Баёнияҳои зиёди тарафҳои мухолиф нишон медиҳад, ки давлати Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи ин кишвар ба табодули дигари асирон омода мешаванд. Юрий Тандит, мушовири Хадамоти Амнияти Миллии Украина, рӯзи 18-уми ноябр ба Шабакаи 5, яке аз телевизионҳои дохилӣ гуфтааст, ки корҳо сари ин масъала зуд ҷараён доранд, “зеро мардони зиёде онҷо се сол боз дар асоратанд.”
Хушбинӣ дар бораи табодули асирон баъди он зиёд шуд, ки ҳукумати Русия гуфт, раиси ҷумҳур Владимир Путин рӯзи 15-уми ноябр ба раҳбарони ҷудоиталабон дар вилоятҳои Донетск ва Луганск, Александр Захарченков ва Игор Плотнитский дар сӯҳбати телефонӣ гуфтааст, ки тарафдори табодули асирон бо Киев мебошад.
Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфт, Захарченко ва Плотнитский дар усул тарафдори табодули асирон ҳастанд, вале “зикр кардаанд, ки баъзе аз масъалаҳо ҳаст, ки бояд бо намояндагони Украина баррасӣ шаванд.”
Хадамоти Амнияти Миллии Украина рӯзи 16-уми ноябр гуфт, ки аз “ҳаргуна қадаме”, ки Русия барои мусоидат ба табодули асирон байни Киев ва ҷудоиталабон дар шарқи Украина мебардорад, ҳимоят мекунад.
Юрий Тандит гуфтааст, ки Хадамоти Амнияти Миллии Украина омода аст, садҳо ҷудоиталаберо, ки мақомоти Украина ба асорат гирифтаанд, бо сарбозони украинии асир дар дасти ҷудоиталабон иваз кунад.
Бино ба гузоришҳо, Украина 306 размандаи ҷудоиталаб ва ҷудоиталабон 74 сарбози давлатро дар даст доранд. Ҷудоиталабони тарафдори Русия аз соли 2014 вилояти Донетск ва Луганскро зери назорати худ гирифтаанд. Онҳо соли 2014 баъди аз ҳукумат барканор шудани Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина, ки дӯсти Русия буд, ба по хестанд ва худро ҷудо аз ин кишвар эълон карданд. Русияро дар барангехтани ҷудоиталабӣ дар Украина муттаҳам мекунанд.
Русия Донетску Луганскро ба расмият намешиносад ва гуфтааст, ки аз тамомияти арзии Украина ҳимоят мекунад. Ҳукумати Русия ҳамчунин мегӯяд, ки ба ҷудоиталабон аслиҳаву нерӯ намефиристад, ҳарчанд ҳукумати Украина ва НАТО мегӯянд, далелҳои собит дар ин заминаро доранд. Дар ҷанги сесола дар шарқи Украина то кунун 10 ҳазор нафар кушта шудаанд.
Магар аз занону модарони тлҷтк ҳам тарс доред? Магар хатар доранд? Чаноб куҷост меҳру ҳурмати шумо?? Дуне гузарон. Бтрармоед амнията ки модарони тоҷика даст назананд
Шуморо танхо кур ва кар номидан лозим асту бас! Ту манкурти косалес ба садяки Зеварбону намераси! ту хато аз зан зантари, хайфи ту барин косалес!! Аз дасти чунин ту барин нокасон имруз миллат хору залил асту гуломи як кавм!
Марди Худо кулобиера фиреб накунен дига, ба фиреби шумо дода намешаванд.
Эй Марди Худо ба ҷои он, ки шаҳрвандонро ба кашмакашиҳо даъват менамои хубаш хомуш бош. Милати тоҷик якбор гуруснагиву, гурезагию бехонагиро аз сар гузаронидааст инҳам сабабаш ҳамон ҷанги шаҳрванди буд. Ба фикрам дигар ҷои гап нест. Тоҷикистон ба пеш
Ёдгор Файзовро az vazifa girifta vaya vai namekardand yagon notinji nameshud.