Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Украина талаби эътирозгаронро пазируфт (ВИДЕО)


Порлумони Украина рӯзи 28 январ 9 қонун аз бастаи иборат аз 12 қонунҳоеро, ки барои ширкат дар эътирозҳо то 15 соли зиндон муҷозот таъйин мекард, бекор кард.

Аз пешниҳоди лағви ин бастаи қонунҳо 361 вакили Верховни Рада пуштибонӣ карданд. Фраксияи коммунистҳо дар раъйдиҳӣ ширкат наварзид. Ҷаласаи ғайринавбатии порлумони Украина бо дақиқаи хомӯшӣ ба ёди 5 қурбонии эътирозҳои сиёсӣ дар ин кишвар оғоз ёфт.

Қарори лағви ин қонунҳо яке аз тавофуқотест, ки шаби 27 январ дар ҷараёни музокироти раисиҷумҳур Виктор Янукович ва раҳбарони мухолифин - раҳбари ҳизби Баткившина Арсений Ясенюк, раҳбари ҳизби УДАР ва қаҳрамони собиқи бокси ҷаҳон Виталий Кличко ва раҳбари ҳизби Свобода Олеҳ Тяҳнибок ба даст омад.

Субҳи 28 январ нахуствазири Украина ҳам эълон кард, ки ба хотири ҳамвор кардани роҳ барои ҳалли буҳрони сиёсии давомдор дар ин кишвари пасошӯравӣ истеъфо медиҳад.

Микола Азаров бо Виктор Янукович
Микола Азаров бо Виктор Янукович
Микола Азаров, нахуствазири Украина рӯзи 28 январ аз мақомаш истеъфо дод. Азаров дар як баёнияи расмӣ гуфт, “бо ҳадафи фароҳам кардани имконоти бештар барои ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ ва ҳалли мусолиматомези муноқиша аз мақомаш истеъфо медиҳад.“ Истеъфои Микола Азаров дар рӯзе сурат гирифт, ки порлумони Украина бо баргузории як ҷаласаи вижа, масъалаи фурӯ нишондани нооромиҳои думоҳа дар кишварро баррасӣ мекунад.

Раҳбари мухолифон Виталӣ Кличко истеъфои Азаровро “қадаме ба сӯйи пирӯзӣ” номид. Ин дар ҳолест, ки Янукович мақоми сарвазириро ба раҳбари дигари мухолифон Арсений Ясенчук пешниҳод кард, аммо Ясенчук пешниҳодро рад намуд.

Дар арафаи ҷаласаи порлумон Янукович бо се тан аз сарони мухолифон – Ясенчук, Кличко ва Олеҳ Тяҳнибок мулоқот дошт ва гуфт, агар тазоҳуркунандагон кӯчаву майдон ва биноҳои давлатиро тарк кунанд, афв ва аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки онҳо чандин бинои ҳукуматиро ишғол намудаанд. Қарор аст, тарҳи чунин афвро низ порлумон баррасӣ намояд.
Аммо талаби мухолифон ин аст, ки Янукович истеъфо диҳад ва дар кишвар интихоботи пеш аз муҳлат эълон шавад.

Аммо мавзӯи меҳварии ин музокирот қонунҳои баҳсбарангези 16 январ буд. Ин қонунҳо, ки чорчӯби эътирозҳоро дар Украина маҳдуд ва барои вайрон кардани муқаррароташ то 15 соли зиндон муҷозот таъйин мекард, як сабаби асосии мавҷи ахири эътирозҳо дар Украина шуда, ба он овард, ки мухолифин бинроҳои дастикам 10 ҳукумати маҳаллӣ дар вилоятҳои Украина ва чанд бинои давлатӣ дар пойтахт, шаҳри Киев, аз ҷумла бинои шаҳрдории пойтахтро тасарруф кунанд.

Вазири адлияи Украина Елена Лукаш, ки аз номи ҳукумат дар ин музокирот ширкат дошт, гуфт, дар иҷлосияи имрӯзаи Верховни Рада ҳамчунин мавзӯи масъулияти ҳукумати сарвазири кунунӣ Микола Азаров баррасӣ мешавад. Порлумон дар моҳи гузашта талаби истеъфои ҳукумати Азаровро рад карда буд.

Музокироти шаби 27 январ
Музокироти шаби 27 январ
Ҳамчунин тавофуқ шудааст, ки Верховни Рада дар сурати озод кардани биноҳо ва роҳҳои тасарруфшуда барои эътирозгарон афви саросарӣ эълон кунад.Раҳбарони мухолифин пешниҳод кардаанд, ки як қонуни вижаи афв таҳия шавад ва тамоми иштирокунандагони эътирозҳои Украинаро, ки аз 20 ноябр ба ин сӯ, қариб 50 рӯз боз идома доранд, аз масъулият раҳо кунад.

Дар айни замон, раҳбарони мухолифини Украина бори дувум ҳам аз пешниҳоди мақомҳои баланд дар ҳукумати раисиҷумҳур Виктор Янукович даст кашиданд.

Янукович ҳанӯз рӯзи 25 январ ба раҳбари ҳизби Баткившина Арсений Ясенюк мақоми сарвазирро пешниҳод карда, аз раҳбари ҳизби УДАР ва қаҳрамони собиқи бокси ҷаҳон Виталий Кличко хоста буд, то муовини сарвазир дар масоили гуманитарӣ шавад. Кличко гуфтааст, ки дар ҳукумати Янукович ҷое барои худ намебинад.

Кличко: Ман дар ҳукумати Украина ҷое барои худ намебинам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:24 0:00


Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки таҳаввули вазъ дар Украина акнун пурра ба қарорҳое вобаста аст, ки Верховни Рада имрӯз дар иҷлосияи ғайринавбатиаш хоҳад гирифт.

Буҳрони сиёсии Украина моҳи ноябр баъди он шурӯъ шуд, ки раисиҷумҳур Виктор Янукович аз имзо кардани қарордоди амгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо дааст кашида, баракс худро ба Маскав наздиктар кард. Эътирозҳо алайҳи тағйири самти сиёсати давлати ӯ дар саросари Украина аз 20 ноябр ба ин сӯ идома дорад. Ҳоло аз 25 вилояти Украина 10 вилояти ғарби ин кишвар ва чанд вилоят дар марказаш дар дасти тазоҳургарон қарор доранд.
XS
SM
MD
LG