Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Украинӣ мансабҳоро напазируфтанд (2 ВИДЕО)


Раҳбарони аҳзоби мухолиф дар Украина пешниҳоди раиси ҷумҳур Виктор Янукович барои пазируфтани мақомҳои олии давлатиро радд карда, хостори барканории ӯ ва интихоботи зудҳангоми президентӣ шуданд.

Виталий Кличко, аз саршиностарин раҳбарони ҳукумати Украини рӯзи шанбе дар назди эътирозгарон дар майдони "Истиқлол"-и Киев гуфт: "Таслим намешавем, на дар Киев, на дар манотиқи дигар, музокиротро идома медиҳем ва ҳамчунон мехоҳем, то интихоботи бармаҳали президентӣ баргузор шавад."

Ӯ ҳамчунон бори дигар ба талаби эътирозгарон барои радд кардани лоиҳаи парлумони он кишвар дар даҳ рӯзи пеш барои ҷорӣ кардани тадобири шадидтари амниятӣ ба эътирозҳо ва коҳиши масунияти сиёсии намояндагони парлумон таъкид кард.

Даври охири музокирот миёни раҳбароин гурӯҳҳои мухолиф ва Виктор Янукович се соат давом кард ва дар он Арсений Яценюк, ба мақоми нахуствазирӣ ва Виталий Кличко, ба курсии вазорати фарҳанг ва маориф пешниҳод шуданд.

Арсений Яcенюк дар "Твиттер"-и худ дар вокуниш ба ин пешниҳод навиштааст: "Муомилае даркор нест, ба он чи оғоз кардаем, поён медиҳем. Мардум дар мавриди раҳбарони мо тасмим мегиранд, на шумо (хитоб ба раиси ҷумҳур Украина)."

Сарони мухолифини Украина пешниҳоди Януковичро напазируфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00

Аз сӯи дигар Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи шанбе аз Амрико хост "дар умури дохилии Украини дахолат накунад." Ба гузориши хабаргузории РИА Новости, оқои Лавров дар мусоҳибаи телевизионӣ гуфтааст, ки дар ҷараёни конфронси Женева-2 барои ҳалли бӯҳрони Сурия, дар бораи вазъ дар Украина бо Ҷон Керрӣ, ҳамтои амрикоии худ гуфтугӯ кардааст.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Русия, Ҷон Керрӣ гуфтааст, дахолат накардан ва дурӣ кардан аз ҳар гуфтае, ки ба афзоиши таниш дар Украина бианҷомад, "бисёр муҳим аст".

Танишҳо дар Украина дар рӯзҳои гузашта афзоиш ёфта ва чандин қурбонӣ бар ҷой гузоштааст. Эътирозгарон ҳамчунон дар майдони "Истиқлол"-и Киев ва дар чанд шаҳри дигари ин кишвар ба эътирозҳои худ идома медиҳанд. Эътирозгарон субҳи 26 январ бинои мавсум ба Хонаи Украинаро дар майдони Истиқлол тасарруф карданд. Видеои ҳамла ба ин бино инҷост:

Ҳамлаи эътирозгарон ба Хонаи Украина дар Киев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00


Ин нигористони аксҳо низ лаҳзаҳои ҳамла ба Хонаи Украинаро мунъакис мекунад:

XS
SM
MD
LG