Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳқонони Панҷ гуфтанд, аз онҳо "андози барзиёд меситонанд". Мақомот: "Хато шудааст"


Акс аз моҳи ноябри 2020

Деҳқонони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро шеваи ҷамъоварии андоз ё молиёт аз заминҳои кишташон нигарон кардааст.

Чанде аз онҳо бо Радиои Озодӣ дар тамос шуда, гуфтанд, қаблан ҳама намуди андозро супорида буданд, аммо мақомот ба таври илова пардохтҳоеро талаб доранд, ки, ба қавли кишоварзон, беасосанд. Намояндагони Идораи андози ноҳияи Панҷ мегӯянд, талаби онҳо тибқи нақшаи пешбинишуда ва дар доираи қонун аст.

"ҲОСИЛ НАШУД"

Мақсуд Нуруллоев, кишоварзе аз ноҳияи Панҷ, гуфт, нозирони андоз аз ӯ молиёти чаҳор тонна пахтаро мехоҳанд, ки ба бовари онҳо дар заминаш киштаву сипас коркард кардааст.

"Ба номи баъзеҳо то 10 тонна пахта навиштаанд. Сабаб пурсидем, мегӯянд, дар омор чунин навишта шудааст. Дар асл 30-40 сотих замин дорем. Бар илова имсол ҳосил ҳам нашуд. Дар қисме аз заминҳо сабзӣ корида будем", -- нақл кард ӯ.

Хоҷагии деҳқоние, ки Мақсуд Нуруллоев роҳбарӣ мекунад, ба ҳудуди заминҳои кишти ҷамоати "Озодагон"-и Панҷ дохил мешавад. Зикир Назаралиев, раиси ҷамоат, ба Радиои Озодӣ нигаронии деҳқононро аз талаби пардохти андоз тасдиқ кард, аммо ҳамзамон гуфт, "як хато шудааст, дигар ҷойи ташвиш нест". Ӯ иддао дорад, ки дар пешниҳоди омори хоҷагиҳои деҳқонӣ ба мақомоти андоз иштибоҳ шудааст.

Вале кишоварзон мегӯянд, бовар надоранд, "хато ислоҳ шудааст". Ба бовари онҳо, "чун нақшаи андоз дар ноҳияи Панҷ иҷро нашудааст, мақомот бо ҳамин роҳ мехоҳанд, аз деҳқонон пул ситонанд ва чунин ҳолат дар ҷамоатҳои дигари ноҳия низ ҷой дорад".

"АШЁИ ХОМРО МЕФУРӮШЕМ"

Раиси як хоҷагии деҳқонӣ дар ҷамоати “Намуна”-и ноҳияи Панҷ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, ҳосили пахтаро худаш коркард накардааст, аммо дар идораи андоз ба ӯ гуфтаанд, аз ҳисоби коркарди пахта бояд андоз супорад.

Ӯ гуфт: "Агар хоҷагии деҳқонӣ ашёи хомро коркард накунад, тибқи қонун фақат андози ягонаи замин ва андози иҷтимоиро месупораду бас. Агар коркард кард, он вақт аз даромадаш 5 дарсадро ҳамчун андоз медиҳад. Мо ашёи хомро мефурӯшем, вале талаб доранд, ки андози панҷдарсадиро супорем."

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, талаби пардохти андоз аз деҳқононе, ки дар асл пахта накиштаанд ва ё маҳсулоташонро худ коркард накардаанд, нақзи ҳуқуқи андозсупоранда мебошад.

РАИС: "ТАЛАБИ АНДОЗИ БАРЗИЁД БЕАСОС АСТ"

Шариф Ализода, раиси Идораи андози ноҳияи Панҷ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз шикояти пахтакорон изҳори бехабарӣ кард. Вале гуфт, аз деҳқононе, ки маҳсулоташонро корхонаҳои коркарди пахта харидаанд, набояд барои коркарди маҳсулот андоз талаб кард.

Мусоҳиби мо гуфт, "талаби андози барзиёд аз кишоварзон дар ноҳияи Панҷ асос надорад" ва деҳқонони норозӣ аз шеваи молиётситонӣ метавонанд ба додситонӣ шикоят кунанд.

Ноҳияи Панҷ дар баробари чанд шаҳру ноҳияи дигар дар рӯйхати “сиёҳ”-и Кумитаи андози Тоҷикистон ҷой гирифтааст, ки натавонистааст то ҳол нақшаи молиётро иҷро кунад.

ВАҚТЕ НАҚША ИҶРО НАМЕШАВАД...

Беш аз як сол аст, ки ваъдаи ислоҳи Кодекси андоз ва сабукӣ ба молиётдиҳандагон садо медиҳад, аммо ҳанӯз амалӣ нашудааст.

Ба қавли раиси Идораи андози ноҳияи Панҷ дар 11 моҳи имсол нақшаи андоз 90 дарсад иҷро шудааст. Қаблан Кумитаи андози Тоҷикистон дар гузориши нӯҳмоҳаи худ гуфта буд, 13 шаҳру навоҳии кишвар аз уҳдаи иҷрои нақшаи андоз набаромаданд ва бештари онҳо дар вилояти Хатлон ҳастанд.

Дар ҳисобот гуфта шудааст, дар нӯҳ моҳи соли 2020 нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ иҷро нашуда, ба ҷойи 8 миллиарду 143,3 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷа 7 миллиарду 497 миллион сомонӣ ворид гардидааст.

Дар гузашта низ шикоятҳое ҷой доштааст, ки дар поёни сол ба субъектҳои иқтисодии ноҳияҳое фишор оварда мешавад, ки дар он ҷо нақшаи андоз иҷро нагаштааст.

Шикоят аз ҷамъоварии андоз бо роҳҳои гуногун дар гузашта борҳо садо дода бошад ҳам, имсол дар шароити ҳамагирии COVID-19 нигарониҳо ва дархостҳои кам кардани андоз бештар шунида шудаанд. Ба ин ҳам андоздиҳандагон аз зиёд будани навъу ҳаҷм ва печидагиҳои қоидаи андоз ва тафтишҳои пайҳами кормандони мақомоти андоз шиква мекарданд. Беш аз як сол аст, ки ваъдаи ислоҳи Кодекси андоз ва сабукӣ ба андоздиҳандагон садо медиҳад, аммо ҳанӯз амалӣ нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG