Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА 12 зина боло рафт


Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави ФИФА (Федератсиюни байналмилалии футбол), ки 8-уми май нашр шудааст, бо 229 имтиёз 12 зина боло рафт ва дар мақоми 121-ум қарор дорад.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 17-ум ва миёни тимҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар зинаи 13-ум мебошад ва танҳо аз Қирғизистон ва (146) ва Туркманистон (156) боло ҷойгир шудааст.

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини ФИФА дар байни 209 тими миллӣ дар ҷойи аввал аст. Олмон дар ҷойи дувум ва Португол дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Бразилия, Колумбия, Уругвай, Аргентина, Швейтсария, Италия ва Юнон ҷойгир шудаанд.

Дар байни дастаҳои мунтахаби Осиё тими миллии Эрон (37) пешқадам аст. Баъдан миёни даҳгонаи аввал Ҷопон (47), Узбакистон (53), Кореяи Ҷанубӣ (55), Австралия (59), Урдун (64), Имороти Муттаҳидаи Араб (67), Арабистони Саудӣ (75), Умон (82) ва Қатар (95) қарор доранд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев дар охирин бозиаш, ки дӯстона буд, рӯзи 4-уми майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе бар мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 1-0 ғолиб омадааст.

Мунтахаби Тоҷикистон имсол баргузории якчанд бозии байналмилалии дӯстонаро ба нақша гирифтааст, аз он ҷумла бо мунтахаби Эстония 7-уми июн дар Таллинн.
XS
SM
MD
LG