Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини Украина афви шартиро қабул накарданд (ВИДЕО)


Виталий Кличко дар майдон
Виталий Кличко дар майдон

Раҳбарони мухолифини Украина афви шартии аз сӯи парлумон ба эътирозгарон пешниҳодшударо маҳкум мекунанд ва мегӯянд, ки он эътирозгарони боздоштшударо ба "гаравгон" дар дасти ҳукумат табдил медиҳад.

Виталий Кличко, раҳбари ҳизби мухолифи УДАР рӯзи 30 январ гуфт, "ба ҷои онки ҳароратро дар ҷомиа поён барад, ин баръакс боз болотараш хоҳад бурд." Кличко гуфт, қонуни нав ба ҳукумат имкон медиҳад, ки то замони холӣ кардани биноҳои давлатӣ эътирозгарони боздоштшударо ҳамчун "гаравгон" дар боздоштгоҳҳо нигоҳ бидорад.

Верховни Рада – парлумони Украина – баъди баҳсҳои тӯлонӣ шаби 29 ба 30 январба эътирозгарони дар ҷараёни тазоҳуроти ахир дар маркази Киев боздоштшуда афв пешниҳод кард. Аммо қонуни афве, ки парлумони Украина тасвиб кард, шартист ва танҳо дар сурате мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт, ки агар эътирозгарони дигар идораҳои давлатии тасарруфкардаашон дар пойтахт, шҳри Киеврохолӣ кунанд.

Тазоҳургарон дар ҳоли ҳозир биноҳои дастикам 3 идораи давлатиро дар дасти худ нигоҳ дошта, ба ҳайси хобгоҳ ва маркази идораи эътирозҳо истифода мебаранд. Ин биноҳо дар шароити фасли сармои Киев ба эътирозгарон, ки дар маркази шаҳр асосан дар хаймаҳо ба сар мебурданд, кумаки қобили мулоҳизае карданд.

Эътироз дар Киев идома дорад
Эътироз дар Киев идома дорад
Тазоҳургарон дар кӯчаҳои Киев субҳи 30 январ ин иқдоми ҳукуматро нокофӣ хонда, ҳамчунин бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Виктор Янукович ва эълони рӯзи интихоботи саросарӣ шиор мезаданд. Мухолифин ҳамчунин беш аз пеш ислоҳи Қонуни асосии Украинаро талаб доранд.

Вазири собиқи умури дохила ва яке аз раҳбарони мухолифин Юрий Лутсенко гуфт, мақомоти Украина бо инки чорчӯби музокиротро дар доираи пешниҳоди афви шартӣ дар ивази хуруҷи эътирозгарон аз биноҳои давлатӣ маҳдуд карданд, иштибоҳ мекунанд. Дафтари матбуоти Лутсенко аз ӯ нақли қавл кардааст, ки мегӯяд, эътирозгарон танҳо дар сурати иҷрои 3 шарти асосиашон идораҳои давлатӣ дар Киев ва сангарҳо(баррикадаҳо) дар кӯчаи Ҳрушевский дар маркази пойтахтро тарк хоҳанд кард:
  1. Барқарор кардани Қонуни асосии соли 2004
  2. Тасвиби қонуни афв аз сӯи парлумон
  3. Ташкили ҳукумати интиқолӣ ё ташкили кобина аз сӯи мухолифин.
Лутсенко дар байни эътирозгарон. 23.01.2014
Лутсенко дар байни эътирозгарон. 23.01.2014
Юрий Лутсенко ҳамчунин гуфтааст, эътирозгарон то замони эълони таърихи интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ дар бинои Иттифоқҳои касабаи Украина ва дар кӯчаи Крешатик дар маркази Киев хоҳанд монд.
Вакилони мухолифин дар иҷлосияи шаби гузашта дар Верховни Рада алайҳи афви шартӣ раъй доданд. Онҳо исрор варзиданд, ки қонуни афв бояд бидуни ягон қайду шарт бошад.

Эътирозҳо дар маркази Киев аз даҳаи сеюми моҳи ноябр, аз замоне ки раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович аз имзои қарордоди ҳамгироии бештар бо Иттиҳодияи Аврупо ба хотири сохтани равобити хубтар бо Русия даст кашид, идома доранд. Ин эътирозҳо баъди тасвиби қонунҳои “зидди эътирозҳо” аз сӯи парлумони Украина дар 16 январ шадидтар шуд ва ба хушунатҳое печид, ки то имрӯз дастикам 5 кушта ба ҷо гузоштаанд.

Таҳти фишори эътирозгарон Виктор Янукович маҷбур шуд, бо раҳбарони мухолифин пушти мизи гуфтугӯ бинишинад. Шаби 27 январ дар ин музокирот тавофуқоте ба даст омад ва бар асоси он рӯзи 28 январ Верховни Рада қонунҳои зидди эътирозҳоро, ки аз ҷумла барои ширкат дар даргириҳо бо нирӯҳои пулис то 15 соли зиндон таъйин мекард, бекор кард.

Худи ҳамон рӯз сарвазир Микола Азаров низ истеъфо дод ва гуфт, ки мехоҳад бо ин иқдом барои ҳалли буҳрони давомдори сиёсӣ дар кишвар роҳро боз кунад. Виктор Янукович дар ҷараёни музокираҳояш бо мухолифин мақоми сарвазирро ба раҳбари ҳизби Баткившина Арсений Ятсенюк ва муовинии сарвазирро ба раҳбари ҳизби УДАР ва қаҳрамони собиқи бокси ҷаҳон Виталий Кличко пешниҳод кард. Вале ҳарду пешниҳоди Януковичро рад карда, гуфтаанд, барои худ дар ҳукумати ӯ ҷое намебинанд.

Мулоқоти Эштон бо Янукович
Мулоқоти Эштон бо Янукович
Раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кетрин Эштон, ки дар Киев қарор дошт, гуфт, баъди музокироти рӯзи чоршанбе бо раисиҷумҳур Виктор Янукович гуфт, гуфтугӯ миёни Янукович ва раҳбарони мухолифин “ба хотири расидагӣ ба нигарониҳое, ки мардум дар бораи ояндаи Украина доранд, бояд ба як муколамаи воқеъӣ табдил ёбад.” Хонум Эштон аз ҷумла ба зарурати сахти ислоҳи Қонуни асосии Украина ва таъмини шароит ва баргузории интихоботҳои дар воқеъ озоду одилона дар ин кишвар таъкид кард.

Аммо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин сафарҳои мақомҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Киевро маҳкум карда, ин ҳамаро дахолат дар умури дохилии Украина ба қалам додааст. Путин рӯзи чоршанбе ҳамчунин гуфт, Русия шояд аз ҷирои уҳдадориҳояш ҷиҳати ироаи 15 миллиард доллар кумаки молӣ ба Украина то замони ташкили ҳукумати нави ин кишвар худдорӣ кунад. Маскав моҳи ноябр дар пайи аз қарордоди ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашидани Янукович, ба Украина ваъдаи чунин кумакҳои бузурги молӣ карда буд.

Леонид Кравчук
Леонид Кравчук
Рӯзи 29 январ Леонид Кравчук - раиси ҷумҳури пешини Украина, ки бар ин кишвар дар оғози солҳои 90, замони фурӯпошии Шӯравӣ раҳбарӣ мекард, дар порлумон гуфт, ки Украина дар остонаи “ҷанги шаҳрвандӣ” қарор дорад. Вай аз намояндагони порлумон хост, ки бо масъулияти том рафтор кунанд.

Украина бо 45 миллион аҳолӣ баъди Русия дувумин кишвари пурнуфустарини пасошӯравӣ ба ҳисоб рафта, бо 603 549 километри мураббаъ қаламраваш аз нигоҳи масоҳат баъди Русия дувумин кишвари бузурги қораи Аврупо шумурда мешавад. Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвар солона 338 миллиард долларро ташкил медиҳад. Вале Украина бахусус дар аҳди Виктор Янукович гирифтори мушкилоти сахти иқтисодӣ шудааст ва ба гуфтаи иқтисоддонҳо, бидуни кумакҳои бузурги молӣ аз хориҷ метавонад ба хатари варшикастагии молӣ дучор шавад. Таҳлилгарон мегӯянд, як далели забонкӯтоҳии давлати Янукович дар назди Маскав ҳамин аст.

Як пурсиши сарироҳии хабарнигорони Озодӣ дар Душанбе нишон дод, ки бисёре аз ҷавонони тоҷик таниши сиёсӣ дар Украинаро баҳси байни тарафдорони ҳамоиш бо Аврупо ва тарафдорони қаробати Украина бо Маскав аст. Назари ҷавонони тоҷикро инҷо тамошо кунед:

XS
SM
MD
LG