Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз "ғасби" замин мегуфт, худашро гумонбар карданд


Пайвандони Саидмуъмин Давронов, сокини ноҳияи Балҷувон, ки бо муовини пешини раиси ноҳия ва бародари вазири нақлиёти Тоҷикистон, бар сари як порча замин даъвои додгоҳӣ дошт, ба заминфурӯшӣ гумонбар шудааст. Ӯро 25-уми марти имсол дастгир карданд. Наздиконаш ба бегуноҳии Давронов пойфишорӣ доранд. Мақомот мегӯянд, бозпурсӣ ҳанӯз идома дорад.

Фариштамоҳ Каримова, ҳамсари Саидмуъмин Давронов, 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи сешанбе дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Балҷувон бо шавҳараш мулоқот кард.

Саидмуъмин Давронов
Саидмуъмин Давронов

"Аз саломатӣ шикоят надошт, аммо рӯҳияаш шикаста буд. Мегуфт, адвокат нагиред ва ба ҳеч куҷо шикоят накунед. Намедонам, чаро ин гапҳоро зад," – гуфт хонум Каримова ва ҳамзамон афзуд, суҳбати онҳо дар ҳузури ду маъмури милиса гузаштааст.

Ҳабиб Ҷумъазода, сардори Шуъбаи корҳои дохилии Балҷувон, мегӯяд, Саидмуъмин Давроновро барои "хариду фурӯши замин" бозпурсӣ доранд. Ҳамсари Давронов мегӯяд, як рӯз пеш намояндагони идораи замини ноҳия ба хонаашон рафта, аз замини назди ҳавлиашон акс гирифтаанд.

Баҳсе, ки ба фоидааш анҷомид, вале...

Саидмуъмин Давронов, сокини деҳаи Шифочашмаи Балҷувон, муддати тулонӣ бо Ҳасан Иброҳимзода, муовини собиқи раиси ноҳия ва бародари Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, барои ду гектар замин даъвои додгоҳӣ дошт. Баҳси додгоҳии онҳо ба матбуот ҳам кашида шуд ва аз ҷумла дар Радиои Озодӣ инъикос ёфт.

Саидмумин Давронов мегуфт, Ҳасан Иброҳимзода мехоҳад, ду гектар замин ва боғи ӯро аз худ кунад, вале дар ниҳоят, моҷарои додгоҳӣ ба нафъи Давронов анҷом ёфт. Баъди ин моҷаро ва шикояти чанд нафари дигар Ҳасан Иброҳимзода, ки масъули умури сохтмон ва замин дар ҳукумати ноҳияи Балҷувон буд, моҳи декабри соли 2021 аз мақомаш барканор шуд.

Мақомоти ҳукумати Балҷувон гуфтанд, ки Ҳасан Иброҳимзода бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон аз мақомаш барканор шудааст, вале сабаби ин дастурро шарҳ надоданд, ки оё дар воқеъ ба масъалаи даъвоҳои додгоҳии ӯ барои замин робита дорад ё не. Ҳасан Иброҳимзода ба зангҳои телефонии пайдарпайи Радиои Озодӣ посух надод.

Балҷувон ноҳияи баландкӯҳ дар ҷануби Тоҷикистон аст ва аз 31 ҳазор сокини он қисми зиёде ба чорводорӣ ва боғпарварӣ машғуланд.

Масъалаи доғ

Баҳс бар сари замин солҳо боз ба як масъалаи доғ дар Тоҷикистон табдил шудааст.

Бино ба омори расмии додситонӣ, соли 2020 дар Тоҷикистон нисбат ба 296 корманди идораҳои гуногун барои ғайриқонунӣ додан, харидуфурӯши замин ва сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Аксари инҳо муҳандис – заминсозони ҷамоатҳо, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзию парандапарварӣ, раисони ҷамоатҳо ва сохторҳои Кумитаи замин будаанд.

Вуҷуди фасоди молӣ, таъсири омилҳои инсонӣ ва беназоратӣ аз сабабҳое гуфта мешаванд, ки боис ба тақсими ғайриқонунии замин ва ҳар гуна баҳсҳо шудааст. Ҳарчанд намояндагони Кумитаи замин ва ниҳодҳои дигари марбута пайваста таъкид мекунанд, ки мубориза бо хариду фурӯши заминро пурзӯр намудаанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG