Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Столтенберг: Дар миёни НАТОву Русия тафовутҳои бунёдӣ боқӣ мемонад


Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ки дидгоҳи ин эътилофи низомии ғарбӣ ва Русия дар масъалаи низои Украина «ҳамоно тафовутҳои бунёдӣ дорад». Столтенберг рӯзи 26 октябр баъди мулоқоти сафирони НАТО бо намояндаи Русия Александр Грушко дар Брюссел гуфт, «муколамаи мо осон нест, вале ба ҳамин хотир ҳам хеле муҳим аст».

Раҳбари НАТО нишасти ахири шӯрои Русияву НАТОро дар масоили Украина, Афғонистон, шаффофият ва роҳҳои коҳиши хатарҳо «самимиву боз» номид. Равобити миёни Русия ва Ғарб дар паи ишғоли Қрим аз ҷониби Русия дар соли 2014 ва пуштибонии Маскав аз ҷудоиталабони рӯ ба Кремлин, ки дар шарқи Украина ҷойгиранд, дучори таниш шуд.

Дар моҳҳои охир чанд ҳодисаи хатарноки ба ҳам наздик омадани ҳавопаймову киштиҳои ҷангии Русия ва НАТО рӯй дод. Шӯрои НАТО ва Русия як маҳфилест, ки барои пешгирӣ аз тавсеаи танишҳо дар робитаҳои ин ду ҷониб ташкил шуда соле ду бора баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG