Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари вазири нақлиётро аз мансаб ронданд.ВИДЕО


Ҳасан Иброҳимзода

Бародари вазири нақлиёти Тоҷикистон дар пайи шикояти чанде аз сокинони Балҷувон аз мансаб ронда шудааст. Ҳасан Иброҳимзода, бародари Азим Иброҳим, дастикам то моҳи декабри соли 2021 муовини раиси ноҳия дар масъалаи сохтмону замин буд.

Дар ҳукумати Балҷувон гуфтанд, "Иброҳимзода бо дастури президенти Тоҷикистон барканор шуд", вале сабаби дақиқи онро нагуфтанд. Ҳасан Иброҳимзода ба зангҳои пайдарпайи мо ҷавоб надод. Мавқеи ӯ рӯшан нест.

"Нисбат ба Иброҳимзода аллакай аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷораҷӯйӣ карда шуд. Аз мансаб озод карданд, ҳозир бекор аст," – гуфт раиси ноҳияи Балҷувон, Бахтиёр Сафарзода.

Дар гузашта чанде аз сокинони Балҷувон дар баҳсҳои вобаста ба замин аз Ҳасан Иброҳимзода ном гирифта буданд. Яке аз онҳо Саидмуъмин Давронов, сокини деҳаи Шифочашмаи ноҳияи Балҷувон аст, ки даъво дорад дар давраи кори Иброҳимзода ду гектар боғи бунёдкардаашро "ғайриқонунӣ гирифтанд".

"Мувофиқи ҳуҷҷатҳо, мо боғ бунёд кардем. Муовини раиси ноҳия Ҳасан Иброҳимзода фармон додааст, ки аз ҳамин ҷо ба як нафари дигар замин ҷудо карда бидиҳанд. Бе ягон асос ин корро карданд," -- гуфт ӯ.

Ҳасан Иброҳимзода дар мусоҳибаи пешинааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "заминҳои Саидмуъмин Давронов каме зиёдатӣ баромад."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Бародари вазири нақлиёти Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Раиси вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии моҳи феврали имсол мушаххас дар бораи қазияи Ҳасан Иброҳимзода нагуфт, аммо масъалаи печидаи заминро рад накард. Қурбон Ҳакимзода гуфт, "400 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бекор карда шудааст. 80 дарсади онҳо вобаста ба масъалаи замин аст."

Шикоятҳои вобаста ба тақсими замин, ки ба дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон мерасанд, дигарбора барои санҷиш ба раиси вилоят ва додситонӣ фиристода мешаванд.

Саидмуъмин Давронов мегӯяд, бо вуҷуди он ки Ҳасан Иброҳимзода барканор шуд, товони зараре, ки ба боғи ӯ расид, пардохта нашуд.

Ноҳияи Балҷувон дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир буда, баландкӯҳ ба ҳисоб меравад. Аз 31 ҳазор сокини он, қисме дар муҳоҷират буда, қисми дигар бештар ба чорводорӣ ва боғдорӣ машғуланд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG