Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби минтақаҳо: "Ҷавонони фашист" қасди кудато доранд


Ҳизби ҳокими Украина аз додситони кулли кишвар даъват кард, ки ҳамагуна иқдоми зиддиконститутсионии тазоҳургарони зиддиҳукуматиро тафтиш ва таъқиб кунад.

Ҳизби минтақаҳои президент Виктор Янукович, рӯзи душанбе бо пахши як изҳорот “ҷавонони фашист”-ро ба кӯшиши табаддулот муттаҳам кард. Ин изҳорот ҳамчунин раҳбарони мухолифинро дар содир кардани амри ишғоли биноҳои ҳукуматӣ аз тарафи эътирозгарон масъул донист.

Ҳоло тазоҳургарон ҳудуди 10 идораи ҳукуматиро дар манотиқи ғарби Украина ва чанд биноро дар пойтахт, шаҳри Киев ишғол кардаанд.

Шаби якшанбе онҳо дар Киев -- пойтахти Украина - бинои вазорати адлияро таҳти назорат гирифтанд. Яке аз фаъолони тазоҳурот дар сӯҳбат бо хабаргузории Ройтерс ин амалро рамзӣ унвон кард. Ӯ гуфт: “Ишғоли вазорати адлия як амали рамзии мардуми шӯришӣ аст. Дар ҳоли ҳозир мақомот орӣ аз адолат ҳастанд.”

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00
Линки мустақим


Олена Лукаш, вазири адлияи Украина гуфтааст, агар тазоҳургарон аз бино хориҷ нашаванд, ӯ эълони вазъи фавқулоддаро дархост хоҳад кард: “Агар бинои вазорати адлия холӣ нашавад, ман маҷбур мешавам бо ҳамкоронам дар Шӯрои амният ва Шӯрои мудофеа масъалаи ҷорӣ кардани вазъи изтирорӣ дар кишварро матраҳ кунам.”

Рӯзи якшанбе ҳазорон нафар дар маросими мотами Михаил Жизневский, яке аз се нафари кушта шуда дар задухӯрдҳо бо пулис иштирок карданд. Жизневский рӯзи чоршанбеи гузашта аз дунё гузашт ва қарор аст, ки ҷасади ӯ дар Беларус ба хок супурда шавад.

Петро Порошенко, соҳибкори шинохта ва собиқ вазири хориҷии Украина Жизневскийро “шаҳид” эълон кард: “Ман бовар дорам, нафароне ки амри оташкушоиро додаанд, барои ин амал ҷавоб хоҳанд гуфт. Ба назари ман, Михаил Жизневский шаҳид аст. Ӯ барои ояндаи Украина роҳи шаҳодатро интихоб кард. Ҳоло масъалаи аслӣ натанҳо муҷозоти масъулон, балки хиёнат накардан ба арзишҳоест, ки Михаил барои онҳо қурбон шуд.”

Рӯзи якшанбе вазири дифоъи Украина гуфт, ки нирӯҳои низомӣ ба низоъи феълӣ дахолат нахоҳанд кард. Аммо гуфта мешавад, ки мавқеъи мақомот дар дохили ҳукумати Украина дар ин масъала якранг нест.
XS
SM
MD
LG