Моҳи декабри соли 2025, вақте ки тир ба сараш хӯрд, ҳеч кас бовар надошт, Сайфиддин Ҳайдаров зинда мемонад. Ӯро Фазлиддин Қурбонов бо камони шикорӣ паронд.
Ҳодиса дар ноҳияи Балҷувон дар ҳоле рух додааст, ки Сайфиддин Ҳайдаров мегӯяд, дар ҷустуҷӯйи аспҳояш ба заминҳои Файзлиддин Қурбонов ворид шудааст. Соҳиби замин ӯ ва шариконашро дузд гумон карда, оташ кушодааст.
Сайфиддин Ҳайдаров мегӯяд, "вақте ба сари аспҳоямон рафтем, дар он ҷо вохӯрдем. Моро дид, бо як гурӯҳ одамон буд, гуфт, ки мепаронам, вақте мо фирор кардем, ба сӯи мо тир кушод. Ду тир зад ва аз пуштамон омад, се тири дигар зад ва тири панҷумаш ба ман расид".
Тир ба сари Сайфиддин зад ва дар мағзи он дармонд. Пизишкон ҳарчанд тавонистанд, коре кунанд, ки ӯ зинда монад, аммо тирро берун оварда натавонистанд.
Додситонии вилояти Хатлон нисбати Фазлиддин бо моддаи 32 қисми се, 104 - қасди куштор, парванда боз кард. Наздикони Сайфиддин мегӯянд, он ҳам баъди номаашон ба дастгоҳи президент.
"ПАРВАНДА БА ДОДГОҲ РАФТААСТ"
Маълум нест, оё айбдоршаванда вакили мудофеъ дорад ё не, аммо бародари ӯ Аслиддин Қурбонов рӯзи 24 апрел ба Радиои Озодӣ ваъда кард, ки пас аз нисфирӯзӣ мавқеи тарафи худро шарҳ хоҳад дод. Аммо дар тамоси баъдӣ гуфт, намехоҳад дар бора сӯҳбат кунад.
Тафтиши парванда шаш моҳ боз давом дорад ва наздикони ҷабрдида аз ин нороҳатанд.
Муфаттиш Сироҷиддин Иброҳимзода аз Додситонии кулли Тоҷикистон дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ дар робита ба ин парванда гуфт:
"Тафтиши парванда анҷом шуда, ба додгоҳ рафтааст. Ҷавоби суолҳоятонро метавонед рафта аз додгоҳ пурсед", гуфт. Сироҷиддин Иброҳимзода аз шарҳи бештари қазия худорӣ кард.
ТАЛОШ БАРОИ БЕҶАЗО МОНДАН?
Ҳамсари Сайфиддин Ҳайдаров мегӯяд, наздикони айбдоршаванда талош доранд, ки ӯ беҷазо монад.
Сафармоҳи Намозалӣ, ҳамсари Сайфиддин Ҳайдаров мегӯяд, "мехоҳам, ки ҷазояшро бинад, дигар чизе намехоҳам. Ҳамсарамро зада, ба ин ҳол овардааст. Агар як пояш мешуд ё дасташ, сиҳат мешуд. Тир дар мағзи сараш истодааст. Фарзандонамон хурд ҳастанд, дигар кӣ медонад, ҳоли кӯдакону хонаи мо чӣ мешавад?"
Ҳоло як тарафи бадани Сайфиддин Ҳайдаров фалаҷ шуда, пизишкон ӯро маъюби гурӯҳи якум шумурдаанд. Наздиконаш мегӯянд, кишвар қонун дорад ва то гунаҳкор ҷазо нагирад, онҳо аз шикоят даст нахоҳанд кашид.
Гуфтугӯ