Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам Акрамзода аз мансаби раиси ноҳияи Рӯдакӣ барканор шуд. САДО


Рустам Акрамзода

Рустам Акрамзода аз мансаби раиси ноҳияи Рӯдакӣ барканор шуда, ба ҷойи ӯ Азизулло Исматзода таъин гардид. Дар фармони раиси ҷумҳур аз 24-уми ноябр гуфта шудааст, ки Акрамзодаро бо сабаби "ба вазифаи дигар гузаштан" аз мансаб гирифтанд, аммо худи ӯ дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "ба ҳеч вазифаи дигар таъин накарданд".

Барканории Акрамзода пас аз панҷ рӯзи нашри таҳқиқоти Радиои Озодӣ дар бораи тақсими нодурусти замин дар ноҳияи Рӯдакӣ иттифоқ уфтод. Рустам Акрамзода рӯзи сешанбе бо киноя гуфт, "раҳмат, раҳмат, мақолаҳоятон бисёр мақолаҳои хуб. Мақолаҳои сархӯр. Саломат бошед. Миннатдор барои кори кардаатон."

Садоро дар инҷо бишнавед:

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ пас аз барканорияш чӣ гуфт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00
Линки мустақим

Ноҳияи Рӯдакӣ, ки шаҳри Душанберо аз се самт печондааст, дар панҷ соли охир бо хабарҳои тақсими ғайриқонунӣ ва фурӯши замин "шӯҳрат" ёфтааст.

Инро бори аввал соли 2017 президенти Тоҷикистон эътироф кард ва бо дастури ӯ он вақт дар ин ҷо ситоди муштараки Додситонии кул ва Кумитаи замин таъсис дода шуд, то аз фасод дар тақсими замин пешгирӣ шавад. Як сол баъдаш, Раҳмон ҳангоми ба мақоми раиси ноҳия таъйин кардани Рустам Акрамзода, аз ӯ хост, ба ин "дард" даво ёбад.

Дар мақолаи панҷ рӯз пеш гап дар бораи хонум Ф.Д. мерафт, ки дар зарфи дуюним моҳ дар ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби замин шудааст, дар ҳоле ки садҳо нафари дигар солҳо боз дар навбат ҳастанд.

Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, Ф.Д. ҳамсари яке аз наздикони раиси ноҳияи Рӯдакӣ аст ва маҳз барои ҳамин хеле зуд ва бо нақзи муқаррарот соҳиби замин гашт.

Рустам Акрамзода робитаи хешутаборияшро бо Ф.Д. рад карда, дар шарҳи масъала ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "аз ҳолатҳое, ки дар мактуб омадааст, дар ҳайрат мондааст". Ва афзуд, "баъзан чизҳое мешавад, ки мо умуман бехабар мемонем".

Рустам Акрамзода 51-сола аст ва дар гузашта дар мансабҳои муовини раиси ноҳияи Бохтар (ҳоло Кушониён) ва Ҷалолуддини Балхӣ кор кардааст. Аз соли 2017 то 2018 ноиби аввали раиси ноҳияи Рӯдакӣ низ буд.

Рӯзи сешанбе раисони панҷ шаҳру ноҳияи дигари Тоҷикистон -- Хоруғу Исфара, Конибодому Шаҳринав ва Муъминободро низ иваз карданд. Тағйироте, ки мухолифон ҳамвора танқид мекунанд ва онро бештар ҷойивазкунии кадрҳои кӯҳна меноманд.

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG