Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, додани имтиёз аз рафтори мақомоти Эрон вобаста аст

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико. Фаронса, 15-уми июни 2026
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико. Фаронса, 15-уми июни 2026

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки дар Фаронса қарор дорад, гуфт, матни аслии созишнома бо Эрон ниҳоӣ шудааст ва охири ҳафта дар Женева имзо хоҳад шуд.

"Бисёр шодам, ки созишнома ниҳоӣ ва имзо шуд. Гулӯгоҳ қисман боз аст. Тавре огоҳед, онҳо минаҳоро ҷустуҷӯ доранд, то безарар гардонанд. Аз ҳоло киштиҳо ба ҳаракат оғоз мекунанд. Гулӯгоҳ рӯзи ҷумъа пурра боз хоҳад шуд," – афзуд ӯ.

Бар асоси ин созишнома, тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмуз бояд боз ва оташбас 60 рӯз дароз шавад. Дар ин муддат, ҷонибҳо барои ҳалли барномаи ҳастаии Эрон ва масъалаҳои дигари баҳсӣ роҳ хоҳанд ҷуст.

Пас аз ин эълон нархи нафт, ки беш аз се моҳ боз боло рафта буд, якбора поин шуд. То оғози ҷанг аз роҳи Ҳурмуз 20 дарсад аз нафти ҷаҳон мегузашт.

Мақомоти ду кишвар мегӯянд, эҳтимол ин созишнома барои Эрон суд ё фоида дошта бошад, чун таҳримҳо нисбат ба Ҷумҳурии Исломӣ сабуктар хоҳанд шуд. Аммо мақомоти Амрико мегӯянд, ин вобаста аз Теҳрон аст, ки оё аз сохтани силоҳи ҳастаӣ ва сармоягузории гурӯҳҳои мусаллаҳе чун "Ҳизбуллоҳ" даст хоҳад кашид ё не.

Доналд Трамп гуфт, додани имтиёз аз рафтори мақомоти Эрон вобаста аст: “Агар онҳо он чизеро, ки лозим аст, иҷро кунанд, бардоштани таҳримҳо шуруъ мешавад.”

Суолҳои асосӣ, аз ҷумла сарнавишти захираи урани Эрон, ки солҳо боз баҳс мешавад, ҳанӯз бепосух аст. Ҳамзамон, ҷанг миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ" дар Лубнон як бахши баҳсбарангез дар ин созишнома дониста мешавад.

Исроил мегӯяд, бо вуҷуди даъват ба риояи оташбас нерӯҳояшро аз Лубнон берун намекунад ва ба ҳамлаҳои "Ҳизбуллоҳ" посух хоҳад дод. Ҳоло даргириҳо кам шудаанд, вале бас нашудаанд. Ҳар рӯз аз задухӯрдҳо аз Лубнон хабар мерасад.

"Ҳизбуллоҳ" як гурӯҳи ниманизомӣ ва ҳизби сиёсӣ аст, ки бахши калоне аз ҷануби Лубнонро зери назар дорад. Амрико ин гурӯҳро созмони террористӣ медонад ва Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро дар феҳристи сиёҳ қарор додааст.

Як мансабдори Иёлоти Муттаҳида ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, ки берун шудани нерӯҳои Исроил аз Лубнон бахши созишнома бо Эрон набуд. Ва дар ҳамин ҳол як мақоми баландпояи Исроил гуфтааст, ин созишнома барои кишвараш "даҳшатбор аст" ва тамоми аъзои ҳукумат бар ин ақидаанд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG