Эрон соҳиби силоҳи ҳастаӣ намешавад, вале дар иваз ҳақ дорад, ки нафт фурӯшад. Ин ҷузъиёти созишномае аст, ки Амрикову Эрон бояд имзо кунанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, рӯзи 16-уми июн гуфт, созишнома зидди дастёбии Теҳрон ба силоҳи ҳастаӣ аст: “Онҷо гуфта шудааст, ки Эрон силоҳи ҳастаӣ нахоҳад дошт. Ин сабт аст. Силоҳе намехаранд, намесозанд ва силоҳи ҳастаӣ нахоҳанд дошт. 99.9 дарсади он чизе, ки ман мехостам."
Як мақоми баландпояи Амрико ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, ин созишнома дар иваз ба Эрон ҳақ медиҳад, ки пас аз имзои он ба фурӯши нафт оғоз кунад.
Ин тафоҳумнома, ки ҳанӯз нашр нашудааст, оташбаси моҳи апрелро барои 60 рӯз тамдид мекунад ва ҳарду ҷониб дар ин муддат ҷиҳати расидан ба сулҳи доимӣ гуфтушунид мекунанд.
Бар асоси созишнома, Амрико муҳосираи роҳҳои обии Эронро бас мекунад ва Эрон тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмузро барои киштиронӣ боз мекунад.
Эрон борҳо гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш сулҳомез аст. Аммо масъали мушакҳои баллистикии Эрон ва ҳимояташ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи зидди Исроил ҳанӯз ҳал нашудааст.
Исроил дар ин музокира ҳузур надорад.
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, гуфтааст, ки созишнома рабте ба онҳо надорад, вале Ҷей Ди Венс, муовини президенти Амрико гуфтааст, ки ин созишнома оташбасро дар Лубнон низ дар бар мегирад. Онҷо Исроил зидди гурӯҳи мусаллаҳи "Ҳизбуллоҳ" меҷангад.
"Ҳизбуллоҳ" як гурӯҳи ниманизомӣ ва ҳизби сиёсӣ аст, ки бахши калоне аз ҷануби Лубнонро зери назар дорад. Амрико ин гурӯҳро созмони террористӣ медонад ва Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро дар феҳристи сиёҳ қарор додааст.
Мақомоти Амрико ва Эрон мегӯянд, ин созишнома метавонад сабукиҳои бузурги иқтисодиро барои Ҷумҳурии Исломӣ, аз ҷумла коҳиши таҳримҳо ва дастрасӣ ба дороиҳои масдудшуда боз кунад. Як манбаи боварбахш ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, бахше аз маблағҳои масдудшуда ба Эрон мунтақил мешавад.
Нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба поинтарин сатҳ дар се моҳи охир расид. То кунун сармоягузорон нигарон буданд, ки кай ҷанг поён меёбад ва тангии Ҳурмуз боз мешавад.
Коршинсон мегӯянд, барои ба сатҳи пеш аз ҷанг расондани истихроҷу коркард ва интиқоли нафт аз Ховари Миёна моҳҳо лозим аст. Интизор меравад, ки тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмуз рӯзи 19-уми июн боз шавад.