Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, созишнома бо Эрон бояд 14 июн имзо шавад. Аз Теҳрон паёмҳои манфӣ мерасанд

Доналд Трамп, президенти Амрико гуфт, ки созишнома байни Вашингтону Теҳрон қарор аст, имрӯз, 14 июн ба имзо расад ва бар асоси он тангаи Ҳурмуз бояд фавран ва “барои ҳама” боз шавад. Ин дар ҳолест, ки аз Теҳрон паёмҳои зидду нақиз мерасанд.

“Ба нақша гирифта шудааст, ки созишнома фардо ба имзо расад ва фавран баъди имзо шудани он тангаи Ҳурмуз барои ҳама боз хоҳад шуд”, - навишт Трамп дар шабакаи иҷтимоии Social Truth рӯзи 13 июн. Вай ҳамчунин ин созишномаи эътимолиро “сад ё деворе барои силоҳи ҳастаӣ”-и Эрон номид.

Президенти Амрико ҳамзамон изҳор дошт, ин созишнома ба неруҳои амрикоӣ иҷоза медиҳад, ки маводи ҳастаии ғанишудаи Эронро дар ихтиёр гирифта, онро “ё дар Эрон ва ё дар Иёлоти Муттаҳида” нобуд кунанд.

Трамп дар бораи созишномаи эҳтимолӣ ҷузъиёти дигар надодааст. Интизор меравад, ин як тафоҳумномаи 60-рӯзӣ бошад, ки чаҳорчӯберо барои музокирот ҷиҳати дастёбӣ ба як тавофуқи сулҳи комил барои поён додани ҷанге мушаххас кунад, ки бо ҳамлаҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ба Эрон 28 феврали имсол шуруъ шуд.

Дар ҳоле, ки мақомоти эронӣ ҳанӯз дар мавриди баёнияи Трамп вокунише накардаанд, хабаргузориҳои Эрон пеш аз ин дар мавриди имзои ин тавофуқ дар рӯзи 14 июн шубҳа карда буданд ва бо такя ба сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон навиштанд, ки имзои созишнома “фардо (14 июн) анҷом нахоҳад шуд”.

Бо ин ҳол, Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон, ки кишвараш ба унвони миёнарав дар музокирот фаъолият дорад, рӯзи 13 июн як соати 24-соатаро таъйин кард ва изҳор дошт, ки дастёбӣ ба созиш “беш аз ҳар замони дигаре” наздиктар шудааст.

Изҳороти Шариф пас аз анбуҳи баёниҳоя ва назарҳои мақомоти баландпояи ҳар ду тараф, аз ҷумла Трамп ва Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон нашр шуд, ки нишондиҳандаи пешрафти дипломатӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, артиши Исроил ҳадафҳоеро дар Лубнон бомбборон кард. Исроил дар онҷо бо “Ҳизбуллоҳ” меҷангад, ки Эрон аз он ҷонибдорӣ мекунад ва Исроилу ИМА ин гуруҳро террористӣ медонанд.

Мақомоти баландпояи эронӣ борҳо гуфтанд, ки созишнома бо Вашингтон бояд шомили оташбас дар Лубнон низ бошд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG