Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарёфти санади манзил дар Тоҷикистон осон мешавад?


Ҳамакнун барои сабти расмии сарпаноҳ дар Тоҷикистон танҳо доштани як санад кофӣ хоҳад кард. Дар иҷлосияи рӯзи 18-уми октябр вакилони тоҷик аз тарҳе ҷонибдорӣ карданд, ки қарор аст ташвиш ва давутози сокинонро барои ба даст овардани ҳуҷҷатҳои манзил осонтар кунад.

Вакилон аз тарҳи тағйирот ба қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” ҷонибдорӣ карданд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, ҳангоми баррасии ин тарҳ дар порлумон гуфт, заминфурӯшӣ ва тақсими одилонаи замин аз мушкилоти умдаи мардуми Тоҷикистон боқӣ мемонад.

"Як дарди бедаво"

Шукурҷон Зуҳуров
Шукурҷон Зуҳуров

Ӯ бо ёдоварӣ аз суханони охири раиси ҷумҳур гуфт, мушкили заминфурӯшӣ дар Тоҷикистон “ба як дарди бедаво” табдил ёфтааст. Шукурҷон Зуҳуров аз ҷумла, гуфт, "вакилон умедворанд, бо кам шудани ҳуҷҷатҳо дар моликият ба манзил мушкилот дар ин соҳа то ҳадде ҳалли худро меёбанд." Муаллифони ин пешниҳод умедворанд, чунин тағйирот дар қонун метавонад дар амри ҷилавгирӣ аз фасод ҳам мусоидат кунад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони мақомоти сабти давлатии замин, манзил ва ҳама гуна амволи ғайриманқул мегӯянд, баробари ба иҷро даромадани тағйироти нав дар қонун, ташвишҳои сокинон дар таҳияи санадҳои замин ва макони зист кам мешавад. Раҳмон Умариён, роҳбари корхонаи “Ба қайдгирии молу мулки ғайриманқул” ва ё МБТИ рӯзи 20-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати имзо шудани ин қонун аз сӯи президент барои сокинон хеле осонӣ хоҳад овард.

Мақомот: Барои сокинон осон хоҳад шуд

Раҳмон Умариён
Раҳмон Умариён

Ӯ гуфт, “то ба ҳол шаҳрвандон барои соҳибии хона ва замини он ду ҳуҷҷат мегиранд. Якум, сертификат оид ба ҳуқуқи истифодаи замин ва дувум барои моликият ба манзил. Тибқи тарҳи нави қонун, ба ҷои ин ду ҳуҷҷат танҳо як ҳуҷҷат -- “Шаҳодатнома дар мавриди ба қайдгирии давлатӣ” дода мешавад, ки барои мардум хеле сабук ва осонтар хоҳад шуд”.

Корафтодаҳо мегӯянд, бо вуҷуди қонунӣ будани ҳамаи моликият гирифтани ҳамин ду санад мушкилу олуда ба бюрократия ва фасод аст. Умариён гуфт, бар пояи қонуни нав, идораҳои ин ниҳод дар ҷамоатҳо ҳамакнун ҳақ пайдо мекунанд, барои замин ва манзили сокинон ҳуҷҷати ягона бидиҳанд.

Сеяки даъвои сокинон дар робита ба замин аст

Зимнан, раванди тақсими замин барои бунёди манзил ва таҳияи ҳуҷҷатҳои замин аз арсаҳои олуда бо фасод боқӣ мемонад. Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон қариб ҳар моҳ аз боздошти ин ё он масъул барои заминфурӯшӣ ё таҳияи санадҳои замину хона бар ивази ришват хабар медиҳад. Як пажӯҳиши Бунёди Авроосиё дар Осиёи Миёна собит кардааст, ки сеяки даъвоҳои сокинон дар додгоҳҳои Тоҷикистон дар робита ба замин ва манзили истиқоматӣ аст.

Собирҷон Нуров, як сокини маҳаллаи навбунёд дар ноҳияи Варзоб, ки ҳамагӣ дар чандкилометрии пойтахт ҷойгир аст, мегӯяд, дар замине, ки барои истифодаи он сертификат дорад, хона бунёд кард, аммо бо вуҷуди давутози зиёд барои манзили бунёдкардааш, аз мақомот санад дарёфт карда наметавонад. Ӯ гуфт, "мақомот чанд дафъа ба маҳаллаи мо омада тафтиш карданд ва хонаҳои мисли мо, ки ҳанӯз ҳуҷҷатҳояшон ба пуррагӣ дуруст нест, ҷарима бастанд". Нуров мегӯяд, бояд мақомот ба ҷои ҷарима ва танбеҳи сокинон, дар таҳияи ҳуҷҷатҳои манзили ашхосе ба мисли ӯ ёрӣ кунанд.

Тағйирот - талаби Бонки Ҷаҳонӣ

Зимнан, тағйироти охир дар қонуни сабти манзил дар Тоҷикистон бо тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ сурат мегирад. Бино ба ислоҳоте, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар назар дорад, дар Тоҷикистон бояд равзанаи ягонаи сабти амволи соҳибмулкон бояд ба кор дарояд.

Ҳамчунон дар ҷумҳурӣ феҳристи ягонаи моликони манзил ва амвол дар шакли электронӣ таҳия ва дар вебсайти махсус ҷой дода шавад. Ҳанӯз маъулм нест, ки ин феҳрасти электронӣ кай дар вебсайт пайдо мешавад, аммо дар сурати ба кор даромадани чунин феҳраст, ҳуввияти моликони ҳар як манзил ва ҳар амволи ғайриманқул дастраси умум хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG