Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ягланд ҷонибҳои даргир дар Донбассро ба созиш хонд


Турберн Ягланд
Турберн Ягланд

Дабири кулли Шӯрои Аврупо Турберн Ягланд, аз ҳама ҷонибҳои низоъ дар Донбасс даъват кардааст, ки фавран ҷангро қатъ ва оташбасро тавре дар созишномаи Минск муқаррар шуда буд, риоя намоянд. Ягланд дар изҳороти худ гуфтааст, аз низоъҳои шадиду хунин дар Донбасс амиқан нигарон аст. Вай бештар аз ҳама аз вазъи башарӣ дар шаҳрҳои Донбасс ва дар навбати аввал дар Авдеевка изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Донетск аз нишонаҳои аввалини оташбас дар ноҳияи Авдеевка хабар доданд. Сухангӯи Петр Порошенко, раиси ҷумҳури Украина бо такя ба ситоди генералии нирӯҳои муссалаҳи ин кишвар дар Фейсбук гуфт, оташбас дар қисмати Ясиноватскии Авдеевка ҳифз шудааст, вале дар ноҳияҳои дигар тирпарронӣ идома дорад. Бино ба хабарҳо, субҳи 29 январ ҷудоихоҳон бо ҳадафи ишғоли мавзеъҳои артиши Украина дар Авдеевка амалиётро оғоз карданд, ки дар натиҷаи ҳар ду ҷониб талафот дидаанд. Бархе аз манобеи наздик ба Маскав масъулияти оғози даргириҳоро бар дӯши ҳарбиёни Украина гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG