Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз ҳузури посдорони сулҳ дар марзи Украина бо Русия ҷонибдорӣ кард


Ҳизер Нойерт - сухангӯи Департаменти давлатии Амрико
Ҳизер Нойерт - сухангӯи Департаменти давлатии Амрико

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳузури нерӯҳои посдорони сулҳ дар Донбасс ҳимоят мекунад ва мегӯяд, ки посдорони сулҳи СММ бояд дар тамоми минтақаҳои зери назорати ҷудоиталабон дар шарқи Украина то марзи Русия мутақар шаванд.

Ин нуктаро намояндаи расмии Департаменти давлатии Амрико Хизер Нойерт дар суҳбат бо хабаргузории "Укринформ"-и Украина баён дошт. Ба гуфтаи Нойерт, ҷойгиршавии посдорони сулҳ дар минтақаҳои мазкур бояд ба барқарории тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Украина мусоидат кунад.

Ноймерт бори гуфт, ки ИМА ҷонибдори иҷрои комили қарордоди Минск аст ва талаботи марбут ба амнияти Донбасс бояд иҷро шавад. Намояндаи Департаменти давлатӣ бори дигар аз Русия даъват кард, ки "низоми оташбаси воқеӣ ва устувор"-ро ҷорӣ кунад.

Русия пештар пешниҳод карда буд, ки баъди ихроҷи низомиён ва техникаи ҳарбии ҷонибҳои даргир аз хатти бархурд дар шарқи Украина. нирӯҳои посдори сулҳ барои ним сол ба минтақа ворид шаванд.

Мақомоти Киев исрор доранд, ки баъди ихроҷи "низомиёну зархаридони рус" посдорони сулҳ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳуриҳои ба истилоҳ Луҳанск ва Донетск, бо шумули марзи Украина ва Русия ҷойгир шаванд.

XS
SM
MD
LG