Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Афғонистонро шикаст дод


Тими миллии Тоҷикистон. Акс аз августи 2013
Тими миллии Тоҷикистон. Акс аз августи 2013

Дар варзишгоҳи марказии Душанбе бозии байналмилалии дӯстона миёни тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Афғонистон бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт.

Голи ягонаро дар бозии дӯстонаи тимҳои Тоҷикистону Афғонистон тдар вварзишгоҳи марказии Душанбе дар дақиқаи 2-юм Нуриддин Давронов зад.

Мураббӣ ва капитани тими Тоҷикистон дар нишасти хабарие ки қабл аз шурӯи бозӣ доир шуд, изҳори итминон карда буданд, ки тими Тоҷикистон дар ин бозӣ бояд дастболо шавад.

Мӯҳсин Мухаммадиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, дар нишасти хабарие, ки пеш аз бозии дӯстона бо мунтахаби Афғонистон дар Душанбе, дар меҳмонхонаи «Гранд Отел», доир шуд, ба хабарнигорон чунин гуфт:

-Рақиб пурзӯр аст ва набояд онро нодида гирифт. Мо ба мунтахаби Афғонистон эҳтироми зиёд дорем. Имрӯз ин амалан тими нав аст. Дар ҳайати он чанд легонер бозӣмекунанд, ки онҳо ба сурати доимӣ дар Олмон иқомат ва тамрин менамоянд. Мо ба ин бозӣ хеле ҷиддӣ омодагӣ мебинем. Бинобар ин фикр мекунам, ки бозӣ хеле шавқовар мегузарад. Мо нақшаи муайян дорем ва онро ба ҷо овардем ва мебинем, ки то чи андоза иҷро мешавад. Умедворем, ки ҳамаи корхо хуб мешавад ва мо пирӯзӣ ба даст меорем. Мо, ки аз 30-юми апрел ба ин бозӣ омодаги мебинем, якчанд навори бозиҳоро бо ширкати мунтахаби Афғонистон тамошо ва таҳлил кардем. Ман ин дастаро рақиби сазовор меҳисобам. Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ мо бо футболбозони Афғонистон борҳо бозӣ карда будем. Ва фикр мекунам, бозӣ хеле шавқангез бояд гузарад.

Алишер Тӯйчиев, капитани мунтахаби Тоҷикистон:

-Мо ба бозӣ бо мунтахаби Афғонистон ҷиддӣ омодагӣ мебинем. Бинобар ин ҳеҷ гуна нодида гирифтани рақиб вучуд надорад. Фикр мекунам, ки бачахо бо тамоми кувва бозӣ мекунанд, албатта, бозӣ барои мо осон намешавад. Мо комилан мекӯшем, ки ғалаба кунем.

Муҳаммадюсуф Коргар, сармураббии мунтахаби Афғонистон :

- Мехоҳам, ба раҳбарияти Федератсиюни футболи Тоҷикистон барои пазироии гарму ҷӯшон ва шароити аъло, ки барои тими мо фароҳам кардаанд, изҳори сипос намоям. Мо кишварҳои бародар хастем ва фарҳанги муштарак дорем. Ҳеҷ гуна шубҳа надорем, ки бозии дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон барои мо, ки дар мархилаи нихоии Ҷоми даъвати АФК-2014 бозӣ мекунем, хеле муфид хоҳад буд. Мо ба мусобиқае, ки дар ҷазоири Молдив баргузор мешавад, хеле ҷиддӣ омодагӣ мегирем. Дар назди худ вазифа гузоштаем, ки Ҷомро ба даст оварем ва соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё - 2015 дар Австралия шавем. Баъди ин бозӣ мо ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба Кувайт парвоз мекунем ва дар он ҷо охирин давраи омодагиро ба Ҷоми даъвати АФК - 2014 мегузаронем. Дар Ал-Кувайт мо ду бозии дӯстонаро бо тимҳои мунтахаби Қирғизистон (12 май) ва Кувайт (14 май) ба нақша гирифтаем.
Муҳаммадюсуф Коргар (аз чап) ва Зоҳиб Ислом Амирӣ
Муҳаммадюсуф Коргар (аз чап) ва Зоҳиб Ислом Амирӣ
Дар бораи бозии дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон гуфтаниям, ки мо ба Душанбе 18 бозигар овардем. Тоҷикистон дастаи пурқувват аст ва бозигарони олидараҷа дорад, бозии хуб нишон медиҳад. Бинобар он ки бозӣ дар рӯзи ғайрирасмии ФИФА доир мешавад, якчанд бозигари калидиамонро бошгоҳҳояшон чавоб надоданд. Инҳо Файзал Шоиста («Сонгхма Юнайтед», Таиланд), Мустафо Хадид («Алтона-93», Олмон), Мустафо Озодзой («Турнебрунд Упхусен», Олмон) ва дигарон мебошанд. Нисбат ба бозии порсола дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ки бо пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бо хисоби 3-2 хотима ёфта буд, ин дафъа ҳайати тими мо хеле тағйир ёфтаааст. Дар мо якчанд легионерҳое ҳастанд, ки дар Олмон ва Ҳиндустон бозӣ мекунанд. Яке аз онҳо капитани дастаи мо Зоҳиб Ислом Амирӣ мебошад, ки дар тими «Мумбай», дар мусобиқаи қаҳрамонии Ҳиндустон бозӣ мекунад. Умедворам, ки бозии дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон барои мо бобарор анҷом меёбад.

Зоҳиб Ислом Амирӣ, капитани мунтахаби Афғонистон :

- Ман пештар муқобили мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кардаам ва аз қувваи тими шумо огоҳам. Мутаассифона, мағлуб кардани мунтахаби Тоҷикистон ба мо то ҳол муяссар нашудааст. Мо, ҳамаи аъзои дастаамон, умедворем, ки ин анъанаи барои мо нохуш вайрон карда мешавад. Бовар дорам, ки бозӣ бо Тоҷикистон хеле шавқовар сурат мегирад ва мо, албатта, бо пирӯзӣ ба хона бармегардем.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби Афғонистон (сармураббиаш Муҳаммад Юсуф Коргар) бо шумули 23 нафар, аз он ҷумла 18 футболбоз, ба Душанбе омадаааст. Ҳайати варзишии Афғонистон дар меҳмонхонаи «Азия Гранд отел»-и Душанбе иқомат мекунад. Футболбозони Афғонистон аввалин тамрини худро дар Душанбе пеш аз бозии дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 2-юми май, ду бор – соати 11:00 ва соати 17:00 - дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ анҷом доданд.

Ҳайати васеи тими мунтахаби миллии Афғонистон:
Дарвозабонҳо: Мансур Фақирёр («Олденбург», Олмон), Ҳамидуллоҳ Юсуфзай Ғулом Маидин («Тӯфон Харирод», Афғонистон).
Ҳимоятгарон: Харун Фахруддин («Демпо», Ҳиндустон), Аҳмад Замир Даудӣ (TGM SV Jügesheim, Олмон), Фарзод Ғулом Муҳиддин, Ҳамидуллоҳ Носир Аҳмад, Муҷтаба Файз Забиҳуллоҳ («Биг Бир», Афғонистон), Муҳаммад Мирзо Ҳусайн, Масъуд Абдул Саид, Мустафо Мирзо Муҳаммад («Туфон Харирод», Афғонистон).
Нимҳимоятгарон: Ҳасан Амин («Айнтрахт-2», Олмон), Мустафо Зазаӣ («Санкт-Паули-2», Олмон), Муҳаммад Юсуф Машриқӣ («Бҳаванипур», Ҳиндустон), Ҷалолиддин Шаритёр («Швайнфурт-05», Олмон), Аҳмад Араш Хатифӣ («Мумбай», Ҳиндустон), Мустафо Озодзай («Турнебрунд Упхусен», Олмон), Файзал Шоиста («Сонгҳма Юнайтед», Тайланд), Ҳамид Садид («ÖSK Söder», Шветсия), Муҳаммад Рофӣ Файз Муҳаммад («Тӯфон Харирод», Афғонистон).
Ҳамлагарон: Мустафо Хадид («Алтона-93», Олмон), Ҳашматуллоҳ Муҳаммадҷон, Санҷар Аҳмадӣ («Мумбай», Ҳиндустон), Амируддин Муҳаммад Анвар, Сафиуллоҳ Борикзай («Биг Бир», Афғонистон).
Менеҷери даста: Муҳаммад Фарид Муҳаммад Ёсин.
Сармураббӣ: Муҳаммад Юсуф Коргар.

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дӯстона

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев омодагиро ба бозии байналмилалии дӯстона бо тими миллии Афғонистон рӯзи 30-юми апрел дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, шурӯъ кард. Ба ҳайати даста 23 футболбоз даъват шудааст, ки дар байни онҳо танҳо як легионер – ҳамлагар Аҳтам Ҳамроқулов (“АЗАЛ”-и Озарбойҷон) – мебошад.

Ҳайати васеи тими мунтахаби миллии Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ризоев («Энергетик»), Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).
Ҳимоятгарон: Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Сиёвуш Асроров, Наим Ӯлмасов, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов («Энергетик»).

Нимҳимоятгарон: Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов (ҳарсе аз «Истиқлол»), Иброҳим Рабимов, Бахтиёр Ҳасанов, Бахтиёр Чориев (ҳарсе аз «Энергетик»), Амирбек Ҷурабоев («Хайр»), Абдурасул Раҳмонов («Регар-ТадАЗ»).
Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов («АЗАЛ», Озарбойҷон), Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Фарҳод Тоҳиров («Парвоз»), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду аз «Истиқлол»).
Менеҷери даста: Улуғбек Каримов.
Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев.

Ба бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Афғонистон доварон аз Қазоқистон хидмат мекунанд. Довари FIFA Александр Алиеви 27-сола аз шаҳри Алмаатои Қазоқистон сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ёварони ӯ ҳамшаҳриҳояш - ёварони довари FIFA Сергей Васютини 27-сола ва Самад Тергеусизови 28-сола - мебошанд.

Дидори панҷуми тимҳои Тоҷикистону Афғонистон
Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон барои панҷумин бор бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Сар аз соли 2005 то имрӯз бо ҳам чаҳор бозӣ кардаанд, ки сетоаш дӯстона ва яктоаш расмӣ буд. Дар ҳамаи бозиҳо футболбозони тоҷик пирӯз шудаанд. Онҳо ба дарвозаи ҳарифонашон 12 тӯб зада, аз дарвозаи худ 2 тӯб сар додаанд.

Натоиҷи бозиҳои тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон:

9-уми ноябри соли 2005. Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Нӯъмонҷон Ҳакимов, 28, 31, Хуршед Маҳмудов, 45+1, Алиёр Ашӯрмамадов, 67).

3-юми августи соли 2008. Ҷоми даъвати АФК-2008. Даври ниҳоӣ. Ҳайдаробод, Ҳиндустон. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Юсуф Рабиев, 14, 44, 56, Даврон Тухтасунов, 39).

17-уми ноябри соли 2010. Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0 (Фаррух Чориев, 33).

4-уми июни соли 2013. Бозии дӯстона. Қӯрғонтеппа. Тоҷикистон – Афғонистон - 3:2 (Ҳашматулло Борикзай, 5 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 17 (1:1). Ҳамидуллоҳ Каримӣ, 41 (1:2). Хуршед Маҳмудов, 44 – аз пеналтӣ (2:2). Соҳиб Саванқулов, 74 (3:2).

Дар айни ҳол дар рейтинги ФИФА мунтахаби Афғонистон дар ҷойи 122-юм ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 133-юм қарор доранд.
XS
SM
MD
LG