Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз гуфтугӯ бо миёнҷиҳо ва "пирӯзии хеле зуд бар Эрон" сухан гуфт

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико.

Мақомҳои амрикоӣ рӯзи 28 сентябр ба шабакаи хабарии CNN ва пойгоҳи хабарии Аxios хабар доданд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар сурате, ки Эрон ҳозир шавад дар бораи барномаи ҳастаии худ ақибнишинӣ кунад, омодагӣ дорад бо коҳиши таҳримҳо ва озодсозии дороиҳои бандмондаи Эрон мувофиқат кунад.

Чанд соат баъд, Доналд Трамп аз даври нави гуфтугӯҳои Амрико бо миёнаравҳо барои поён додан ба ҷанг бо Эрон хабар дод. Раисҷумҳури Амрико шоми душанбе ба хабарнигорон гуфт, мақомҳои амрикоӣ дар ҳамин рӯз бо миёнҷиҳо гуфтугӯ кардаанд ва афзуд, Амрико хеле зудтар дар ин ҷанг пирӯз хоҳад шуд.

Трамп дар Кохи Сафед гуфт, "то онҷо, ки ба ман марбут мешавад, мо пирӯз хоҳем шуд, ба ҳар шакле, ки бошад. Ин иттифоқ хеле зуд рух хоҳад дод". Трамп ҳамчунин бори дигар ваъда дод, ки пас аз пирӯзии Амрико дар ҷанги Эрон, нархи бензин ба шиддат коҳиш хоҳад ёфт.

Пештар як мақоми амрикоӣ ба CNN гуфт, Амрико аз тариқи миёнаравҳо дар ҳоли анҷоми "гуфтугӯҳои мусбат ва созанда" аст, аммо таъкид кард, то замоне масоили ҳастаии Эрон мавриди расидагӣ қарор нагирад, созиши ҳосил нахоҳад шуд.

Доналд Трамп рӯзи 26 сентябр пешниҳоди Эрон барои бозкушоии тангаи Ҳурмуз тайи ҳафт рӯзро рад кард ва онро "ғайри қобили қабул" хонд. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, "ман пешниҳоди онҳоро рад кардаам. Онҳо мехоҳанд созише анҷом диҳанл, ки бар асоси он тангаи Ҳурмузро фавран боз кунанд, чун ба шиддат шикаст хӯрдаанд".

Бо ин ҳол, раисҷумҳури Амрико як рӯз баъд эълон кард, ки интизор дорад музокироти бештар миёни Амрико ва Эрон тайи ин ҳафта инҷом шавад.

Мақоми амрикоӣ ба CNN гуфт, Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер, намояндагони вижаи Амрико ва ҳамчунин муовини раисҷумҳури Амрико ва вазири корҳои хориҷии он кишвар, аз тарафи ИМА раҳбарии музокиротро ба ӯҳда доранд.

Аз сӯи дигар, пойгоҳи хабарии Аxios дар гузорише рӯзи 28 сентябр бо ишора ба омодагии Трамп барои додани имтиёзҳои иқтисодӣ ба Эрон дар сурати пешрафти музокироти ҳастаӣ, навиштааст, ду тараф бар сари масоили муҳим ва калидӣ фосилаи зиёде до якдигар доранд.

Ин пойгоҳи хабарӣ эълон кард, ки Эрон мехоҳад таваҷҷуҳи асосӣ дар музокирот бар сари тангаи Ҳурмуз ва муҳосираи баҳрии Амрико бошад, дар ҳоле, ки ҳукумати Трамп хостори мувофиқати Эрон бо имтиёзҳое дар заминаи барномаи ҳастӣ аст.

Пештар расонаҳои байналмилалӣ ва эронӣ гузориш доданд, ки миёнҷиҳо дар талош барои барқарории музокирот миёни Теҳрон ва Вашингтон ҳастанд.

Хабаргузории "Рейтерз" гуфт, ки интизор меравад миёнаравҳо рӯзи душанбе ё сешанбе музокироти алоҳида бо Амрико ва Эрон баргузор кунанд ва Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ва намояндагони қатарӣ низ дар Амрико ҳузур хоҳанд дошт.

Рӯзномаи Wall Street Journal низ рӯзи 27 сентябр гузориш дод, ки миёнҷиҳо талош мекунанд музокироти Эрон ва Амрико аз тариқи фишор бар Теҳрон дар бораи парвандаи ҳастаӣ барқарор шавад. Хабаргузории нимарасмии ИСНА низ дидори вазири корҳои хориҷии Эрон бо миёнҷиҳои қатарӣ дар Ню-Йоркро тасдиқ кардааст.

Ба навиштаи Wall Street Journal, Амрико беш аз гузашта боварӣ ҳосил пайдо кардааст, ки муҳосираи баҳрии ин кишвар таъсири сахте бар иқтисоди Эрон гузоштааст. Ҳамзамон, мақомҳои амрикоӣ ва кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс мегӯянд, Эрон дар ҳоли аз даст додани назорати худ бар тангаи Ҳурмуз аст. Аммо ҷониби Эрон мегӯяд, ки назорати тангаи Ҳурмуз комилан дар ихтиёри ин кишвар аст.

Гуфтугӯ

​
XS
SM
MD
LG