегиранд, аз донишҳои равоншиносӣ бояд бархӯрдор бошанд. "Мо дар як муддати кӯтоҳ метавонем ба муфаттишон равоншиносӣ ва мантиқро омӯзонем. Вақте онҳо аз мантиқ ва равоншиносӣ огоҳ мешаванд, аз истифодаи зӯроварӣ ва нерӯи физикӣ нисбат ба пурсидашавандагон даст мекашанд. Чун вақте онҳо одамро мешиносанд ва мантиқро медонанд, ҳоҷат ба зӯроварӣ нест, он одам худаш ҳама чизро нақл карда медиҳад", - иброз дошт Кабирӣ.

Маҳмудшоҳ Кабирӣ.
Маҳмудшоҳ Кабирӣ.

Ин пажӯҳишгари тоҷик мегӯяд, солҳои дароз ӯву ҳамфикронаш талош карданд, ки аҳамияти илми равоншиносиро дар Тоҷикистон собит кунанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло дар аксар идораҳои ҳифзи ҳуқуқ равоншиносон ба ҳайси корманди штатӣ кор мекунанд, аммо фаъолияташон чандон назаррас нест.

Омӯзиши муфаттишон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолест, ки созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар дохили Тоҷикистон ва байналмилалӣ аз ҷой доштани шиканҷа дар нисбати боздошудаҳо, бахсус ҳангоми тафтишот гузориш медиҳанд.

Бино ба гузоришҳои созмони Амнести интернешнл, дар бештари ҳолатҳо муфаттишон барои гирифтани нишондод аз боздоштшуда ва иқрори гуноҳ, ӯро мавриди шиканҷа қарор медиҳанд. Ин созмон ба истинод аз гуфтаҳои вакилони дифоъ дар Тоҷикистон мегӯяд, шиканҷа дар боздошгоҳҳои марбут ба Вазорати умури дохилӣ ва маҳбасҳои тобеи Вазорати адлия низ ҷой дорад.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вакилон аз истифодаи усулҳои шиканҷае ба мисли насби ноқили барқ ба бадани боздоштшуда, овезон кардани зарфҳои пур аз об ва қуми пластикӣ ба олоти мардон, таҷовуз ва ё таҳдид ба таҷовуз, сӯзонидани пӯст бо сигор, хабар додаанд.

Бо тавсияи созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон соли 2012 ба қонуни ҷиноӣ банди "шиканҷа"-ро ворид кард, ки дар сурати исбот шудани ин ҷиноят, ба муҷрим то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аммо дар поёни моҳи майи имсол Кумитаи шиканҷаи Созмони Милал аз беҷазо мондани маъмурони ҳифзи ҳуқуқ барои шиканҷа ва рафтори дағалона дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард. Ин созмон дар гузориши худ мегӯяд, Додситонии кулли Тоҷикистон солҳои охир дар мавриди шиканҷа 89 шикоят дастрас кард, аммо фақат чаҳор корманди сохторҳои ҳифзи қонун ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG