Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як замин, ду соҳиб ва се қарор. Айби раиси ноҳия ё даъвогарон? ВИДЕО


Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду сокини як деҳа барои порчаи замин солҳост, ки баҳс доранд. Почохон Зарифзода, раиси ноҳия, барои ин замин се қарор имзо кардааст. Ду қарор ба Ёраҳмад Одинаев ва як қарор ба Зайдулло Ибодов дахл дорад. Қарорҳои зиддиҳам баҳси ду нафарро ба миён овардааст.

Зайдулло Ибодов дар деҳаи Сафедоби ҷамоати Шӯрообод зиндагӣ мекунад. Соли 2015 барои гирифтани 2,5 гектар замин ва бунёди боғи себ ба ҳукумати маҳаллӣ ариза навиштааст.

"Заминро аз ҳисоби чарогоҳ ба ман ҷудо карда доданд ва ҳуҷҷат карданд. Соли 2016 ба сокини деҳа Ёраҳмад Одинаев низ барои замин ҳуҷҷат карда додаанд", -- нақл кард ӯ.

Додситонии кулли Тоҷикистон қарори Ёраҳмад Одинаевро ғайриқонунӣ ва қарори Зайдулло Ибодовро барои соҳибӣ ба замин қонунӣ дониста. Аз қарори Додситонии кул ду сол мегузарад, аммо то ҳоло Ибодов заминро гирифта наметавонад.

Зайдулло Ибодов, сокини деҳаи Сафедоб гуфт: "То ҳозир баҳс ҷараён дорад, аммо мутахассиси замин заминро ҷудо намекунад. Чунки одамҳое ҳаст, ки дахолат мекунанд."

Тарафи дигар, ки дар даст ду қарори раиси ноҳияро дорад, худро ҳақ мешуморад, лек таъкид мекунад, ҳаргиз хостори ҷанҷол нест.

Худоёр Гадоев, раиси маҳалла ва яке аз даъвогарони замин, қарорҳои духеларо сабаби ин баҳс медонад. Аммо дар ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфтанд, ончи ки ба шаҳрвандон дода шудааст, қонунист.

Баҳси ду тарафро дар ин навори видео бинед:

Як замин -- се қарор. Айби раис ё даъвогарон?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Почохон Зарифзода, раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, шарҳ надод, ки чаро барои як замин се қарор содир кардааст, вале гуфт, талош дорад, баҳс ҳал шавад, ҳарчанд Ибодов ба шартҳои ӯ тан намедиҳад.

Раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин телефонӣ гуфт, "ман аз ин баҳс дарак дорам. Ин нафар ба тамоми сохторҳои ҷумҳурӣ навиштааст. Кумитаи заминро гап задам. Чизе, ки аз дасти мо меояд, кардем, вале ӯ ба ягон шарти мо розӣ нест."

Баҳсу кашокаш сари тақсими замин ва қарорҳои гуногун дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон рӯ мезанад. Раисҷумҳури Тоҷикистон борҳо тақсими заминро дар кишвар яке аз заминаҳои фасод номидааст.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG