Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканорӣ ва мансаби нави Зайнулло Шарифзода (Соҳибов)


Зайнулло Шарифзода (Соҳибов)
Зайнулло Шарифзода (Соҳибов)

Зайнулло Шарифзода (Соҳибов), бародари Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, раиси Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумат таъин шуд. Қарор дар ин бора рӯзи 14-уми феврал содир гардид.

Зайнулло Шарифзода аз моҳи декабри соли 2013 то ин дам ба ҳайси раиси корхонаи "Сементи Тоҷик" кор мекард. Айни замон номзад аз Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ба мақоми вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе аст.

Ӯ 37 сол дорад ва шуъбаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтарро хатм кардааст. Пештар дар вазифаи ноиби мудири кулли "Тоҷикхимпром"-и ноҳияи Ёвон ва мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Мухолифон ҳузури зиёди хешутабори раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар мақомҳои давлатӣ танқид мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар мансабгирии наздикони президент робитаи хешутаборӣ нақши муҳим дорад, чизе, ки мақомот ҳамеша рад кардаанд.

Ҳоли ҳозир Рустами Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистон, дар мансаби раиси шаҳри Душанбе ва духтараш Озода Раҳмон дар мақоми раиси Дастгоҳи иҷроияи президент, ҳастанд.

Домодаш Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали раиси Бонки Миллӣ ва додарарӯсаш Ҳасан Асадуллозода раиси "Ориёнбонк" мебошанд.

Зарина Раҳмон, яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси “Ориёнбонк” ​ва духтари дигараш Рухшона Раҳмонова муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аст.

Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳур, муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аст. Дар феҳрасти ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқии Кумитаи андоз номи ӯ ба ҳайси муассиси Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Фароз" сабт шудааст.

Бег Сабур, қудои президент, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ба ин тараф ҷилави қудратро дар Тоҷикистон дар даст дорад. Мухолифон ва созмону кишварҳои ғарбӣ ӯро барои саркӯби дигарандешон ва маҳдудиятҳои озодии баёну эътиқод танқид мекунанд. Ҷонибдоронаш хатми ҷанги дохилӣ, сохтмони роҳҳо ва нирӯгоҳҳоро аз комёбиҳои раиси ҷумҳур медонанд.

XS
SM
MD
LG