Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"На барои нашр". Чаро як ширкат дар Тоҷикистон 14 сол боз андоз намесупорад?


Сохтмони меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ" 14 сол боз идома дорад

Ҳукумати Тоҷикистон ширкатеро, ки ба сохтмони бинои меҳмонхонаи "Исмоилӣ Сомонӣ" дар шаҳри Душанбе машғул аст, дар соли 2021 аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод кард.

Сохтмони ин меҳмонхона 14 сол боз идома дорад ва ҳукумат ҳар сол онро аз пардохти боҷу андозҳо озод мекунад, дар ҳоле ки соҳибкорон ва ширкатҳои дигар чунин имтиёз надоранд.

"ИСМОИЛИ СОМОНӢ" АЗ КИСТ?

Ширкатҳои бинокор, ки ба сохтмони ин меҳмонхона машғуланд, бино бар қонун "Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021" аз андоз озод шуданд. Матни пурраи қонун рӯзи 30-юми ноябр дар пойгоҳи ҳуқуқии Вазорати адлия дастрас шуд.

Дар моддаи 15-уми қонун гуфта шудааст, "фармоишгар ва пудратчӣ" (иҷрокунанда)-и меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ", воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, аз пардохти андоз аз арзиши изофашуда (НДС), андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард ва андоз аз фоида озод карда шавад.

Дар матни қонуни буҷа номи ҳамаи ширкатҳои паймонкор, ки аз андоз озод мешаванд, зикр шудааст ба ҷуз аз меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ". Бино бар маълумоти пойгоҳи ҳуқуқии Вазорати адлия, фармоишгари сохтмони ин меҳмонхона ширкати "Доллмарк Лтд" ва паймонкори кул "Beijing Foch Mechanical Equipment Installation Engineering Co., Ltd" номбар мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Азия-Плюс" навишта буд, ки фармоишгари сохтмони меҳмонхона Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буда, ба сохтмони он ширкати "Исмоили Сомонӣ - асри XXI" машғул аст. Ба навиштаи "Азия-Плюс", раиси ширкат Раҳматулло Саъдуллоев, додарарӯси президент ва бародари Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" аст.

МУҲЛАТИ АНҶОМИ СОХТМОНРО ЯКУНИМ СОЛ ГУФТА БУДАНД

Кандукови Радиои Озодӣ ошкор кард, ки "Доллмарк Лтд", ширкати офшорӣ буда, дар Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабт шудааст. Маъмурияти ҷазираҳои офшор номи моликони ширкатҳоро пинҳон медорад. Ин аст, ки сиёсатмадорон ва сарватмандоне, ки сармояҳояшон аз роҳҳои шубҳаовар ба даст омадааст ва мехоҳанд, дороиҳояшон аз чашми мардум ва мақомоти интизомӣ пинҳон монад, ба ин минтақаи офшор рӯй меоранд.

Бинои "Рӯдакӣ Плаза" дар Душанбе
Бинои "Рӯдакӣ Плаза" дар Душанбе

Бино бар додаҳои Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, "Доллмарк Лтд" ҳамчунон бинои "Рӯдакӣ Плаза"-ро дар ихтиёр дорад, ки дар шафати ин меҳмонхона ҷойгир шудааст. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон, ин бино ба ширкату идораҳои марбут ба Ҳасан Асадуллозода раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси президент Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад.

Ҳангоми гузоштани "хишти аввал"-и меҳмонхона дар моҳи марти соли 2006 президент Эмомалӣ Раҳмон шахсан иштирок карда буд. Харҷи сохтмони бинои меҳмонхона 30 миллион доллар ва муҳлати анҷоми сохтмон якуним сол гуфта мешуд.

Ин сохтмон инак 14 сол боз идома дорад ва ширкати фармоишгару паймонкор дар ин муддат ҳангоми ворид кардани молу маҳсулот аз хориҷа аз боҷу андоз озоданд. То ин ҳад дароз шудани сохтмон гумонҳоеро ба миён овардааст ва коршиносон аз ҷумла мепурсанд, ки чаро сохтмони ин меҳмонхона чаҳордаҳ сол боз идома дорад?

Нашр нашудани маълумоти пурра ва шаффофи кори ин ширкатҳо ин суолро низ беҷавоб мегузорад, ки дар ин муддат чӣ қадар ва кадом навъи мол бе пардохти боҷ ба кишвар ворид карда шуд ва кадом корҳои ширкат ба чӣ маблағ аз андоз озод буда, давлат аз ин ҳолат чӣ бурд ва чӣ бохт дошт.

Баъзе аз муҳосибон мегӯянд, ҳисоби андози 14-солаи давлат аз ин ширкат мушкил аст, аммо ширкатҳои миёнаи Тоҷикистон соле то як миллион сомонӣ молиёт месупоранд. Аз ин нигоҳ мешавад тахмин зад, ки кишвар ба камияш ҳудуди 14 миллион сомонӣ андозро аз даст додааст.

"КАСЕ ДАР "БОЛО" ОДАМ ДОРАД, АЗ АНДОЗ ОЗОД МЕШАВАД?"

Азиз Темуров, роҳбари "Маркази бозори озоди Тоҷикистон", як созмони таҳлилӣ, мегӯяд, озод кардан аз андоз "фишанге аст, ки барои пуштибонӣ аз корхона ва ё соҳае, ки айни замон афзалиятнок дониста мешавад, дода мешавад". Масалан, ба гуфтаи ӯ, дар мо соҳаи энерегетика чунин афзалият дорад.

"Аммо агар имтиёзҳои андозӣ ба ширкатҳое, ки ба мақомот наздик аст, дода шавад, дар ин сурат онҳо дар бозор бартарӣ пайдо мекунанд. Ин аз як ҷониб ноодилона аст, чун таносубро дар бозор вайрон мекунад. Ширкатҳои дигар маҷбур ҳастанд, андоз супоранд. Вақте ин ширкатҳо имтиёз доранд, сарбории андоз рӯйи ширкатҳои дигар зиёд мешавад", -- шарҳ дод ӯ.

Темуров афзуд, ҳукумат имтиёзи озод кардан аз андозҳоро бояд аҳёнан рӯйи даст бигирад, аз он суистифода накунад ва муҳимтар аз он ҷараёни интихоби ширкатҳое, ки аз андоз озоданд, бояд шаффоф ва бе коррупсия сурат бигирад. "Дар ғайри сурат, имтиёзҳои андозӣ туҳфа барои онҳое хоҳад шуд, ки дар "болоҳо" одам доранд", -- хулоса кард Темуров.

"БАЪЗЕ АЗ ИМТИЁЗҲО АҲАМИЯТИ ИҶТИМОӢ ДОРАНД"

Дар зимн, меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ" танҳо тарҳе нест, ки аз пардохти боҷу андоз дар соли 2021 озод шудааст. Дар қонуни буҷа 15 ширкату идораҳои давлатӣ ва хусусӣ, аз ҷумла кишварҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон бинову иншооти иҷтимоиро бунёд мекунанд, аз андозу боҷи гумрук озод шудаанд.

Аюб Эгамов, иқтисоддони тоҷик, ки бо феҳристи тарҳу ширкатҳои аз андоз озодшуда ошно шуд, гуфт, воқеан баъзе аз имтиёзҳо аҳамияти иҷтимоӣ доранд ва барои беҳбуди некӯаҳволии мардум равона шудаанд.

Барои мисол, мувофиқи буҷаи 2021 мизони андоз аз арзиши иловашуда барои воридкунандагони гандум аз 18 то 10 дарсад поин оварда шудааст, ба истиснои ширкатҳое, ки гандумро барои истеҳсоли машрубот ворид мекунанд. Ҳадаф аз ин имтиёз, ба гуфтаи масъулони давлат, арзон кардани нархи орд ба сокинони кишвар аст.

БӮСТОНСАРО ДАР ҚАРОРГОҲИ ҲУКУМАТ АЗ НДС ОЗОД АСТ

Аммо Эгамов мегӯяд, дар феҳристи ширкатҳои имтиёзгирифта иншооте низ ворид шудаанд, ки ба бовари ӯ "ҳеч аҳмияти иҷтимоӣ надоранд".

"Дар банди 14 омадааст, ки сохтмони 10 бӯстонсаро дар қароргоҳи ҳукумат аз боҷу НДС (андоз аз арзиши иловашуда) озод шавад. Ин тамоман аз мантиқ дур аст. Чунки ин як иншооти фароғатӣ аст ва сохтмони бӯстонсаро ба рушди иқтисоди кишвар ва беҳ шудани некӯаҳволии мардум ягон иртибот надорад", -- иброз дошт ӯ.

Бино ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, мувофиқи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” воридоти маҳсулоти зерин ва ширкату идораҳо аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз озод шудаанд:
  • Воридоти нерӯи барқ ва гази табиӣ;
  • Воридоти техника ва нақлиёти махсус барои парки автомобили мусофирбарии шаҳри Душанбе;
  • Корхонаи воҳиди давлатӣ "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе";
  • Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Маркази барқу гармидиҳӣ"-и шаҳри Душанбе;
  • Меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ", воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе;
  • Сохтмони 11 мактаб аз сӯи ширкатҳои чинии ТВЕА ва Синоҳайдро, Русия ва Туркманистон;
  • Сохтмони як маҷмааи тандурустӣ бо пули Узбекистон;
  • Сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар фосилаи муайяншудаи роҳи
  • Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ бо пули хайрияи Покистон;
  • Воридоти 7 ҳазору 200 тонна ангишт барои ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • Сохтмони Театри миллии Тоҷикистон;
  • Федератсияи футболи Тоҷикистон ва клубҳои футбол;
  • Воридоти молу масолеҳи сохтмонӣ ва дастгоҳу таҷҳизот барои бунёди гармхонаҳои замонавӣ;
  • Воридоти тухмии зироатҳои кишоварзии дараҷаи суперэлита, элита ва репродуксияи якум, тухмии хушсифати кирмак барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда, чорвои зотӣ ва гўштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво;
  • Воридоти молу масолеҳи сохтмонӣ бо мақсади бунёди 10 қароргоҳ барои қабули меҳмонони сатҳи олӣ дар шафати бӯстонсарои ҳукуматӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе;
  • Воридоти бланкаҳои шиноснома аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон;
  • Воридоти қисмҳои эҳтиётӣ, барои истеҳсоли таҷҳизот ва мошинолоти кишоварзӣ аз ҷониби ширкати "Агротехсервис"-и Ҳисор.

Як банди охирини имтиёзҳо бо ишораи "на барои нашр" пинҳон карда шудааст.

Шарҳҳоро бинед (23)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG