Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон тасдиқ кард, ки ёддошти тафоҳуми Эрон ва Амрико ба шакли электронӣ ё маҷозӣ имзо шудааст.
Ба гуфтаи ин мақоми дипломатии Эрон, бо вуҷуди суҳбатҳои қаблӣ дар бораи имзои созишнома аз сӯи Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳури Амрико ва Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси порлумони Эрон, дар ниҳоят тасмим бар ин шуд, ки"болотарин мақомҳои иҷроии ду кишвар", яъне Масъуд Пизишкиён ва Доналд Трамп онро ба шакли онлайнӣ имзо кунанд.
Исмоли Бақоӣ таъкид кардааст, ҳарчанд ниёзе ба баргузории маросими хос барои имзои тафоҳум вуҷуд надорад, аммо ҳайатҳои намояндагии ду кишвар ба асоси барноми қаблӣ барои оғози марҳилаи дувуми музокирот, дар Женева ҳозир хоҳанд шуд.
Кохи Сафед ва хабаргузории расмии Эрон, аксҳое аз имзои ин санадро нашр карданд. Кохи Сафед дар ҳисоби худ дар шабакаи Х, видеоро нашр кард, ки Доналд Трампро дар ҳоли имзои нусхаи коғазии санад нишон медиҳад.
Аз сӯи дигар, хабаргузории ИРНА ҳам аксҳоеро аз имзои ин санад ба дасти Масъуди Пизишкиён нашр кардааст. Дар шуморе аз ин аксҳо, раисҷумҳури Эрон нусхаи санадро дар муқобили дурбинҳо гирифтааст, дар ҳоле, ки имзои худаш ва раисҷумҳури Амрико бар онҳо ба чашм мехӯрад.
Гуфтугӯ