Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА 2 зина боло рафт


Тими миллии Тоҷикистон
Тими миллии Тоҷикистон

Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА ду зина беҳтар шуда, ҳоло дар мақоми 124-уми ин рейтинг ҷой гирифтааст.

Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол), ки имрӯз, 17-уми июл, нашр шудааст, бо 232 имтиёз 2 зина боло рафт ва дар мақоми 124-ум қарор дорад.

Мунтахаби Олмон баъди пирӯзӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразил, дар феҳристи нави ФИФА дар байни 209 тими миллӣ ба ҷойи аввал баромад. Мунтахаби Аргентина, барандаи ҷоизаи нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, дар ҷойи дувум ва тими Ҳолланд, барандаи ҷоизаи биринҷии Ҷоми ҷаҳон-2014, дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Колумбия, Белгия, Уругвай, Бразил, Испания, Швейтсария ва Фаронса ҷойгир шудаанд.

Мавқеи дастаҳои мунтахаби миллии кишварҳои собиқи шӯравӣ дар феҳристи навини ФИФА чунин аст:

22 (16). Украина — 898
23 (19). Русия — 897
41 (38). Арманистон— 635
52 (59). Узбакистон — 523
73 (83). Озарбойҷон— 410
81 (82).Беларус — 376
92 (98). Эстония — 349
96 (96). Гурҷистон — 338
102 (101). Молдова — 325
103(109). Латвия — 314
104 (106). Литва — 312
124(126). Тоҷикистон — 232
127 (124). Қазоқистон— 220
140 (143). Туркманистон — 183
144 (149). Қирғизистон — 183.

Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё мисли пешин дар ҷойи 17-ум қарор дорад. Дар ин қора тими миллии Ҷопон пешқадам аст. Мунтахаби Эрон дар ҷойи дувум ва тими миллии Узбакистон дар ҷойи севум мебошанд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Федератсионҳои футболи Тоҷикистон ва Малайзия дар бораи доир намудани бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллии ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия рӯзи 8-уми август дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 18:00 шурӯъ мешавад. Дарвоқеъ, ин аввалин бозӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия ба шумор меравад. Дар феҳристи нави ФИФА Малайзия низ ду зина боло шуд ва дар мақоми 151-ум қарор дорад.


Бозии дӯстона бо Малайзия барои мунтахаби Тоҷикистон дар мавсими имсола севум мешавад. Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев 4-уми май дар Душанбе дар бозии дӯстона бар тими миллии Афғонистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Вале футболбозони тоҷик 7-уми июн дар Таллин аз мунтахаби Эстония бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд.

Баъди бозӣ бо Малайзия мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозӣ 4-уми сентябр дар варзишгоҳи нави бошгоҳи футболи БАТЭ «Борисов-Арена», ки маросими кушоиши он 3-юми майи соли равон баргузор шуд,барпо мегардад.

XS
SM
MD
LG