Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин гуноҳи мардум нест". Баҳси фурӯши замин дар Кумитаи замин


Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон

Дар як соли охир вобаста ба тақсиму фурӯши замин дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор мавриди қонуншиканиро сабт кардаанд.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми феврал дар суҳбат бо хабарнигорон мавридҳои фурӯши заминро тасдиқ кард ва онро "ҳақиқати талх" номид, вале гуфт, барои аз байн бурданаш назоратро ҷиддӣ кардаанд.

Баҳси фурӯши замин ва тақсими ноодилонаи он дар Тоҷикистон солҳо боз идома дорад. Масъулон мардумро ба ғасби замин ва бунёди хонаҳои, ба қавли онҳо, ғайриқонунӣ муттаҳам мекунанд. Сокинон мегӯянд, барои сохтани хона аз мақомот ҳуҷҷат доранд, вале мепурсанд, чаро манзили онҳоро вайрон мекунанду намояндагони мақомотро ба ҷавобгарӣ намекашанд?

Айни чунин суолро хабарнигорон ба Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезии Тоҷикистон, доданд ва ӯ дар ҷавоб гуфт:

"Воқеан, чунин ҳолат ҳаст. Ин ҳақиқати талх аст ва дар ин ҷо мардум гунаҳкор нест. Бояд мардумро азоб надиҳем. Вақте мардум ё соҳибкоре барои гирифтани замин ариза менависанд, фиреб накунем. Кормандони идораи замин ва дигарон бояд ҷиддӣ кор кунанд, ҳуҷҷатгузорӣ шаффоф сурат гирад."

Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ ду ҳафта пеш мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чандин хонаи навсохтро дар маҳаллаи Ҳуснобод (қаблан дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ буд, ҳоло қаламрави Душанбе ҳисоб мешавад) пурра вайрон карданд. Онҳо гуфтанд, сокинон бе иҷоза дар ҷойи шинондани арчаҳо хона сохтанд.

Ҳабибулло Хоҷаев, сокини маҳаллаи Ҳуснобод, ду ҳафта пеш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз соли 2003 як порча замин гирифта, хона сохт ва ҳоло дар даст се санад – шиносномаи техникии хона, акси кайҳонӣ ва қарор барои ҷудо шудани заминро дорад, вале мақомот онҳоро эътироф намекунанд.

Се рӯз пеш, додситони кул, Юсуф Раҳмон, хабар дод, ки соли гузашта барои фурӯши замин ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ нисбат ба 296 мансабдор парванда кушоданд. Вай гуфт, дар миёни онҳо 27 корманди Кумитаи идораи замин низ ҳастанд.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин, бо тасдиқи даст задани ҳамкоронаш ба чунин амал гуфт, "бояд ин гуна кормандонро аз сафи мақомот тоза кунем", вале нагуфт чӣ гуна.

Ӯ афзуд, солҳои охир тақсими ғайриқонунии замин дар ноҳияи Рӯдакӣ афзудааст ва шахсан раиси ҷумҳур ӯро муваззаф кардааст, ки мушкилро ҳал кунад.

Ноҳияи Рӯдакӣ, ки шаҳри Душанберо аз се тараф печондааст, борҳо вобаста ба масъалаи тақсими ғайриқонунӣ ва фурӯши замин дар сархати расонаҳо ҷой гирифтааст. Дар ин маврид Радиои Озодӣ таҳқиқоти журналистӣ анҷом дод ва пас аз чанд рӯзи нашри он раиси ноҳияро аз мансаб гирифтанд.

"Бо масъулони тамоми ҷамоатҳои ноҳия вохӯрдам. Барои пешгирӣ аз талаву тороҷи замин, тасмим гирифтам, ҳар ҳафта як бор ба поям мӯза пӯшида, дар як ҷамоат пурра гардам. Худам назорат мекунам. Коре кунем, ки ҳамин қонуншиканӣ аз байн бардошта шавад", -- гуфт Ориф Хоҷазода.

Раиси Кумитаи замин афзуд, талош мекунанд, аз ин ба баъд пеши роҳи бунёди хонаҳоро дар заминҳои, ба қавли ӯ, ғайриқонунӣ бигиранд. Ва афзуд, манзилҳое, ки дар гузашта ғайриқонунӣ сохта шудаанд, дар назар аст, имсол афв гарданд.

Ҳамагӣ 7 дарсади қаламрави Тоҷикистонро водиҳо ташкил дода, боқимонда аз кӯҳсор иборат аст ва, бино бар ин, мавзӯи тақсими ноодилонаи порчаҳои замин солҳо боз доғ мемонад. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 дар як суханрониаш гуфта буд, “заминфурӯшӣ ба як дарди бедаво табдил ёфтааст” ва ҳарчанд ҳар дафъа ба ислоҳи вазъ таъкид мекунад, зоҳиран ҳанӯз давоеро дар ин маврид наёфтаанд.

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG