Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат боз "Шоҳамбарӣ" ва "Зумрад"-ро аз андозу боҷ озод кард


Осоишгоҳи "Зумрад". Соли 2017. Акс аз сомонаи расмии президенти Тоҷикистон
Осоишгоҳи "Зумрад". Соли 2017. Акс аз сомонаи расмии президенти Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор воридоти маҳсулоти сохтмониро ба осоишгоҳҳои "Зумрад" дар Исфара ва "Шоҳамбарӣ" дар Ҳисор аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз озод кард.

OCCRP (Organized Crime and Corruption Reporting Project) ё Барномаи Гузоришгарӣ дар бораи Ҷароими Созмонёфта ва Фасод моҳи декабри соли 2019 гузориш дод, ки осоишгоҳҳои "Зумрад" ва "Шоҳамбарӣ" ба ширкатҳои хонаводаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ доранд.

Акс аз OCCRP
Акс аз OCCRP

Қабл аз ин, моҳи июли соли 2019, ҳукумат бо судури айни чунин қарор маводи сохтмонӣ барои Осоишгоҳи "Зумрад" ва ду ширкати дигарро аз пардохти андозу боҷи гумрукӣ озод карда буд.

Маълум нест, дар натиҷаи ин қарорҳо буҷаи Тоҷикистон чӣ қадар маблағро аз даст медиҳад. Аммо мувофиқи қарори рақами 81-и ҳукумати Тоҷикистон, ки 8-уми феврал имзо шуда, рӯзи 24-уми феврал дастраси Радиои Озодӣ гардид, моликони осоишгоҳҳои “Зумурад” ва ”Шоҳамбарӣ” 88 номгӯй масолеҳи сохтмониро метавонанд бе пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз ба кишвар ворид кунанд.

Дар рӯйхате, ки ба қарори ҳукумати замима шудааст, аз рахти хобу курсиву ҷевон то пардаву унитаз ва дастаи дару ҷумаки об навишта шудааст.

Осоишгоҳи "Шоҳамбарӣ". Акс аз OCCRP
Осоишгоҳи "Шоҳамбарӣ". Акс аз OCCRP

Ба гузориши OCCRP, осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” моҳи июни соли 2016 ба маблағи 395 ҳазор доллар ба ширкати “Рӯҳафзо-2015” фурӯхта шудааст.

Яке аз моликони ширкати “Рӯҳафзо-2015” Зайнулло Соҳибов, бародари домоди раисҷумҳури Тоҷикистон аст.

Зайнулло Шарифзода (Соҳибов), бародари Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 14-уми феврал раиси Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумат таъин шуд. То ин дам ӯ раиси корхонаи "Сементи Тоҷик" буд.

Муассиси дигари "Рӯҳафзо-2015" ширкати “Самоҳ” аст, ки соҳибаш маълум нест. Вале ин ширкат соли 2016 ҳамроҳи Соҳибов ширкати дигареро бо номи “Фараҳноз-1” таъсис додаанд.

Осоишгоҳи “Зумрад” соли 2015 ба қимати 950 ҳазор доллар ва 600 гектар замини атрофи он ба қимати 91 ҳазор доллар ба ширкати “Сомон Суғд” фурӯхта шудааст.

"Моликони ин ширкат ду домоди президенти Тоҷикистон ва раиси он бародари онҳо Нарзулло Соҳибов аст", -- менависад OCCRP.

Тибқи гузоришҳои ин созмон, бо такя ба гуфтаи коргарони маҳаллӣ, Маҳмадзоир Соҳибов, ки бо духтари бузурги раиси ҷумҳур издивоҷ кардааст, пайваста аз осоишгоҳҳои “Зумрад” ва “Шоҳамбарӣ” хабар мегирад ва бо корҳои сохтмонӣ ошно мешавад.

Осоишгоҳи "Зумрад". Соли 2017
Осоишгоҳи "Зумрад". Соли 2017

Аксҳое, ки торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон нашр карда буд, нишон медиҳанд, Маҳмадзоир Соҳибов шахсан хусурашро дар осоишгоҳи “Зумрад” ҳамроҳӣ дорад.

Тоҷикистон ҳар сол ба як зумра ширкату идораҳо барои воридоти молу маҳсулот ва хариди хадамот аз хориҷа имтиёзҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод мекунад.

Дар Вазорати молияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки мувофиқи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” воридоти маҳсулоти зерин ва ширкату идораҳо аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз озод шудаанд:

  • Воридоти қувваи барқ ва гази табиӣ;
  • Воридоти техника ва нақлиёти махсус барои парки автомобили мусофирбарии шаҳри Душанбе;
  • Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»;
  • Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ» -и шаҳри Душанбе;
  • Меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе;
  • Сохтмони 12 мактаб барои 6 ҳазору 50 ҷои нишаст ва маҷмаии тандурустӣ;
  • Сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар фосилаи муайяншудаи роҳи
  • автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ;
  • Воридоти 7 ҳазору 200 тонна ангишт барои ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон;
  • Сохтмони Театри миллии Тоҷикистон;
  • Федератсияи футболи Тоҷикистон ва клубҳои футбол;
  • Воридоти чорвои зотӣ, инчунин хӯроки чорво;
  • Сохтмон ва барқарорсозии роҳи оҳани Ёвон-Вахш
  • Воридоти бланкаҳои шиноснома аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG